Яке аз аломатҳои муҳимми низоми давлатдории муосири мо ироа шудани Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз нуктаи назари давлатдорӣ Паёмҳои солонаи роҳбари давлат барои низоми сиёсӣ ва идории давлат аҳаммияти хоссаи рамзӣ ва амалӣ дорад. Паём барои доираҳои васеи   сиёсию иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ ироа гардида, паҳлуҳои гуногун ва нуктаҳои муҳимми он мавриди таҳлилу тафсир қарор мегиранд.

Мо талош намудем, ки дар ин мақола яке аз нуктаҳои муҳимми Паём оид ба масъалаҳои вазъи ҷаҳонӣ, таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, пешгирии вабои аср ва мубориза бо падидаҳои номатлуби ифротгароию терроризм ва дигар таҳдидҳои фаромиллиро таҳлил ва баррасӣ  намоем.

Солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодӣ, равандҳои геополитикии  ҷаҳон ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқуъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.

Айни замон ҳаёти инсоният дар давраи ниҳоят ҳассоси пайваста тағйирёбанда ва душвортарини таърихӣ қарор дорад. Чунин раванд боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои нави бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмуъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ нисбати самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ таъкид ва вазифагузорӣ кардаанд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад гузошт.”

Агар ба таҳлили раванди ҷаҳонишавии ҳодисаҳои рухдода дар ҳаёти сиёсии як давраи кӯтоҳи таърих назар афканда, баҳогузорӣ намоем, ба мо маълум мегардад, ки баъзе кишварҳои абарқудрат бо саҳмгузорию таъмини лавозимоти ҳарбӣ гурӯҳҳои ифротгарои диниро ба он қодир гардонидаанд, ки дар пояҳои таблиғи равияҳои динии нав, тафаккури фикрӣ ва эътимодии мардуми баъзе кишварҳоро тағйир диҳанд, дар пояҳои эътимоди онҳоро ба гурӯҳу равияҳо ҷудо намуда, вазъеро роҳандозӣ намуданд, ки инсонҳо душмани ҳамдигар гардиданд.

Дар баъзе кишварҳо ҳокимияти давлатӣ бо дахолати баъзан бозингарони ҷаҳонӣ сарнагун гардида, шаҳрҳо валангор, захираҳои дохилию берунӣ тороҷ шуда, миллионҳо мардуми осоиштаи муқими куштаю захмӣ, бехонаю манзил монда ба дигар кишварҳои ҷаҳон ҳиҷрат кардаанд.

Шакл гирифтани чунин раванди сиёсии ҷомеа нишон дода истодааст, ки осебпазир ва даҳшаттарин таҳдиду хатарҳо ба амнияти миллӣ ҳар як кишвар ва минтақаҳо ин ғайричашмдошт роҳандозӣ гардидани ҷангҳои беамону бемаънӣ дар заминаҳои мазҳабӣ зуҳуроти номатлуби “ифротгароӣ ва терроризм” мансуб мебошад, ки пайравони як динро қотилу хонумонсӯзи муқобили ҳамдигар бармехезонанд. Мусалмонони бегуноҳи ҳамдину ҳаммазҳаби якдигаро мекушанд, хонаҳояшонро оташ мезананд, ризқу рӯзии доштаашонро барбод дода, муҳоҷиру бе Ватан мегардонанд.

Аммо дар баробари ин, баъзе аз кишварҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор бо нақшаҳои таҳрезигардидаи худ мехоҳанд ба пешрафти дигар кишварҳои рушдёфта ва рӯ ба тарақӣ монеа эҷод намоянд. Баҳри манфиатҳои геопалитикӣ пайдо кардани нуфуз бо нишон додани зӯроварӣ, кишварҳои ободро вайрон, зиндагии осоиштаро пурфоҷиа, шаҳрҳоро харобу ба хокистар табдил дода, мардумашонро оғуштаи хун мегардонанд. Аммо дареғо, инсоният аз ин ҳама паёмади хатарҳо сабақ намегиранд, бо ҳам намепайванданд, ба тақдири ояндаи якдигар раҳму шафқат накарда, дасти ҳамдигаро намегиранд. Тамоми кӯшишҳои худро бо роҳу усулҳои гуногун истифодаи туҳматҳои бепояву беасос баҳри нақшаҳои маҳви ҳамдигар зиддӣ якдигар равона мегардонанд.

Маълумоти хабарӣ имрӯзҳо аз гӯшаҳои гуногуни сайёра огаҳ менамояд, ки миллионҳо одамони осоишта гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мусаллаҳона гардиданд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятию сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.

Нигаронии Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон аз таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ асососи илмию амалии худро доранд. Ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” вазъияти  ҳарбиву сиёсии Афғонистонро печида гардонида, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст.

Баъзе кишварҳои абарқудрати ҷаҳону минтақа аз рӯй додани ин нобасомониҳо ба манфиати худ хеле суистифода карда тавонистанд ва дастаҳои парокандаи ҷангҷўи ҳизбу ҳаракатҳое, ки хусусияти экстремистӣ–террористӣ доштаро аз кишварҳои  ҷангзадаи Ховари Миёна, Сурия ва Ироқ, ки тороҷ гардида буданд, сарҷамъ намуда, ба кишвари ноамни Афғонистон интиқол дода, манбаи хатарро барқарор намуданд, то ки баъдан ҳамчун қувваи эҳтиётӣ ба манфиати худ дар кишварҳои зарурӣ барои ангехтани низоъ ва ноил шудан ба хостаҳои геополитикии худ истифода намоянд.

Таҳлилҳои иттилоотӣ, андешаи коршиносони сиёсӣ аз раванди вазъи кунунии кишвари Афғонистон, маълумоти зиёди санҷидаеро пешниҳод менамоянд, ки дар ин кишвар ҳамоно тамоми  хавфу  хатарҳои  муосир, ба монанди маскуни гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир, аз риоя нагардидани ҳуқуқи инсон, фурӯши одамону силоҳ ва дигар шакли содир гардидани ҷиноятҳои фаромиллӣ солҳои тӯлонӣ идома доранд. Албатта, чунин вазъи ҷойдошта ба кишварҳои рушдкарда ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳамсоя ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таассуроти манфии худро  мерасонад.

Таҳлилии мавқеъгирии баъзе давлатҳои абарқудрати ҷаҳонию минтақавӣ нисбат ба мубориза бо терроризму ифротгароии динию мазҳабӣ нишон медиҳад, ки онҳо ба ин вабои аср муносибати дугона ва пардапӯшонае ҳам доранд. Ин кишварҳо барҳри расидан ба ҳадафу қудрат аз гурӯҳҳои ифротгарои террористӣ барои амалӣ намудани манфиатҳои худ онҳоро маблағгузорӣ ва бо силоҳу дигар лавозимоти ҷангию иттилоотӣ таъмин менамоянд, барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Сарукор гирифтан аз сиёсати “дугона” нисбат ба падидаи терроризм ва ифротгароӣ самараи кўшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаҳои муштарак алайҳи ин зуҳуроти номатлуб ҷиддан коҳиш дода, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбию сиёсӣ эҷод менамояд ва авзои умумии ҷаҳониро боз ҳам печидаю ноором мегардонанд. Дар ҳама маврид шаклҳои гуногун касб кардани вазъи ҷойдошта моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амнияти миллию минтақаваӣ диққати аввалиндараҷа дода, ҳама чораҳои заруриро андешем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хатар ва даҳшатафкании ҳизбу созмонҳои ифротгарои террористӣ бо шаклу усулҳои нав паҳн гардида истодаанд. Шарҳи мушоҳидавии муҳаққиқон дуруст аст, ки онҳо на танҳо пояҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳо ва низоми сиёсии давлатдорӣ, ҳуқуқи дигар миллату ақаллиятҳои миллӣ, бахусус занонро барои ширкату фаъолият дар ҳаёти ҷомеа аз байн мебаранд, балки тухми кинаю адовати ифротиро дар вуҷуди инсоният дар заминаи мансубияти миллӣ ва динию мазҳабии онҳо кошта, хотираи таърихии миллатҳоро тираю тор ва пур аз нафрату кинаю адоват нисбати якдигар мекунанд. Даҳшатафкании равияҳои мазкур, агар дар давраҳои пешин ба муқобили шахсиятҳои алоҳидаи давлатӣ нигаронида шуда бошад, пас айни ҳол ин раванди шакли таҳдид ба ҳастии инсоният ва сулҳу суботи кишварҳо равона мебошад. Хатари ҷиддии равияҳои ифротӣ бо тарҳи нави иттилоотӣ дар он аст, ки кайҳо онҳо марзҳои кишварҳоро паси cap карда, ба як зуҳуроти  фаромарзӣ табдил ёфта, таассуроти манфии худро мерасонанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаматарафа бояд огаҳӣ пайдо намояд, ки ҳадамоти махсуси кишварҳои манфиатдор, барои чӣ ва бо кадом мақсад ба таври пинҳонӣ роҳбарияти “ТТЭ ҲНИ” ва ҷонибдорони мухолифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро паногоҳ дода, сарпарастию саҳмгузорӣ намуда, барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки зидди конститутсионӣ бар зидди кишвари худ сафарбар намуда истодааст.

Дар ин солҳо бо ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон фаъӣлияти 18 ташкилоти   хусусияти террористиву экстремистӣ дошта баста шудаанд. Ёдовар мешавем, ки  бо ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон аз 15–уми августи соли 2019 ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон”, “Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон”, “Гурўҳи–24” иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф гардиданд. Ҳамчунин, бо ин ҳалномаи мазкур фаъолияти 39 сомонаи интернетие, ки танҳо ба ташкилоти террористӣ– экстремистии “Паймони миллии Тоҷикистон” ва ҳамаслаконашон хизмат мекунанд манъ карда шудаанд.

Баҳри пешгирии аз чунин падидаҳо андешидани як қатор тадбирҳо ва таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои зерин мувофиқи мақсад дониста мешавад:

Якум, бо дарназардошти тағйирёбии пайвастаи вазъияти сиёсии ҷаҳони имрӯза ва минтақа моро зарур аст, ки як қатор вазифаҳои масъулиятнок аз қабили таъмини амнияти миллӣ ва устувории марзҳои давлатӣ, тарбияи ватандустии шаҳрвандонро бояд ҷиддӣ ва ояндабинона чораҷӯӣ намоем.

Дуюм, имрӯзҳо таҳдиди ҳарбӣ, ташкили гирдиҳамоиҳо шаклу намудҳои гуногунро касб кардаанд. Барои ҳамин роҳу усулҳои тактикӣ Қувваҳои Мусаллаҳ ҳимояи сарҳади давлатӣ, бояд мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ муосир ҷавобгӯ таҳрезӣ карда шавад. Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат дар Паём супориш доданд, ки Консепсияи мудофиаи миллӣ мутобиқ ба равандҳои тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳону минтақа коркарду қабул карда шавад. Бояд гуфт, ки дар самти ҳарбӣ омода намудани мутахассисони гуногун сатҳи фармондеҳӣ, боло бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи низомӣ, омӯзиш ва истифодаи технологияи муосир баҳри ҳимоя, таъмини амнияти миллӣ, пурзӯр намудани иқтидори мудофиавӣ, ҳимоя аз ҳамлаҳои иттилоотӣ, яке аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа ба шумор мераванд.

Сеюм, сари вақт ба инобат гирифтани дархосту пешниҳоди шаҳрвандони кишвар дар маҳалли зист, назорату ошкор кардани ячейкаҳои хуфтаи ҳизбу созмонҳои ифротгаро аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  тавсеаи пешбурди корҳои амалӣ дар самти идеологӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, мувофиқи мақсад шуморида мешавад, то ки сабабгори рух додани эътирозу муноқишаи ҷомеа нагарданд;

Чорум, барои сари вақт муайяну пешгирии баъзе мушкилотҳои ҷойдошта гузаронидани тадқиқоти  сотсиологӣ, пурсишҳои афкори умум дар минтақаю шаҳру ноҳияҳои кишвар, пайдо кардани маълумот аз вазъи ҷойдошта, талабу дархости аҳли ҷомеа муайян гардида, чораҳо андешида шаванд.

 

                                                        Саидхоҷа Акбаров,
сармутахассиси Раёсати омузиши масъалаҳои
амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед