Истилоҳи “Сада” дар забони авастоӣ ба маънои «баромадан ва тулуъ кардан»-ро ифода мекунад. Ин истилоҳ дар забонҳои эронии бостон ба маънои «sadok» ва дар форсии миёна ба тарзи «sadag» истифода мешудааст. Ҷашни Сада яке аз маросими маъруфи мардуми тоҷику форс аст, ки дар оғози шомгоҳи 10-и баҳман (30 январ) баргузор мегардад. Ин рӯзро Обонрӯз низ меноманд.
Бояд тазаккур дод, ки дар бораи пайдоиши ҷашни Сада андешаҳои гуногун вуҷуд доранд. Баъзе донишмандон бар он назаранд, ки ҷашни Сада аз замони ориёӣ пайдо гардидааст ва бархеи дигар пайдоиши ҷашни Садаро пеш аз даврони ориёиҳо мепиндоранд. Вале ба ҳар сурат, пайдоиши ҷашни Сада аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз замони қавму миллатҳои пеш аз худ мерос гирифтаанд ва насли баъдин онро то замони мо оварда расонидаанд. Маврид ба зикр аст, ки дар зери мафҳуми “Сада” нахуст моҳияти мафҳумҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадоме аз инҳо ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Аз ин рӯ, ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зиндагӣ мекунанд, умр ба сар мебаранд ва ҳаракат мекунад. Дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст:
“Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ, бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст”.
Ёдовар бояд шуд, ки маълумот дар бораи пайдоиши ҷашни Сада дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ хеле муфассал ва возеҳ оварда шудааст, ки маълумот нисбати дигар ҷашнҳо Навруз ва Меҳргон бисёртар мебошад. Агар дар хусуси пайдоиши он ду ҷашни бузург – Навруз ва Меҳргон шоир ба даҳ то чордаҳ байт интишор карда бошад, вале дар бобати зуҳур ва оғози ҷашни Сада миқдори абёт хеле зиёд ба назар мерасад. Қайд кардан бамаврид аст, ки вобаста ба ин боби махсусе дар “Шоҳнома” низ вуҷуд дорад. Ба мисли:
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ,
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизе дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун…
ё ин:
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз
Падид омад оташ аз он санг боз.
Ҳамчунин:
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр,
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.
Тавре ки шоири тавоно ва барҷаста Абуқосими Фирдавсӣ дар ин мисраъҳои шеърӣ баён кардааст, Ҳушанг шоҳи Пешдодиён бо ҳамроҳонаш ба шикоргоҳе гузар мекунад, ки ногаҳон чашмаш ба мори сиёҳе меафтад ва сангеро бардошта ба болои он ҳавола медиҳад, ки ин санг ба санги дигар бархӯрда, дар ин вақт аз зарбаи ду санг оташ ба вуҷуд меояд. Аз ҳамон вақт онро ҷилои хуршедӣ ном гузошта ва пайдоиши оташро ба Ҳушанг асос гузоштанд. Бинобар ин, муҳимтарин дастовардҳо ва ихтироъоти Ҳушанг дар “Шоҳнома” оварда шудааст. Аз қабили:
- кашфи оташ;
- ҷудо кардани оҳан (филизот) аз санг;
- киштукор ва истеҳсоли маводи кашоварзӣ, ки то ин замон хӯроки мардум танҳо аз меваҷоти худрӯй буд;
- коркарди либосҳо аз пӯсти ҷонварон, ки то ин замон либосҳояшон барги дарахтон будааст.
Дар маҷмуъ, мебинем, ки он чи барои рушду пешрафти се соҳаи фаъолияти асосии иқтисодии ҷомеаи инсонӣ, ки ҳанӯз ин ҷойгоҳро ҳифз кардаанд, яъне саноат, кашоварзӣ ва чорводорӣ дар замони Ҳушанг ва ба ибтикори ин шоҳи бузург заминаи аслӣ бунёд гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегиранд.
Дар ин робита қайд кардан ҷоиз аст, ки ҷашни Сада ба оини меҳргароӣ дуруст меояд, ки аз оини зардуштӣ 3000-то 5000 сол пеш вуҷуд дошт. Дар оини зардуштӣ афзалияти аҳамияти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд.
Бояд гуфт, ки Сада то асри XII бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз, ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.
Бинобар ин, Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёгони мо ҷо гирифта, баҳри эҳё кардани ин ҷашни таърихӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Ҷашни Сада ин ягона иди милливу суннатӣ дар бахши кишоварзӣ ва киштукор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад. Чунки ин ҷашнҳои суннативу миллӣ аз ибтидои пайдоишашон хусусияти ғояҳои сиёсиву идеологӣ дошта, замону давраҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии ниёгонамонро дар давоми сол ифода мекарданд. Дар баробари ин, пайваста бо ҷашнҳои суннативу миллӣ дар ҳаёти мардуми ҷомеа омилҳои ахлоқӣ ва худшиносиву ҳувияти миллӣ бармало танинандоз мегардид. Ин ҷашнҳои суннатӣ мардумро ба покиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, порсоӣ, фарҳангдӯстӣ, дӯстиву рафоқат ва иттиҳодӣ даъват намуда, рӯшноиро дар муқобили зулмот мегузоштанд.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афаридуну Ҷамшед ёдгор аст.
Ҷашни Сада ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, ҷашни миллӣ буда, анъана ва оину суннатҳои ниёгонро дар худ нигоҳ дошта, то ба замони мо мустақилияти худро ҳифз намудааст. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон, дар шаби Сада гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ, омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.
Аз ин рӯ, ҷашни Сада, пеш аз ҳама, иди кишоварзону деҳқонон буда, онҳо аз ҳар рӯзу соати мусоид истифода бурда, то фарорасии мавсими кишту кор ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза менамоянд, боғу токзорҳоро яхоб мемонанд, техникаи кишоварзиро барои баҳор омода месозанд. Ин корҳо бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон, афзун гаштани неъматҳои моддӣ ва серию пурӣ анҷом дода мешавад. Дар натиҷаи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар солҳои охир майдони кишт, боғу токзор зиёд шуда, истеҳсоли маҳсулот рӯ ба афзоиш ёфтааст. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 зикр гардидааст “Солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд”.
Ҷамшед Салихов,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон