Мустақилияти Тоҷикистон дар соли 1991 яке аз дастовардҳои давлату миллат буд ва он ба халқи тоҷик ояндаи босазоеро замина гузошт. Ояндае, ки сарнавишти худро бисозаду вобастаи касе набошад. Мутаассифона, аввалин солгарди ин рӯйдоди муҳимми таърихиро таҷлил накарда, кишвари азизамон ба гирдоби ҷанги бародаркуш кашида шуд. Фазои шадиди низоъҳои таҳмилӣ бар сари мардуми тоҷик бори сангин гузошт ва хушунату хунрезӣ авҷ гирифт. Мардум дар гирдоби шиканҷаву машаққат роҳбареро меҷуст, ки вазъиятро ором сохта, нигарониҳоро аз байн барад. Гарчанде дар ин замон Тоҷикистон аввалин қадамҳои хешро дар фазои тозаистиқлолӣ мегузошт, аммо ғубори ҷангу муноқишаҳои дохилӣ фазои соҳибистиқлолии давлатро тира мегардонд. Мардуми азияткашида бо як умед натиҷаи Иҷлосияи тақдирсоз менигаристанд. Иҷлосияе, ки давлати нави миллии халқи тоҷикро бақо бахшида, шахсеро ба сари қудрат овард, ки миллату давлатро сарварӣ намуд ва номи тоҷикро дар ҷаҳон шукӯҳ бахшид.
Дарвоқеъ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари миллати куҳанбунёди тоҷик нақши муассиреро бархурдор аст. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Ин Иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик саҳифаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкориро боз намуд, ки то кунун идома дорад. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ бо Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ робитаи қавӣ доранд.
Тавре медонем, 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб баргузор гашт ва дар он марде, ки тамоми ҳастияшро барои пешрафти давлату миллат бахшидааст, ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ин шахсияти таърихӣ, фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Пас аз интихоб гардиданашон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 офтоби дурахшони бахт, мардуми аз уқубат хаста шудаву ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон умеденадоштро, умеди нав бахшид.
Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат, давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ, сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Бо шарофати Иҷлосияи тақдирсоз халқи тоҷик сутуни давлатдориро дар мамлакат барқарор намуда, пояҳои соҳибистиқлолии давлатиро қавӣ гардонид. Барқарор намудани сулҳу оромӣ дар он вақт маънои идомаи ҳаёт ва бақои давлату истиқлолиятро ифода менамуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шуданашон ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як баромади пурмуҳтавову умедворкунанда гуфта буданд: “Тамоми донишу таҷрибаамро баҳри таъмини сулҳу салоҳ дар мамлакат сафарбар мекунам, ба Конститутсия, Нишону Парчам ва халқ содиқ мемонам, ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳастам. Мо бояд ҳама чун ёру бародар бошем, то ки кишвари азизамонро аз ҳама гуна хатарҳо эмин нигоҳ дорем”.
Имсол аз таърихи баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ 30 сол пур мешавад. Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ дастовардҳои бузурги сиёсӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, рукнҳои навини давлатӣ ташаккул ёфтанд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ҷанги таҳмилӣ хотима ёфт. Ҳазорон гурезагон ба Ватан баргардонида шуданд. Дар заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ босуръат ҷараён дорад. Дастовардҳои миллати тоҷик обрӯ ва мароми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бамаротиб афзуд. Бунёди азимтарин Неругоҳҳои барқии “Роғун”, “Сангтуда1”, “Сангтуда 2”, “Помир 1”, Нақби Истиқлол, Накби Шаҳристон, бунёди садҳо корхонаҳову муассисаҳои хурду калон, таъмиру азнавсозии пулҳо, роҳҳои Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Душанбе – Кӯлоб ва амсоли он намунаи музаффариятҳои соҳаи иқтисодии кишвар мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи чор ҳадафи муҳими стратегӣ – баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръатро ба рӯзномаи рушди кишвар гузошта, марҳила ба марҳила дар иҷрои он муваффақ шуда истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва соҳибихтиёр бо 181 давлати ҷаҳон равобити дипломатӣ дошта, узви фаъоли СММ, САҲА, ИДМ, СПАД, СҲШ, СҲИ ва дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон кард ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардид. Ҳамзамон бо ташаббусҳои беандозаи Пешвои миллат Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон шуд.
Таҳлили гуфтаҳои боло аз эътирофи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ далолат намуда, бозгӯи нақш ва аҳмияти таърихии байналмиллалии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар шинохти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ба ҳисоб меравад.
Солҳо мегузаранд, рӯзҳо сипарӣ мешаванд, аммо аҳмияти таърихи ва тақдирсозӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи мо абадан боқӣ хоҳад монд.
Расулова Гулчеҳра,
Мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон