Санаи 15 декабри соли 2022 бо ташаббуси Шурои сиёсати ҷаҳонии Ҳиндустон (ICWA) дар шаҳри Деҳлии Нав бахшида ба 30-солагии ҳамкориҳои дипломатии Ҳиндустон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Рушди ҳамкориҳои Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ: миқёс ва самти ҳамкориҳо” баргузор гардид.
Дар Конфронси мазкур сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикстон, номзади илмҳои таърих Сайҳомид Шарипов иштирок ва дар мавзуи “Афзалият ва дурнамои ҳамкории Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ: нигоҳи Тоҷикистон” суханронӣ намуд.
Дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон даъват гардида, дар он самтҳои афзалиятнок ва дурнамои рушди ҳамкориҳо, аз қабили тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таъмини амният дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.
Хадамоти матбуотии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон