Боиси шукргузории зиёд аст, ки имрӯз дар саросари кишварамон сулҳу субот тантана дораду мардум дар фазои оромию осоиштагӣ осудаҳолона кору зиндагӣ менамоянд. Симои шаҳру деҳотамон аз баракати сулҳу субот, сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол ба таври шинохтанашаванда дигаргун ва ободтару зеботар мегардад.
Агар саҳифаҳои начандон дури таърихи кишварамонро варақгардон намоем, хоҳем дид, ки 31 сол муқаддам дар кишварамон нооромӣ ҳукмфармо буду мавҷудияти халқу миллатамон зери бори суол қарор дошт. Он рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, агарчи аксари мардум аз нарасидани озуқа сахт танқисӣ мекашиданд, вале аз хурд то бузург орзуи оромиву осоиштагӣ дар дил доштанд. Агарчи қатъи ҷангу хунрезӣ ва таъмини осоиштагӣ орзуи ҳарлаҳзаинаашон буд, аммо касе ба ин рӯзи хушу пурсаодат расиданро бовар надошт.
Яке аз вазифаҳои муҳимтарини солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таъмини амният ва манфиатҳои давлату миллат ба шумор мерафт, ки ба он танҳо бо таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ муваффақ шудан имкон дошту халос. Ин худ воқеияти таърихист, ки бе қувваҳои Мусаллаҳ – таъминкунандаи амнияти кишвар ва оромию осоиштагии мардум ҳеҷ давлату миллате вуҷуд дошта наметавонад.
Аз ин хотир, роҳбарияти давлат таҳти роҳбарии Сардори давлат, собиқ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ноил шудан ба ин мақсад тадбирҳои зарурӣ андешида, бар яке аз рукнҳои давлатсозии хеш ноил гардиданд.
Дар таърихи 23-юми феврали соли 1993 Артиши миллӣ бе заминаи дурусти моддиву техникӣ таъсис ёфта, аввалин паради ҳарбии Артиши миллии Тоҷикистон дар санаи зикршуда дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт баргузор гардид.
Зимни гузаштани паради ҳарбӣ аз чеҳраи хушнуди ҳар сарбози аввалини Артиши миллӣ ин маъниро хондан мумкин буд, ки кишварашон акнун соҳиби артиши мустақил асту манфиатҳои миллату давлатамон бекаму кост ҳифзу ҳимоя карда мешаванд.
Руҳияи баланди ҳар як нафар сарбоз, ки сидқан ба он шомил шудаву ҳифзи тамомияти Ватан ва манфиатҳои давлату миллатро қарзи фарзандии худ қарор дода, ҳамчунин дар ин роҳ ҷоннисорӣ намуданро барояшон шарафу ифтихор дониста буданд, ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон иқтидору тавоноӣ мебахшид.
Қобили зикр аст, ки фарзанди фарзонаи миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 дар интихоботи Президеннти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст оварда, таҳким бахшидани базаи модддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ таъйин намуд.
Дар тӯли 31 соли сипаришуда баҳри сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шароитҳои беҳтарини хизмат фароҳам оварда шуда, сарбозон дар баробари адои хизмати ҳарбӣ дар ин мактаби мардонагиву ҷасорат, дар толору майдончаҳои бо тамоми лавозимоти варзишӣ муҷаҳҳаз тамрин намуда, вазъи саломатии худро беҳтар намудаву ҳушёриву чусту чолокӣ меомӯзанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ то имрӯз барои дар рӯҳияи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти Ватан, ҷасорату мардонагӣ, садоқати бепоён ва фидокорӣ тарбия ёфтани ҳар як хизматчии ҳарбӣ хизматҳои шоиста намудааст.
Боиси сипосу шукргузории ҳамешагии мост, ки хизматчиёни ҳарбӣ корнамоии қаҳрамонони гузаштаи халқамонро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ намуда, дар ҳифзи амнияти халқу Ватан мардонагию шуҷоат ва фидокориҳои бемисл нишон додаанд.
Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ, ки бо кӯшишу талошҳои душманони дохилию берунии кишвару миллатамон рӯй дод, сабақи талхи он солиёни зиёд фаромӯш намешавад. Бо вуҷуди он ки ин ҷанг барои мо талафоти бисёр овард, сабақи он мардуми моро сарҷамъ сохта, ҳушдор дод, ки мо бояд дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиамонро аз даст надиҳем, фирефтаи дасисаю иғвои душманони халқу миллатамон нашуда, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро пос дошта, ба қадри истиқлолияти Ватанамон бирасем.
