1 ноябри соли 2022 дар заминаи сафари корӣ ва илмии ҳайати Маркази тадқиқоти стратегӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқоти директори Марказ бо раиси Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ баргузор гардид.Дар оғози мулоқот раиси Донишгоҳ меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳ маълумот ироа намуд. Вобаста ба ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи мазкур таъкид гардид, ки то кунун бо аксари кишварҳо ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилӣ роҳандозӣ гардида аст. Дар ин самт раиси Донишгоҳ иброз дошт, ки алоқаманди барқарории робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ бо Маркази тадқиқоти стратегӣ аст.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар навбати худ ҷиҳати пазироии самимӣ сипосгузорӣ намуда, доир ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ маълумоти мухтасар ироа намуд. Зимнан иброз дошт, ки дар фаъолияти Марказ тавсеаи робитаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии кишварҳои хориҷӣ дар авлавият қарор дорад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои муштараки илмию таҳлилӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкориро миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Аллома Таботабоиии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расониданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.