Имруз директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон дар ҳошияи сафар ба Қазоқистон бо директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазокистон Тукумов Еркин Валитханович вохурӣ намуд.

Дар оғози мулоқот Тукумов Еркин Валитханович директори Марказро хайрамақдам гуфта, ҳамкорӣ ва тавсеаи робитаҳои илмӣ бо Маркази тадқиқоти стратегиро арзишманд арзёбӣ намуд. Усмонзода Хайриддин вобоста ба мавқегирии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд. Ҷонибҳо дар идомаи суханронии худ доир ба самтҳои сиёсати хориҷӣ ва амният, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохтор, фарҳанг ва гуманитарӣ, ҳифзи муҳити зист инчунин роҳҳои асосии тарақиёти инсоният дар давраи миёнамуҳлатро муҳокима намуданд.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон

.

Чоп кунед