Агарчи аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва баимзорасии Созишноми истиқрори сулҳи тоҷикон соли равон 26 сол сипарӣ мешавад, ҳанӯз ҳам рақибони сиёсии кишвару миллатамон барои дубора барангехтани оташи ҷанг ва халалдор кардани осудагию сулҳу суботи халқу кишварамон талош доранд. Бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки боз ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардумамон таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси кишвар, инро набояд фаромӯш кунанд ва зираку ҳушёр бошанд.
Мавриди ёдоварист, ки баъди дар кишвари Афғонистон ба сари қудрат омадани “Толибон” вазъи сиёсии кишварҳои ҳамсояро зери бори ташвиш гузошт, зеро толибон яке аз гурӯҳҳои пурхатартарини экстремистиву террористӣ маҳсуб меёбад. Инак, беш аз якуним сол аст, ки мардуми Афғонистон аз ҷабру зулми “Толибон” озодиву ихтиёри худро аз даст додаанд. Чандин талаботи асримиёнагии режими толибон мардуми кишварро нигарон кардааст. Занони ин кишвар ҳуқуқ ба таҳсилу корро аз даст додаанду бар асари мухолифатҳои ҳамарӯза рӯзгори мардум рӯз аз бадтар мешавад. Мардум аз душвории зиндагӣ, бекорӣ ва танқисии маводи хурокворӣ ҳатто фарзандони хурдсоли худро мефурӯшанд.
Ҷониби Тоҷикистон аз оғоз то инҷониб ҳукумати “Толибон”-ро, ки бо роҳи ғасб кардани кишвар ба сари ҳокимият омадаанд, эътироф накардааст. Мавҷудияти вазъияти ноороми кишвари ҳамсоя моро ҳамеша водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амнияти кишварамон аз роҳу воситаҳои мухталиф истифода намоем.
Бо дарназардошти вазъи мавҷуда Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи давлатии амнияти миллиии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифҳуқуқи кишвар ҷиҳати ҳимояи устувори сарҳади давлатӣ ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ пайваста чораҷӯйӣ карда, назоратро дар ин самт боз ҳам ҷоннок номояд.
Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро ки ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи субботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ аз ҳама вазифаҳои муҳимдараҷа ба шумор рафта, он ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи ҳуқуқ вогузор шудааст.
Бояд хотирнишон сохт, ки тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз омода кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ ва тарбияи руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад.
Хизматчиёни ҳарбӣ ҳам дар мавриди худ бо масъулияти баланди ватандории худ дарк менамоянд, ки бояд ҳамеша зиракии сиёсии худро нигоҳ доранд, донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, баҳри рафъи ҳолатҳои фавқулоддаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.
Имрӯз месазад, ки мо аз саҳми бузург ва шоистаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон дар ҳифзи давлату миллат ва истиқлолиятамон бо ифтихор ҳарф бизанем. Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ин эътибор ва шаъну шарафро ба осонӣ ба даст наовардаанд. Хизмати содиқонаи ҳазорон сарбозони шуҷоъ ва корнамоиҳои вантандӯстонаи онҳо буд, ки Артиши миллӣ ба комёбиҳои бузург ва шаъну эътибори бепоён ноил гардид.
Ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро қарзи виҷдон ва шаъну шарафи ҷавонмардони ватандӯст аст. Сарбозони ихтиёрӣ бо ин амали хуб собит менамоянд, ки падару модар ва ватани ҷоноҷонашонро сидқан дӯст медоранду дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат намуда, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва падару модар адо менамоянд.
Ҳар як ҷавонписар бояд фаромӯш накунад, ки ихтиёрӣ ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ беҳтарин сифати ҷавонмардӣ ба шумор меравад. Ин гуна ҷавонмардон муҳофизони ҳақиқии ватан, фарзандони шоистаи халку миллатанд, ки ҳифзи Ватанро бо амри дил интихоб намудаанд.
Шоистаи таҳсин ва қобили зикр аст, ки айни ҳол дар нуқтаҳои муҳимми муҳофизатӣ, хосса дар сарҳади давлатамон ба хотири ҳифзи кишвар аз ҳамлаҳои душманон ҷавонони ғаюри миллатамон шабҳои зиёди бедорхобиро паси сар намуда, фароғату осоиш ва амнияти моро ҳифз менамоянд. Аз ин рӯ, ҷавонмардони дигарро низ мебояд, ки бо нидои дил ба ҳифзу ҳимояи халқу Ватан омода бошанду дар лаҳзаҳои зарурӣ дар ин роҳ ҷоннисорӣ намуданро шаъну шараф ва қарзи виҷдонии худ донанд.
Ҳар касе, ки дар Артиши миллӣ хизмати ҳарбиро ба ҷо меоварад, чусту чолокӣ, ҷасорат, шуҷоат, далерӣ, мардонагӣ омӯхта, дигар хислатҳои наҷибро дар худ парвариш медиҳад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: «Ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар нишонаи бузурги ватандӯстӣ, азму ирода ва ҷасорату далерии ҷавонмардони мо буда, ин сифатҳо зимни хизмати ҳарбӣ боз ҳам ташаккул меёбад».
Айни замон имконияту шароитҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтару хубтар гардида, дар қисму воҳидҳои он ҳазорон нафар ҷавонони шуҷоъу далери кишварамон хизмати ҳарбиро сарбаландона ба ҷо оварда истода, садоқати худро ба Ватан ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд.
Имрӯзҳо аз баракати сулҳу субот ва сиёсати оқилонаву хирадмандона ва бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи рӯзгори мардумамон ба маротиб беҳтару хубтар гардидааст. Ҳамчунин, бо василаи бунёди иншооти таъйиноти гуногун симои шаҳру деҳотамон рӯз аз рӯз ободу зебо ва дар қиёс бо 31 соли қаблӣ тамоман шинохтанашванда гардидааст.
Меҳмонони дуру наздики кишварамон, ки 31 сол муқаддам дар ватанамон меҳмон шуда буданд, дар ташрифи дубораи худ аз дигаргуниҳои бавуқуъпайваста хеле мутаассир гардидаанд. Онҳо хуб дарк мекунанд, ки кишвари биҳиштосои Тоҷикистон, алалхусус пойтахти он–зебошаҳри Душанбе, аз самараи сулҳи Пешвои миллати тоҷикон, сиёсати бунёдкоронаву созандаи ӯ ва меҳнати босуботу ҷаҳду талоши халқи заҳматқаринаш чӣ гуна ободу шукуфо гардидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки ба ифтихори 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи бузурги корҳои ободониву созандагӣ тарҳрезӣ ва ба амал татбиқ гардонида шуд, ки зимни он дар кишварамон беш аз 25 ҳазор иншооти таъйиноти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар миёни онҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, бинохои муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ-хизматрасонӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзишӣ ва амсоли инҳо буданд. Ҳамин гуна нақшаи бузурги корҳои ободониву созандандагӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад. Итминони комил дорем, ки амалишаваии чунин нақшаҳои ободонӣ ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишварамон мусоидати комил менамояд.
Мардуми соҳибфарҳангамон сухани пурҳикмате доранд: «Мушкиле нест, ки осон нашавад». Ҳамаи мушкилот бо василаи муттаҳидӣ, ҷаҳду талошҳои пайваста осон ва баратарф карда мешавад.
Далели равшани ин гуфтаҳо он аст, ки 31 сол муқаддам кишварамон дар миёни алангаи оташ қарор дошту касе аз ободию осоиштагӣ ва ояндаи дурахшони он бовар надошт. Боиси шукргузории зиёд аст, ки имрӯз дар саросари кишвар фазои оромию сулҳу суббот тантана дораду ҳамарӯза ба сӯи ободию шукуфоӣ қадамҳои устувортар гузошта мешавад.
Насли калонсоли ҷомеа хуб медонанд, ки ин комёбӣ ва дастовардҳои бузурги халқу миллат ва давлатамон осон ба даст наомадаанд. Дар роҳи пуршебу фарози расидан ба сулҳу субботу осоиштагӣ халқи моро қурбониҳои зиёд пеш омад. Барои ба ин рӯзи пурсаодат ва хушию хуррамӣ расидан саҳми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят бузург аст.
Мирзо Ашӯров,
коршиноси масоили сиёсии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон