Раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоли худро аз таъсири тазодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар кунем.
Эмомалӣ Раҳмон
Воқеан ҳам Истиқлол арзишмандтарин неъмати бебаҳо барои ҳар як давлату миллат ба ҳисоб рафта, омили асосии рушду инкишоф ва заминасозии ҳузур дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолии худ тавонист, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии хеш дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоистае касб намояд. Имрӯз маҳз баракати истиқлол аст, ки миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносанд ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хос аст.
Бояд қайд кард, ки дар замони муосир яке аз омилҳои асосие, ки метавонад ба амнияти миллии давлатҳои соҳибистиқлол таъсири ҷиддӣ расонад, раванди ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбад. Таҳлил нишон медиҳад, ки ҷаҳонишавӣ тамоюли асосии рушди ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Дар баробари фароҳам овардани имкониятҳо барои суръат бахшидани рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳои соҳибистиқлол, раванди мазкур инчунин таҳдиду хатарҳои навро ба вуҷуд меорад.
Шароити нави ҷаҳонишавӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки таҳдидҳо барои ноором сохтани авзои сиёсии кишвар ва халалдор намудани Истиқлоли давлатӣ ҳанӯз ҳам арзи вуҷуд доранд. Дар чунин шароит ҳар як кишварро зарур аст, ки барои таъмини амнияти миллии хеш ва ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Бояд қайд намуд, ки мафҳуми ҷаҳонишавӣ солҳои охир дар муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи махсусро ишғол намуда, аз ҷониби коршиносону таҳлилгарони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла коршиносони муносибатҳои байналмилалӣ ба таври васеъ истифода мешавад. Чуноне ки Пешвои миллат дар Паёми шодбошии хеш ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намуданд: “Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси замони муосир ва равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ масъалаҳои ҳифзи истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, муқаддасоту арзишҳо, суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ барои мо аҳаммияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд”.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди худогоҳи кишварро зарур аст, ки дар чунин шароити босуръати ҷаҳонишавӣ, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош варзида, сулҳу оромӣ, Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшида, ҷойгоҳ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Мавриди тазаккур аст, ки ҷаҳони имрӯз дар пешорӯйи як қатор мушкилоти глобалӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо масъулияти тамоми кишварҳои ҷаҳон аст. Дар меҳвари асосии он инсоният меистад, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои зерин, ба монанди сулҳу субот ва оромии аҳолии кураи Замин, пешгирии ифротгароиву терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва ғизои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро тақозо менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин равандҳои мусбату манфие, ки дар шароити нави ҷаҳоншавӣ ба вуҷуд омадааст, дар канор буда наметавонад ва ин равандҳо ба иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии мамлакат таъсири бевоситаи худро мегузорад. Дарси ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор ва афзалиятҳои давлатдории навини миллӣ, бо таваҷҷуҳ аз таҷлили ҷашнҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат боиси омӯзишу қадршиносии ҳар як фарди бонангу номуси миллати тоҷик буда, сархати роҳи устувори ояндабинӣ ва арзишҳои неки давлатдории миллиамонро муайяну бозкушоӣ намуд.
Бузургдошти шахсиятҳои содиқи таърихиву сиёсӣ ва илмию адабӣ, инчунин гиромӣ доштани анъана ва дастовардҳои таърихии кишвар ки арзиши бузург доранд, имкон медиҳад, то бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон решаҳои худро аз гузаштаҳои худ дарёфт карда, пайванди азалӣ доштани хешро ба онҳо эҳсос намуда, устувор гардонанд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бедор кардани ҳувияти миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва гиромӣ доштани сулҳу субот ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ, басо рамзӣ буда, он метавонад дар рушд ва побарҷо мондани истиқлолияти давлатӣ заминагузор бошад.
Ҳамин тариқ, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати сартосарӣ имрӯз Тоҷикистон ободу пешрафта гардидааст. Самараи неки Истиқлол аст, ки Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷиҳати ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пойдору бегазанд мондани он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ тамоми неруи худро равона созем.
Маҳмадсаидзода Абубакр,
муовини сардори Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон