07.11.2022, Миср
Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Лутфан ҳамаи шуморо дар маросими кушодашавии Павилиони об аз номи Тоҷикистон шодбош мегуям.
Кишвари мо тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир масъалаҳои обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд бомаром ва фаъолона пеш мебарад.
Дар ин давра бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 8 қатъномаи марбут ба обро қабул намудааст.
Қатъномаҳо дар бораи эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилаллии оби тоза”, солҳои 2005-2015 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилаллии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об” аз ҷумлаи чунин иқдомот мебошанд.
Чорабиниҳои мазкур ба пешбурди масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ мусоидати муассир намуда, дар ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати ҳаллу фасли онҳо саҳми муносиб гузоштаанд.
Дар ин зимн, бо ташаббуси кишвари мо Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаро дар хусуси Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 қабул кард.
Меҳвари талошҳои ин Даҳсоларо такон ва суръати тоза бахшидан ба амалҳо дар соҳаи об бо мақсади ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ташкил медиҳанд.
Моҳи июни соли равон мо Конфронси дуюми Душанберо оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”доир намудем.
Дар ин ҳамоиш паёмҳои калидӣ барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, ки дар чорчӯби он раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи мазкур арзёбӣ мегарданд, таҳия карда шуданд.
Чуноне ки маълум аст, ҳамоиши соли оянда дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид бори дуввум аст, ки баргузор мегардад ва интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он хеле зиёданд.
Тоҷикистон ва Нидерланд ба ҳайси ҳамраисони Конфронс кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки онро на танҳо аз лиҳози замонӣ, балки аз лиҳози натиҷаҳояш низ таърихӣ гардонанд.
Боиси қаноатмандист, ки Павилиони об низ Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳидро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор додааст ва итминон дорам, ки самараи иҷлосу мубоҳисаҳо дар доираи он ба раванди омодагӣ ба ин ҳамоиши бонуфуз дар соли оянда саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Ҳозирини гиромӣ,
Захираҳои об ва тағйирёбии иқлим ба ҳам робитаи ногусастанӣ доранд.
Мо инро дар Тоҷикистон, ки зиёда 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбад, баръало мушоҳида менамоем.
Бар асари гармшавии иқлим суръати обшавии пиряхҳои мо сол ба сол баланд шуда истодааст.
То имрӯз аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон як ҳазораш пурра аз байн рафтааст.
Селу обхезиҳо, хушксолиҳо ва дигар офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола дар кишвар хисороти зиёди иқтисодию иҷтимоиро ба бор оварда, дар аксари мавридҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.
Ҷанбаи муҳимми тасмимҳои моро дар ҷодаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба муҳити зист ташкил медиҳад.
Тоҷикистон айни ҳол 98 фоизи қувваи барқи худро аз неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Мо ният дорем, ки дар оянда иќтидорњои худро оид ба тавлиди “неруи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда дучанд афзоиш диҳем.
Дар баробари ин, кишвари мо тавассути паст кардани хатару таҳдидҳои офатҳои табиӣ ва мудирияти устувори захираҳои об, ки дар расидан ба ҳадафҳои марбут ба иқлим нақши калидӣ доранд, саҳми муносиб мегузорад.
Пешвоёни Эътилофи обу иқлим, ки Тоҷикистон узви фаъоли он мебошад, дар нишасти Душанбе Нақшаи амали худро тасдиқ намуданд, ки дар ин самт иқдому ташаббусҳои гуногунро дар бар мегирад.
Аз ҷумла, имрӯзҳо пешниҳоди мо оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дорад.
Инчунин, мо дар чорчӯби талошҳоямон ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳамбастагии обу иқлимро ба ҳайси яке аз мавзӯъҳои асосии он пешниҳод намудем.
Талошҳои мо дар доираи Нишасти Шарм-уш-Шайх ҳамчунин ба ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба нақши калидии захираҳои об дар ноил гардидан ба ҳадафҳои иқлимӣ ва даъват ба амалҳои муосиру инноватсионӣ дар ин самт нигаронида шудаанд.
Мо итминони комил дорем, ки Павилиони об низ дар пешбурди ин ҳадафҳо саҳми муносиби худро хоҳад гузошт.
Бо истифода аз фурсат, ба ҷониби Миср барои афзалият додан ба масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии иқлимӣ ва ҳамкориву ҳамдастӣ дар ташкили ин Павилиони об, инчунин ба ҳукуматҳои Нидерланд, Британияи Кабир, Олмон ва созмону ниҳодҳои марбута, ки дар ташкили он саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ менамоям.
Итминон дорам, ки ин талошҳои якҷояи мо самараи дилхоҳ хоҳанд дод ва мо моҳи марти соли оянда дар Ню-Йорк дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид метавонем таҳаввулоти ҷиддиро дар ҳаллу фасли масъалаҳои об амалӣ намоем.
Ба ҳамаи мо дар ин ҷода барору комёбӣ мехоҳам.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон!