“Хусусан, дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонанд истиқлоли миллӣ ва амнияти давлату ҷомеаи моро халалдор созанд, мо бояд ба эҳтироми Конститутсия ва риояи ҳатмии меъёрҳои он ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.”
Эмомалӣ Раҳмон
Агар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳар як шахс шаҳодатнома ё шиносномаи ӯ бошад, пас шиносномаи давлати соҳибистиқлол маҳз қонуни асосӣ – Конститутсия мебошад. Бисту ҳашт сол пеш дар Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ дар шароите қабул гардид, ки кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта буд. Дар он замони душвор халқ ба сифати манбаи асосии ҳокимият баромад карда, масири минбаъдаи давлатдории навини худро муайян ва тасдиқ намуд. Воқеъан, Конститутсия ифодагари иродаи халқ ва таҷассумгари ормонҳои миллии мо мебошад. Соҳибихтиёрӣ ва дахлнопазирии Тоҷикистон яке аз объекти асосии Конститутсия ба ҳисоб меравад, ки дар асоси он кишвари мо ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта ва эътироф гардид. Ҳокимияти олӣ пурра дар ҳудуди сарзамин ҷорӣ гардида, сохти конститутсионӣ мустаҳкам шуд.
Имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки заминаи тамоми пешрафту инкишофи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии кишвари мо аз риоя ва эҳтироми Конститутсия сарчашма мегирад. Ба сифати муқаддасоти миллӣ ба ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ арҷ бояд гузошт. Зеро, дар амал татбиқ гаштани ҳар як банди Конститутсия кафолати хушбахтӣ ва осудагии давлат ва ҷомеа хоҳад буд. Бинобар ин, зарур аст, ки баҳри боз ҳам баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон талош намоем. Фанни таълимии давлат ва ҳуқуқи инсон ҷоннок карда шавад. Дар шароити ҳозира тавассути барномаҳои махсуси технологӣ шакли электронии Конститутсия дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас аст ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шаҳрвандон аз он ба хубӣ истифода бурда, махсусан, ҷавонон ба ин тариқ донишҳои ҳуқуқии худро сайқал медиҳанд.
Воқеъан ин ҳуҷҷати тақдирсоз тавонист раванди демократикунонии ҷомеа, рушди волоияти қонун, муайян намудани низом ва шакли идоракунии давлатиро кафолат диҳад.
Бо гузашти солҳо наслҳои навин дарк мекунанд, ки Конститутсия воқеъан бахтномаи миллати мо мебошад. Дар амал татбиқ намудани талаботҳои Конститутсия боз ҳам ҷомеаро хушбахт ва давлатро пешрафта мегардонад. Дар шароити замони муосир хеле зарур аст, ки ба қишри ҷавони ҷомеа, моҳият ва зарурати сохти конститутсионӣ, инчунин ҳифз кардани он бештар фаҳмонда шавад.
Маълум аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти созмонҳо ва гуруҳҳои террористию экстремистӣ ин барҳам задани сохти конститутсонии кишварҳои рӯ ба инкишоф аст. Ин нақшаҳо бештар дар он кишварҳое амалӣ мешаванд, ки шаҳрвандонашон донишҳои сиёсию ҳуқуқии кофӣ надоранд. Тасаввур кунед, ки агар як ҷавон ба сифати шаҳрванд аз ҳуқуқу озодиҳояш баҳраманд аст ва маълумоти кофии ҳуқуқӣ дорад, пас кадом қувва қодир аст ӯро гумроҳ созад?
Донистани Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба ҳар шахс зиракии сиёсӣ мебахшад. Дар асоси зиракии сиёсӣ шахс масъулиятшинос мешавад ва вазифаи шаҳрвандии худро ба хубӣ ба анҷом мерасонад.
Хуб мешуд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои махсус барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон роҳандозӣ шавад. Ба манфиати кор хоҳад буд, ки ин гуна семинар –тренингҳо бештар бо ҷалби ҷавонон ва махсусан ҷавононе, ки муваққатан бекор ҳастанд гузаронида мешуд.
Фирӯзи Рамазон
Сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон