Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон бо мақсади арзёбӣ намудани масъалаҳои стратегии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар 27 октябри соли 2022, соати 9-30, конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзуи “Саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон–роҳи асосии таъмини рушди устувор” баргузор менамояд. Дар конфронс ҷанбаҳои асосии назариявию амалии саноатикунонии босуръат мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегиранд.
Дар доираи ҳамоиши мазкур баррасии масъалаҳои зерин дар назар дошта шудааст:
–ҷанбаҳои назариявию амалии саноатикунонии босуръат;
–арзёбии вазъи кунунии рушди заминаҳои техникиву технологии истеҳсолоти саноатӣ ва таҷдиди онҳо;
–ташаккулу рушди соҳаҳои алоҳидаи саноат дар минтақаҳо;
–тамоюли рушди сармоягузорӣ барои рушди саноат;
–иқтидори индустриаливу инноватсионии рушди минтақаҳо;
–таъминоти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротшаванда;
–густариши робитаҳои иқтисодии беруна дар самти ҷалби технологияи замонавӣ ба иқтисодиёт.
Забонҳои корӣ: тоҷикӣ ва русӣ.
Масъул: Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ.
Телефонҳо барои тамос ва маълумот: 2-27-81-97; 935-03-27-28.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди