Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамали давлату давлатдорӣ маҳсуб гардида, роҳнамои стратегии сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар шароити тағйирпазирии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад. Паём ҳамчун санади муҳим дар рушди самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва боло рафтани обрӯ ва нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон такони устувор мебахшад.

Паёми мазкур натиҷаи нишондиҳандаи рушди кишварро дар соли 2022 фаро гирифта, минбаъд ҳамчун рӯзномаи сиёсӣ дар ташаккули равандҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва иҷтимоию экологӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш ба як қатор масъалаҳои муҳими кишвар, ки ҳалли онҳо дар марҳилаи навини рушди давлатдории миллиамон хусусияти ҳаётан муҳим дорад, таваҷҷуҳ намуданд.

Аз ҷумла ба масъалаҳои роҳу нақлиёт, рушди энергетикӣ ва энергияи сабз рушди иҷтимоию тандурустӣ, илм ва мариф, саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, сиёсати давлатии ҷавонон, таъмини амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ, тақвият бахшидани заминаҳои рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва ҳукумати электронӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, ташаккули зиракии сиёсӣ ва худшиносию худогоҳии ҷавонон, тарбияи насли наврас, инчунин дар руҳияи баланди ватанхоҳию ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо, масоили амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ, мудофиаи миллӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба сохторҳои марбута барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супориш доданд. Воқеан ҳам, таъмини рушди бомароми соҳаҳои мазкур афзалияти стратегӣ арзёбӣ гардида, аз як тараф пояҳои истиқлоли сиёсиро устувор ва аз тарафи дигар барои ноил шудан ба ҳадафҳои олии мамлакат кумак менамояд.

Дар марҳилаи мазкур асоси сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакатро ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, дастгирии иҷтимоии маъюбону барҷомондагон ва аҳли зиёиёни кишвар ташкил дода, таваҷҷуҳ ба ин самтро афзун сохтааст.

Инчунин ба таҳкими ҷомеаи иттилоотӣ, ҳукумати электронӣ, таъминоти интернет ва имкониятҳои нави иттилоотӣ таваҷҷуҳ гардид. Зеро дар шароити муосир рушду инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро бидуни технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣв ва имкониятҳои техникию иттилоотӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Дар баробари дастовардҳои сиёсати дохилӣ, яке аз афзалиятҳои стратегии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро масъалаҳои миллӣ ташкил медиҳад.

Албатта дар ҳама Паёмҳои Пешвои миллат инъикоси манфиатҳои давлату миллати тоҷик мавқеияти махсус дорад. Вале дар мазмуну мундариҷаи Паёми навбатӣ ҳалли масъалаҳои миллӣ бештар ба назар мерасид. Пешвои миллат ҳисси баланди миллиро омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлату ҷомеа арзёбӣ намуда, дар рӯҳияи ватанхоҳию ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон, ҳимояи манфиатҳои ҳар як тоҷик, ташаккули мафкураи миллӣ, эҳёи миллӣ ва махсусан дар ин замина қабул намудани консепсияи мудофиаи миллиро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки чунин иқдомҳои наҷибу саривақтӣ дар таҳкими сулҳу суботи давомдор ва ваҳдати миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Хусусан дар шароити муборизаҳои идеологию мафкуравӣ ва рушди бемайлони технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ масъалаи дар руҳияи идеологияи миллӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон таваҷҷуҳи махсус мехоҳад.

Бояд қайд намуд, ки  баррасии Консепсияи мудофиаи миллӣ нишонаи возеҳи ташаккули системаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зеро тағйирпазирии таҳдиду хатарҳо ва табиту моҳияти воқеиятҳо дар атрофи кишвар масъалаҳои ҳифзи ҳарими ҳавоӣ, ҳимояи марзи кишвар, тақвият бахшидани иқтидори ҳарбию мудофиавӣ ва технологияи муосири ҳарбии мамлакатро ҳамчун кафилӣ таъмини мавҷудияти давлату миллати тоҷик мубрам сохтааст.

Бояд ёдовар шуд, ки баъди ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ дар баробари мафҳумҳои сулҳ, амният, субот, ваҳдати миллӣ, давлатдории миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва рушди мамлакат, падидаҳои ҷанг, ваҳдатзудоӣ, лаъли Бадахшон, қатл, куштор, гуреза, ҷиҳод, маҳалбозӣ ва бегонапарастӣ воқеиятҳои асосии ҷомеаи Тоҷикистонро ташкил медод ва тоҷикон дар сахттарин вазъияти муқовимати ҳуввиятӣ қарор доштанд. Ҳатто артиш вуҷуд надошт. Имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандона, дурбинона ва санҷидашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унсурҳои таркибии системаи таъмини амнияти миллӣ дар алоҳидагӣ ба таҳаввулот дучор гардид, ки он ба дастовардҳои дигари кишвар муваффақиятҳои нав зам хоҳад сохт. Бидуни шак, сарнавишти ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавҷудияти сиёсии тоҷикон дар масири ояндаи таърихӣ аз иқтидор ва сатҳу сифати унсурҳои таркибии системаи амнияти миллӣ вобаста мебошад.

Албатта амнияти миллӣ, амнияти ҳарбӣ ва мудофиаи миллӣ бо ҳамдигар алоқамандии зич дошта, дар масири таҳкими давлатдории миллӣ вобаставу пайвастаи якдигар мебошанд. Амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳимояшавандагии манфиатҳои ҳарбии кишвар дар назар дошта мешавад, ки он дар низоми манфиатҳоии миллӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Масалан агар амнияти миллӣ ҳолати ҳимояшавандагии манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдиду хатарҳо бошад, пас мудофиаи миллии кишвар ва ҳифзи пояҳои истиқлоли сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон аҳамияти ҳаётан муҳим касб намудааст. Аз ин нуқтаи назар дар зери мафҳуми мудофиаи миллӣ ҳамчун унсури таркибии системаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар аз ҷумла манофеи бақодории мамлакат, таъмини мавҷудияти давлату миллат, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар, якпорчагию ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ ва ҳимояи кишвар аз таҷовуз ва таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ фаҳмида мешавад.

Ҳамин тариқ, тақвият бахшидани заминаҳои маърифатию мафкуравӣ, иттилоотию идеологӣ, техникию технологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мудофиаи миллӣ авлавияти стратегии давлату милати тоҷик маҳсуб гардида, асоси рушди бемайлони кишвар дар шароити мураккаби минтақа ва ҷаҳон ба шумор мераванд.

БАРОТОВ ИСРОИЛ ИБРОҲИМОВИЧ,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед