ДУШАНБЕ, 14.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ватандӯстӣ падидаи сиёсию иҷтимоист, вобаста ба моҳияти равандҳои муҳими ҷаҳонӣ онро бояд бо мазмунҳои нав ғанӣ гардонида, ба шароити имрӯза мутобиқ намуд. Дар ин раванд фарҳанги сиёсии шаҳрвандон низ бояд мутобиқ бо мазмуну муҳтавои тарбияи ватандӯстӣ куллан тағйир дода шавад. Муҳим аст, ки урфу одат, расму оин ва тафаккури замони гузаштаро, ки монеи рушду такомули шахс ва ҷомеа мегарданд, бо тафаккури ҷавобгӯйи талаботи рӯз иваз намоем. Чунин нигоштааст дар мақолаи худ сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ, ки ба АМИТ «Ховар» расид.

Дар раванди давлатсозии миллӣ шаклҳои гуногуни тарбия, бахусус тарбияи ватандӯстӣ, масъалаи ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Дар таърих ватандӯстӣ ба сифати падидаи иҷтимоӣ барои таъсиррасони ба шуури сиёсии шаҳрвандон ба кор бурда мешуд.

Азбаски ҷаҳони мутаммадин дар таҳаввулоти ҳамешагӣ қарор дорад, дар мафкураи шаҳрвандон ҷой карда тавонистани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ барои амалӣ намудани барномаву стратегияҳои давлатӣ аз фоида холӣ нест. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) доир ба ватандӯстӣ сухан ронда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он–сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем».

Имрӯзҳо вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ба таври бесобиқа мураккаб боқӣ мемонад. Дар ин вазъи тезутанд бархӯрди тамаддуну фарҳангҳо, тарғиби арзишҳои бегона, талабот ба тарбияи ватандӯстӣ дучанду сечанд меафзояд. Бо фаҳми бисёр жарфи вазъият ва дарки масъулият Пешвои миллат дар оғози Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чунин қайд намуданд: «… солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад».

Ватандӯстӣ падидаи сиёсию иҷтимоист, вобаста ба матни равандҳои муҳими ҷаҳонӣ онро бо мазмунҳои нав ғанӣ гардонида, ба мазмуни замон мутобиқ бояд намуд. Дар ин раванд фарҳанги сиёсии шаҳрвандон низ бояд мутобиқ бо мазмуну муҳтавои тарбияи ватандӯстӣ куллан тағйир дода шавад. Муҳим аст, ки урфу одат, расму оин ва тафаккури замони гузаштаро, ки монеи рушду такомули шахс ва ҷомеа мегарданд, бо тафаккури ҷавобгӯйи талаботи рӯз иваз намоем. Таъкид мекунем, ин кори саҳлу осон нест, аммо агар ба давлати соҳибистиқлоламон умри бардавом бахшиданӣ бошем, ҷуз ин раҳ роҳи дигаре нест!

Раванди тарбияи ватандӯстӣ ба ҳамаи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад. Бинобар ташаккули мафкураи ватандӯстонаи шаҳрвандон, ки дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ авлавияти бебаҳс дорад, вазифаи ҷонию имонии ҳар як шаҳрванд, омӯзгорон, зиёиён, ниҳодҳои давлатию ҷомеаи шаҳрванди ба шумор меравад. Ҳисси ватандории инсон азалию абадист. Ватандорӣ эътиқод ва эътимод ба ҳама муқаддасоту арзишҳои миллӣ, муҳаббат ба Тоҷикистони азиз, эҳтирому бузургдошти фарҳангу тамаддуни милат аст.

Арзиши мафҳуми ватандӯстӣ барои тоҷикон эҳсоси ирсӣ, меросӣ, таҷрибавӣ ва ҳам таърихист. Ватани дониш китоб аст, бахусус ватани арзишҳои ватандӯстию инсонпарварӣ. Ватандӯстӣ таҷрибаи зиндагии наслҳову миллатҳост, ки дар ёди таърихӣ, китобнавиштаҳо ва дар эҷодиёти шифоҳии халқ барои ояндагон ба мерос мегузарад. Ин мерос гаронбаҳост, зеро воситаи ҳифзи ватану истиқлолияти он аст. Ин таҷрибаи зиндагӣ аз фард ба фарзандон аз фарзандон ба авлод, аз авлод ба наслҳо ва аз наслҳо ба миллат ба мерос мегузарад ва он яке аз арзишҳои миллист.

Ватан ошён аст, аммо инсон парандае нест, ки ошёнаашро вобаста ба вазъи гармию сардии ҳаво иваз кунад. Ватан об асту инсон моҳӣ, чун аз об берунаш орӣ, бимирад. Ватан сарзамини тақдиршуда аст.

Чунин иттифоқ меафтад, ки ба қадри Ватан дар ғарибӣ, ба қадри падару модар баъди маргашон, ба қадри дӯстон ҳангоми тангдастӣ мерасем. Ҳол он ки доир ба қадри чизею касе расидан, эҳтиром ба ҷо овардан миллати мо мероси ғанӣ дорад. Ҳаққо, ки аз ақл ба зиндагӣ сипар бояд кард. Халқ беҳуда намегӯяд, ки сарҳад оғози хоки ватану оғози номуси миллат аст. Ҳар ҷавонмарде, ки дар роҳи ҳифзи ватан корнамоие, қаҳрамоние мекунад, бояд донад, ки ӯ, пеш аз ҳама, модари худ, хоҳари худ, падару бародари худро муҳофизат менамояд.

Ватандӯстӣ мисли дигар равандҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва арзиши тафаккурӣ асоси ҳуқуқӣ ва сарчашмаҳои худро дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо «Дар бораи маориф», «Дар бораи маълумоти олӣ ва баъди мактаби олӣ», «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи собиқадорон», «Дар бораи рӯзҳои шаъну шарафи ҳарбӣ (рӯзҳои ғалаба)-и Тоҷикистон» «Дар бораи абадӣ гардонидани Ғалабаи халқи Шуравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24.12.2022 дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сарчашмаҳои ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ ба шумор мераванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24.12.2022 аз 5 боб ва 21 модда иборат аст. Қонуни мазкур ҳадаф, усулҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Боби якуми ин қонун «Муқаррароти умумӣ» ном дошта, моддаи якуми он мафҳумҳои Ватан, ватандӯстӣ, субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, дастгирии давлатии субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тарбияи ватандӯстӣ, тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ, ҳисси шаҳрвандиро дар бар мегирад.

Боби дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фарогири моддаҳои 3–10 буда мавзуъҳои мақсад ва вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 3), усулҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 4), субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ (моддаи 5), салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 6), ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 7), ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 8), ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 9), танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ (моддаи 10) шарҳу тавзеҳ додааст.

Боби сеюми Қонуни ватандӯстӣ аз ҳафт модда (моддаҳои 12-18) иборат буда масъалаҳои таъмини иттилоотӣ-таҳлилии низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 12), таъмини илмӣ ва таълимию методии тарбияи ватандӯстӣ (моддаи 13), таъмини меъёрии ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 14), таъмини ташкилию методии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 15), таъмини идоракунии низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон (моддаи 16), омода намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои низоми тарбияи ватандӯстӣ (моддаи 17), таъмини молиявӣ-иқтисодии тарбияи ватандӯстиро (моддаи 18) тафсир менамояд.

Ватандӯстӣ эътиқод аст ва касеро маҷбуран ватандӯст кардан имкон надорад, вале арзишҳои ватандӯстиро дар тафаккури шаҳрвандон ҷой намудан ва ин арзишҳоро ба эътиқоди онҳо табдил додан имконпазир аст. Ин раванди мушкил ва ҳамешагист. Яъне, ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ машғул бояд шуд. Дар ин масири мушкилу абадӣ давлате, миллате муваффақ мешавад, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангии худро ба ин ҷода сафарбарӣ намояд.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
сардори Раёсати таъминоти иттилоотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

khovar.tj

Чоп кунед