Санаи 26 октябри соли 2022 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин баргузор гардид.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода сараввал меҳмонро хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсоякишвари бузург ва яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муносибатҳои сиёсиву дипломатӣ, иқтисодию фарҳангии байни ду кишвари ҳамҷавор солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам мегарданд. Бо сармоягузории Чин дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои бузургу хурди саноатӣ ва иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, бо сифати баланд фаъолият доранд. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар 7 моҳи соли 2022 ба 766,1 млн. доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 313,9 млн. доллар ё 169,4 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи Чин дар гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 18,5 дарсадро ташкил дода, мақоми сеюмро ишғол намуд. Робитаҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи иқтисод дар ҳамсоягии якдигар ҷойгир будани кишварҳо, инчунин, дар мавҷуд будани зарфиятҳои муайяни захираҳои табиӣ ва транзитӣ асос меёбад. Ҳамкориҳои воқеии ҳар ду давлати ҳамсоя дар соҳаи энергетика, саноати кӯҳӣ, соҳаҳои кишоварзию саноат ва дигар самтҳои афзалиятнок ба роҳ монда шудаанд.
Мардуми заҳматкаши Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Ҳизби Коммунистии Чин сол то сол ба пешрафтҳои бузург ноил мегардад. Аз 16-ум то 23-уми октябри соли ҷорӣ Анҷумани 20-уми Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд, ки қарорҳои қабулкардаи он барои рушду тараққиёти минбаъдаи ин давлати абарқудрат аҳаммияти бузурги таърихӣ доранд. Махсусан, бори сеюм ба мансаби олӣ–Котиби генералии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб шудани дӯсти бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Си Ҷинпин боиси хурсандӣ ва қаноатмандист. Мардуми кишвари мо боварии комил дорад, ки ҷаноби Си Ҷинпин солҳои минбаъда низ дар пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун солҳои қаблӣ саҳми шоиста мегузорад.
Сипас Усмонзода Хайриддин доир ба самтҳои асосии фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар ироа намуд. Зимнан иброз дошт, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо, махсусан Ҷумҳурии Мардумии Чин, яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳо миёни марказҳои зеҳнӣ баргузор намудани семинару мизҳои гирд ва конфронсҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун ҳамчун таҷрибаи амалӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол боз бо Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ва дигар муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишвари дӯсту ҳамсоя робитаҳои зичи ҳамкории густурдаро ба роҳ монда, чанд тарҳи илмиву пажӯҳиширо дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни чинии худ анҷом додааст, ки яке аз онҳо китоби арзишманди “Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ” буда, аз тарафи муҳаққиқони варзидаи тоҷик ва чинӣ таълиф гардидааст. То ба ҳол дар бораи таърихи муносибату ҳамкориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замонҳои қадим то ба имрӯз аз тарафи донишмандони ин ду кишвари ҳамсоя чунин асари арзишманд таълиф нагардида буд. Ин китоб ба забонҳои чинӣ, русӣ ва тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид. Умедворем, ки минбаъд низ робитаҳои илмиву таҳқиқотии ин ду муассисаи пажӯҳишӣ ва дигар марказҳои зеҳнии ҳар ду кишвар минбаъд низ мустаҳкам ва самарабахш мегарданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин аз пазироии самимии роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Ӯ робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду ҷониб мебошад, зеро Чин ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ мебошанд. Ӯ хусусан рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии ҳар ду давлатро муҳим дониста, зикр намуд, ки зарфият ва имкониятҳои воқеии ҳар ду давлат дар ин самт пурра истифода нашудаанд. Ҷониби Чин омода аст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро бо Ҷумҳуриии Тоҷикистон тавсеа ва густариш диҳад.
Ҷаноби Тзи Шумин инчунин, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурдаи илмию таҳқиқотӣ миёни марказҳои зеҳнии ду давлати ҳамсоя, баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ ба ифтихори 30-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чинро мувофиқи мақсад шуморид. Ӯ қайд кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар татбиқи ҳамкориҳои амалии судманд барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон нақши муҳим дорад.
Дар мулоқот дурнамои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар масоили муҳиму мубрами байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки барои густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамоиши илмиеро дар сатҳи баланд доир намоянд, ки то дар он донишмандон ва коршиносони варзидаи ду кишвар ширкат варзанд ва доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилаи дуҷонибаву бисёрҷониба, омилҳои таъсиррасон ба ин робитаҳо, дарёфти роҳҳал ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи миёни ду кишвар изҳори назар намоянд.
Дар мулоқот муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Парвиз Муҳаммадзода, роҳбари дастгоҳи Марказ Умед Давлатов ва муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Алиназар Ашӯров иштирок намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон