Рӯзи 3 феврали соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Марказ Хайриддин Усмонзода бо мудири иҷроияи Бунёди муколамаи Пердана (Perdane Dialogue Foundation)-и Малазия Муҳаммад Рафӣ Юсуф баргузор гардид. Инчунин, дар мулоқот муовини директори Марказ Муҳаммадзода Парвиз ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулзода Аминҷон намояндагони Бунёди муколамаи Пердана мушовири махсуси собиқ Сарвазири Малазия Қамарул Наим ва корманди аршади Бунёд Нур Сулаймон иштирок намуданд.
Хайриддин Усмонзода дар оғози мулоқот меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ маълумоти мухтасар ироа намуд. Таъкид гардид, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти Марказ ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳо миёни марказҳои зеҳнӣ баргузор намудани семинару мизҳои гирд ва конференсияҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун ҳамчун таҷрибаи амалӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Сониян, мудири иҷроияи Бунёди муколамаи Пердана Муҳаммад Рафӣ Юсуф аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, дар навбати худ иброз дошт, ки кишвари Малазия, махсусан Бунёди муколамаи Пердана ҳавасманди рушди ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аст.
Дар вохӯрӣ масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ, баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ, симпозиуму конфронсҳо миёни Маркази тадақиқоти стратегӣ ва Бунёди муколамаи Пердана мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон