ДУШАНБЕ, 04.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони пасипардагии терроризм мехоҳанд харитаи иқтисодию сиёсии ҷаҳонро ба манфиатҳои худ мувофиқ созанд ва махфӣ нест, ки террористон барои амалӣ гардондани хостаҳои пуштибонони худ бо нишондоди онҳо амал менамоянд. Мақсади асосии онҳо сарнагун кардани сохти конститутсионии давлатҳои алоҳида ва ба ҷойи онҳо ҷорӣ намудани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпешаю ба идеологияи экстремистӣ асосёфта мебошад. Чунин изҳор намудааст зимни як нигориши худ Сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ дар робита ба хатару таҳдидҳои ҷомеаи муосир, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солона таъкид доштанд.

— Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 хатару таҳдидҳои муосирро таҳлил карда, аз ҷумла чунин таъкид намуданд: «…солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.

Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид».

Дар заминаи ин таъкиди Сарвари давлат ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватан аз худ нақше бар ҷой гузорад.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.

Вобаста ба ин зарурат Пешвои миллат дар Паёмашон чунин иброз намуданд: «Аз ин лиҳоз мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад…».

Ин нукта, ки  дар Паёми  Президенти  Ҷумҳурии   Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод, бори дигар шаҳрвандони ҷумҳуриро ба ҳифзи манофеи давлату миллат дар замони пурошӯби муосир даъват менамояд. Зеро дар асри технологияи иттилоотӣ амалан ҳамаи созмонҳои террористӣ дар воситаҳои ахбори омма – шабакаҳои иҷтимоӣ аз сабаби осон дастрас буданашон фаъолият намуда, кӯшиш менамоянд, ки ақлу ҳуши шаҳрвандони давлатҳои дигарро мутеи худ созанд. Агар соли 1998 сохторҳои террористӣ дар шабакаҳои нав ташаккулёфтаи интернет ҳамагӣ 12 сомона, соли 2005 4800 сомона доштанд, ҳоло шумораи сомонаҳои интернетии гурӯҳҳои террористӣ ба 10000 расидааст.

Ҳоло терроризми байналмилалӣ бо шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ мақсадҳои худро пардапӯш намуда, ба мушкили умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки ислом ба терроризм ва ҳаракатҳои экстремистӣ ҳеҷ умумият надошта, баръакс, таълимоташ бар зидди ин зуҳуроти хатарнок нигаронида шудааст. Иллат танҳо дар он аст, ки қувваҳои махсус барои амалӣ намудани манфиатҳои худ аз дини мубини Ислом суиистифода мекунанд.

Таҷрибаи ҷаҳонии мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ собит намуд, ки ягон кишвари бузург ҳам ба танҳоӣ амнияти дохилӣ ва хориҷии худро таъмин карда наметавонад ва имкони дастёбӣ ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ надорад. Ҳатто Иттиҳоди Аврупо, ки 30 кишвари аврупоиро дар худ муттаҳид кардааст, бо ин зуҳурот дастбагиребон аст ва дар муқовимат ба терроризм ниёз ба ҳамоҳангӣ бо дигар қудратҳои ҷаҳонро дорад. Ин дар ҳолест, ки чор давлати узви Иттиҳод аз ҷумлаи ҳашт кишвари саноатии ҷаҳон буда, ду узви он дорои силоҳҳои ҳастаӣ ва аъзои доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд. Бо назардошти ин ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо ИМА ва Россия дар мубориза ба муқобили қочоқи маводи мухаддир, қочоқи инсон, аслиҳаву яроқи ҳастаӣ, терроризми байналмилалӣ, низоъҳои минтақавӣ ва амнияти ҷаҳонӣ аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст.

Агар таърихи терроризмро варақгардон кунем, хоҳем дид, ки  «Бригадаҳои сурх» дар Италия, «Артиши сурхи Ҷопон», «Ҷунбиши баскҳо» дар Испания, гурӯҳи Квебек барои ҷудоӣ аз Канада, «Созмони томилӣ» дар Ҳиндустон, «Насрониён» дар Нигерия, «Роҳзанони баҳрӣ» дар Сомали, гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар Кашмир, ки ба меҳмонхонаи «Тоҷмаҳал» дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон  ҳамла оварданд, ҳамагӣ гурӯҳу ташкилоти террористианд. Ё қазияи Ҳолокост (солҳои 1933 — 1945, яъне дар давраи давлати Германияи фашистӣ), ки боиси марги қариб шаш миллион яҳудӣ ва панҷ миллион лаҳистонӣ гардид, ҳаргиз аз ёди ҷаҳониён зудуда намегардад. Ин ҷиноятро ном терроризм аст.

Агар ба Паёми ба Маҷлиси Олии кишвар ироашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назари таҳқиқ нигарем, ба хубӣ дарк хоҳем кард, ки дар он паҳлуҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, вазъият ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ,  сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму фарҳанг, таъмини амният ва бисёр дигар масъалаҳои рӯзмарра таҳлили амиқи худро ёфтаанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили ҳаматарафаи сиёсати хориҷии мамлакат, тавозуни геополитикии ҷаҳон, низоми арзишҳою ормонҳоро фарогир аст. Зимни он нигоҳи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба рӯйдодҳои байналмилалӣ, мавқеи ҷумҳурӣ нисбат ба онҳо, муносибат ба созмонҳою кишварҳо муайян мегардад ва ин гувоҳи санади дорои аҳамияти дипломатӣ будани Паём мебошад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олӣ дар шароити бисёр мураккаби байналмилалӣ ва минтақавӣ ироа гардид.

Давлатҳои абарқудрат аз имконияти иқтисодию молиявӣ ва ҳарбии худ истифода намуда, ба раванди тақсимоти нави ҷаҳон шурӯъ намудаанд. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон — Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Осиё нуқтаҳои нооромию бесуботӣ ба вуҷуд омадаанд, ки натиҷаи сиёсати манфиатмеҳвари абарқудратҳоянд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вижагиҳои дигар низ дорад. Он қабули 1 консепсия, 1 стратегия,  беш аз 5 барномаи давлатӣ ва 18 супоришро пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла:

1) Консепсияи мудофиаи миллӣ;

2) Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ;

3) Барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо;

4) Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои давраи миёнамуҳлат;

5) Барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ;

7) Барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон.

8) Супоришҳо.

Сарвари давлат зимни ироаи Паём ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш доданд, ки ҷиҳати аз оғози соли 2023 дар шаҳри Душанбе марҳила ба марҳила сохта, ба истифода додани 4 корхонаи саноатӣ ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани металлҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ба Ҳукумати мамлакат оид ба барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга аз конҳои муайяншудаи сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металҳо супориш дода шуд.

Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати таҳияи Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ супориш дода шуд.

Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати дар се соли минбаъда  бунёд кардану ба кор андохтани маҷмааҳои коркарди ниҳоии нахи пахта дар 5 шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб супориш дода шуд.

Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифизи иҷтимоии аҳолӣ барои таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш супориш дода шуд.

Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Агентии содирот якҷоя бо Саридораи геология баҳри истихроҷ намудан ва то маҳсулоти ниҳоии сохтмон коркард кардани сангҳои ороишӣ  ва содироти он ба хориҷи кишвар супориш дода шуд.

Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ, инчунин чораҷӯӣ барои гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ супориш дода шуд.

Ба Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ҷамъияти саҳомии «Ширкати тақсимоти барқ» ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқ ва насби беш аз 800 ҳазор ҳисобкунаки барқӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат супориш дода шуд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об якҷоя бо ширкату корхонаҳои соҳа барои таъсиси низоми ягона ва мутамаркази билингӣ, насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ ва ба ин васила то охири соли 2025 то сатҳи 9 фоиз паст намудани талафот ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда вазифадор гардиданд.

Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Академияи миллии илмҳо бо таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородиро ҳаматарафа омӯхта, бояд ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои тавсеаи имконияти транзитии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таъмин намудани рақобатнокии онҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми «Фазои кушод» чораҷӯӣ намоянд.

Хадамоти алоқа вазифадор гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» – ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намояд.

Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ,  Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академия илмҳои кишоварзӣ лоиҳаи барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро барои давраи миёнамуҳлат таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод  намоянд

Саридораи геология ва Академияи илмҳои кишоварзӣ захираҳои мавҷудаи канданиҳои фоиданокро ҳамаҷониба таҳлил карда, доир ба имконияти азхудкунии онҳо барои истеҳсоли нуриҳои маъданӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур созанд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷоя бо мақомоти   иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

– Кумитаи рушди сайёҳиро зарур аст, ки корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва касбомӯзии калонсолон оид ба гузаронидани ислоҳот дар низоми идоракунии ин муассисаҳо хулосаҳои худро дар муддати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

– Ба Прократураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода шуд, ки масъалаи таъсиси Маркази ягонаи итилоотиро омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Фаро расидани соли нави рушди мамлакат фақат табдили одии тақвим нест. Балки бо фаро расидани он ҷаҳон ранги дигар ва мазмуну мундариҷаи нав касб мекунад. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар маҷрои пурталотум ва ҳар дам тағйирёбандаи сиёсати ҷаҳонӣ роҳу равиши худро ёбад, дар ҳолати бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таъсири рӯзафзуни тамаддунҳои гуногун ба якдигар мавқеи худро муайян кунад, то ҳамқадами давр бошему дар айни замон симо, ҳувият ва асолати миллии худро нигоҳ дорем.

Албата, ҳар қадами навбатӣ ва ҳар дастоварди тоза ба осонӣ муяссар намегардад. Мо ҳар хишти иморати мӯҳташами истиқлолиятро бо заҳматҳои гарон болои ҳам мечинем. Ва ин амри табиист, зеро бинои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар дунёи пурҳаводиси ҳазорсолаи сеюм бояд тарҳу симои хоссаи худро соҳиб гардида, таърихи гузаштаву тақдири ояндаи миллатро фаро гирад.

khovar.tj

Чоп кунед