Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ зодаи даврони Истиқлол буда, баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, дар фазои ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихиву сиёсӣ таъсис дода шуд. Бояд қайд кард, ки дар шароите бунёд гардид, ки тақдири кишвар дар дасти гурӯҳҳои мухолифин уфтода буд ва кишвар ба пошхӯриву нобудшавӣ қарор дошт. Ҳарчанд баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ роҳбари онвақтаи ҷумҳурӣ  дар бобати созмон додани Қувваҳои Мусаллаҳ ҳарчанд кӯшиш карда бошад ҳам, вале бо сабабҳои объективию субъективӣ  амалӣ нагардид. Зеро ноором бадани вазъи сиёсӣ намегузошт, ки бунёди Артиши миллӣ амалӣ гардад.

Бояд қайд намоям, ки аввалин қадами гузошташуда дар созмон додани Артиши миллӣ фармони Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 1991 “Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ” буд. Баъд аз ин созмон додани дигар мақомоти мудофиавии кишвар шуруъ гардид. Дар ин росто 4-уми январи соли 1992 фармон “Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 10-июни соли 1992 фармон “Дар бораи таъсис додани Горди халқӣ” ва 17-уми сентябри соли 1992 фармон дар бораи “Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расонида шуд.

Тазаккур бояд дод, ки сутуни давлатдории миллӣ, заминаи иқтидори пойдории ҳар давлату миллат, пеш аз ҳама, ба фаъолияти Артиши миллӣ, Вазорату идораҳои муҳофизатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастагии зиёд дорад. Ҳарчанд қабул гардидани фармонҳо оид ба созмон додани ин мақомоту вазоратҳо ба табъ расида бошад ҳам, вале вобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва тунд гардидани оғози Истиқлоли давлатӣ шароит ва имконияти таъсиси Артиши миллӣ муясар нагардид. Бинобар ин, танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон додани Артиши миллӣ ба таври густурда ва амалан сурат гирифт.

Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоии кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ба назар мерасид. Сарфи назар аз ин мушкилоти ҷойдошта, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бояд қайд кард, ки созмон додани Қувваҳои Мусаллаҳ кори саҳл набуда, он давра ба давра вусъат ёфтааст.

Бояд тазаккур дод, ки 18-декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон», инчунин, қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии марказонидашуда ва сафарбар кардани неруҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид. Бояд гуфт, ки роҳбарии он ба зимаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вогузошта шуд. Бинобар ин, ба тавсиб расидани ин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллӣ фароҳам овард.

Дар марҳалае, ки неруҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳхои муташаккили ҷиноӣ аз рӯйи шумораи умумӣ аз неруҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро ба амал барорад.

Имрӯз мо бо як ифтихор ва сарбаландӣ гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳанӯз дар лаҳзаҳои авали таъсисёбиааш дар масири ҳифзи дастовардҳои Истиқлол, мубориза ба гурӯҳҳои хиёнаткор, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, дар мубориза ба муқобили дастаҳои муссалаҳи ҷинояткор  ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, имрӯз тавонист ба як неруи қудратманди ҳарбӣ табдил ёбад.

Дар ин робита ба вуҷуд овардани сохторҳои таркибӣ аз лиҳози моддӣ-техникӣ ва ҳам пурра кардан бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ то ба имрӯз давом дорад, зеро Ҳукумати мамлакат аз аввали таъсисёбии Артиши миллӣ бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъияти кишвар ба ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ ва таъмини онҳо бо иншоот, техника ва лавозимоти ҳарбӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, афзалият додани қобилияти ҷангиву омодагии ҳарбии сохторҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, сарфи назар аз мураккаб гардидани фазои иқтисодию сиёсии ҷаҳон  пайваста кӯшиши ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиву техникии ин сохторро таъмин намуда истодааст.

Боиси хушнудист, ки  имрӯз он мушкилоту норасоие, ки дар солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ вуҷуд дошт, аз ҷумла норасоии афсарон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ ба назар намерасад. Бо шарофати иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон неруву тавоноии бузургро касб намуда, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба касбу кор, садоқат ба савганд вазифаи авалиндараҷаи хеш қарор дода, ҳимояи Ватан ва ҳифзи зиндагии осоиштаи ҷомеаро анҷом медиҳанд.

Мо бо як боварии том гуфта метавонем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ савганди ботантана дар назди Президенти кишвар ёдкардаи хешро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва ҳамеша азиз мешуморанд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд ва шарафу номуси миллати куҳанбунёду фарҳангсози тоҷикро ҷавонмардона пос медоранд. Зеро Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус ва ватандӯсту миллатпарвар азиз ва муқаддас аст.

Гузаштагони бузурги мо тавонистаанд бо қалами худ ватандӯстию ватанхоҳиро бо як ҳисси миллӣ таҷассум намоянд. Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфи умри худро то дами марг барои Ватан дареғ надошт, чуноне ки гуфтааст:

Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.

Ҳадаф аз эҷоди чунин мисраъҳо дар он аст, ки ҳисси ватандӯстии ҷавонон бедор гардад.  Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки ҷавонон ва насли ояндаро дар руҳияи ҷавонмардию далерӣ ватандӯстию ватанхоҳӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найрангҳои  душманони давлату миллат муҳофизат намоем.

 

Ҷамшед Салихов,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед