Санаи 9 то 12 декабри соли 2022 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар доираи Панҷумин Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ бахшида ба Рӯзи бетарафӣ ва 15 солагии ифтитоҳи Маркази дипломатияи боздорандаи СММ конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Муколама–гарави сулҳ” дар мавзуи “Ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, истифодаи об, таъмини амнияти озуқаворӣ дар самти технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Ҳамоишро ректори Пажӯҳишгоҳи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Турманистон Ҷумъамурод Гурбангелдиев, намояндаи махсуси Котиби Генералии СММ доир ба Осиёи Марказӣ, роҳбари Маркази минтақавии дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман, ноиби ректори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон Гулшат Юсупова ифтитоҳ намуда, суханрониҳои табрикӣ намуданд.
Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар ин нишасти байналмилалӣ иштирок ва дар бахши “Мушкилоти таъмини бехатарӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ–коммуникатсионӣ” суханронӣ намуда, таъсири гуногунҷанбаи онро ба ҳаёти ҷамъиятии кишварҳои минтақа бо далелу дидҳои амалӣ асоснок намуд, ки таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҳамоишро ба худ ҷалб намуд. Мисолҳои марбут ба кӯшишҳои рахнасозии фазои иттилоотии кишварҳои ҳамсарҳади Афғонистон аз ҷониби гурӯҳҳои тахрибкор бо истифода аз пойгоҳҳои иттилоотиашон мавриди таваҷҷуҳи коршиносон қарор гирифт. Зикр гардид, ки чунин амалҳо имрӯз боиси мағзшӯйии ҷавонон аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ қарор гирифта, айни замон сафи воридшавандагони сомонаҳои онҳо ва сомеъони барномаҳои радиоияшон афзун мегардад ва дар ин росто ҳамкории ҷонибҳои дахлдори минтақа, аз ҷумла коршиносон муҳим дониста шуд. Ҳамчунин, Хайриддин Усмонзода зимни суханронии худ роҷеъ ба масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир дар самти тағйирёбии иқлим, истифодаи захираҳои обӣ, масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва минтақавӣ фикру андешаҳои муфид иброз дошта, аз ҳамкории зичи ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли ин мушкилот ёдовар шуд. Зимнан нақши ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта таъкид гардид. Дар рафти суханронии худ намояндаи СММ Н.Герман ва муовини роҳбари Маркази дипломатияи боздорандаи СММ дар шаҳри Ашқобод Ф.Саприкин андешаҳои директори Маркази тадқиқоти стрегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзодаро ҷонибдорӣ намуда, нақши Тоҷикистонро барои муассирсозии ин масъалаҳо дар сатҳи минтақавию глобалӣ шарҳу тавзеҳ доданд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон