Санаи 15 ноябри соли 2022 мулоқоти  директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон баргузор гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода сараввал меҳмонро хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки  муносибатҳои сиёсиву дипломатӣ, иқтисодию фарҳангии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам  мегарданд. Ҳамкориҳои воқеии ҳар ду давлат  дар соҳаҳои тиқорат, нақлиёт, маориф  энергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзию саноат ва дигар самтҳои афзалиятнок  ба роҳ монда шудаанд.

Сипас Усмонзода Хайриддин доир ба самтҳои асосии фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар ироа намуд. Зимнан иброз дошт, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳо миёни марказҳои зеҳнӣ баргузор намудани семинару мизҳои гирд ва конфронсҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун ҳамчун таҷрибаи амалӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ба роҳ мондани робитаҳои илмиву таҳқиқотӣ  миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии эроншиносии “Расона”-и Шоҳигарии Арабистони Саудиро, ки чанде қабл дар мулоқот бо раиси ин пажӯҳишгоҳ ҷаноби доктор Муҳамммад Ал-Суламӣ   матраҳ гардид, мувафиқи мақсад арзёбӣ намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон аз пазироии самимии роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Ӯ робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудиро мусбат ҳисобида, таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду ҷониб мебошад. Ӯ хусусан рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии ҳар ду давлатро муҳим дониста, зикр намуд, ки зарфият ва имкониятҳои воқеии ҳар ду давлат дар ин самт пурра истифода нашудаанд. Ҷониби Арабистони Саудӣ  омода аст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро бо Ҷумҳуриии Тоҷикистон  тавсеа ва густариш  диҳад.

Ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон ҳамкориҳои густурдаи илмию таҳқиқотӣ миёни марказҳои зеҳнии ду давлатро мувофиқи мақсад шуморида, омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо марказҳои зеҳнии Арабистони Саудӣ изҳор намуд.   Илова ба ин,  Сафир қайд кард, ки  ҷониби Арабистони Саудӣ  дар татбиқи ҳамкориҳои амалии судманд барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон нақши муҳим бозида метавонад.

Дар мулоқот дурнамои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар масоили муҳиму мубрами байналмилалӣ  мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки барои  густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  ҳамоиши илмиеро дар сатҳи баланд доир намоянд, ки то  дар он донишмандон ва коршиносони варзидаи ду кишвар ширкат варзанд ва доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилаи дуҷонибаву бисёрҷониба, омилҳои таъсиррасон ба ин робитаҳо, дарёфти роҳҳалҳо ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи миёни ду кишвар изҳори назар намоянд.

Дар мулоқот муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Парвиз Муҳаммадзода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Икромов ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Маъруф Абдуҷабборов  иштирок намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.

Хадамоти  матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед