ДУШАНБЕ, 06.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донистани Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ зиракии сиёсии ҳар шахсро тақвият мебахшад. Дар асоси зиракии сиёсӣ шахс масъулиятшинос шуда, вазифаи шаҳрвандии худро хуб ба анҷом мерасонад. Чунин ибрози назар намуд сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯзи РАМАЗОН вобаста ба ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ.

Ба гуфтаи коршинос, агар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳар шахс шаҳодатнома ё шиносномаи ӯ бошад, пас шиносномаи давлати соҳибистиқлол маҳз қонуни асосӣ – Конститутсия мебошад. «Имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки заминаи тамоми пешрафту инкишофи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии кишвари мо аз риоя ва эҳтироми Конститутсия сарчашма мегирад. Ба сифати муқаддасоти миллӣ ба ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ арҷ бояд гузошт. Зеро дар амал татбиқ гаштани ҳар банди Конститутсия кафолати хушбахтӣ ва осудагии давлат ва ҷомеа хоҳад буд»,-изҳор медорад Ф.Рамазон.

Мавсуф пешниҳод менамояд, ки зарур аст то баҳри боз ҳам баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон талош намуда, фанни таълимии давлат ва ҳуқуқи инсон ҷоннок карда шавад. «Дар шароити ҳозира тавассути барномаҳои махсуси технологӣ шакли электронии Конститутсия дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шаҳрвандон аз он ба хубӣ истифода бурда, махсусан ҷавонон ба ин тариқ донишҳои ҳуқуқии худро сайқал медиҳанд»,-афзуд ӯ.

Воқеан ин ҳуҷҷати тақдирсоз тавонист раванди демократикунонии ҷомеа, рушди волоияти қонун, муайян намудани низом ва шакли идоракунии давлатиро кафолат диҳад.

Ба андешаи коршинос, бо гузашти солҳо наслҳои навин дарк мекунанд, ки Конститутсия воқеан бахтномаи миллати мо ба шумор рафта, дар амал татбиқ намудани талаботи Конститутсия ҷомеаро боз ҳам хушбахт ва давлатро пешрафта мегардонад. Ва дар шароити замони муосир хеле зарур аст, ки ба қишри ҷавони ҷомеа моҳият ва зарурати сохти конститутсионӣ, инчунин ҳифз кардани он бештар фаҳмонда шавад.

Фирӯзи Рамазон яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти созмонҳо ва гурӯҳҳои террористию экстремистиро барҳам задани сохти конститутсонии кишварҳои рӯ ба инкишоф медонад. Ба зикри ӯ, ин нақшаҳо бештар дар он кишварҳое амалӣ мешаванд, ки шаҳрвандонашон донишҳои сиёсию ҳуқуқии кофӣ надоранд. «Тасаввур кунед, ки агар як ҷавон ба сифати шаҳрванд аз ҳуқуқу озодиҳояш баҳраманд бошад ва маълумоти кофии ҳуқуқӣ дошта бошад, пас кадом қувва қодир аст ӯро гумроҳ созад? Хуб мешуд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои махсус барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон роҳандозӣ шаванд. Ба манфиати кор хоҳад буд, ки ин гуна семинар –тренингҳо бештар бо ҷалби ҷавонон ва махсусан ҷавононе, ки муваққатан бекор ҳастанд, гузаронида шаванд»,-чунин меандешад коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

khovar.tj

Чоп кунед