Рӯзи 20 октябри соли 2022 бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагии Бунёди Фридрих Эберти Олмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон конфронси байналмилалии маҷозӣ таҳти унвони “Вазъ ва дурнамои рушди инфрасохтори нақлиётӣ-логистикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун омили муҳимми таъмини робитаҳои тарафайн дар минтақа” баргузор гардид.
Муовини аввали директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Неъматов ва роҳбари намояндагии Бунёди ба номи Фридрих Эберти Олмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бекзод Раҷабов конфронсро ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфтанд.
Дар бахши якуми ҳамоиш таҳти унвони “Вазъ ва зарфияти рушди инфрасохтори нақлиётӣ-логистикии кишварҳои Осиёи Марказӣ” директори Маркази илми тадқиқоти стратегии Пажӯҳишгоҳи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон Шири Шириев, роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов, муовини директори Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муҳсинҷон Холмуҳаммадов, ходими калони Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегиии Ҷумҳурии Қазоқистон Булат Аулбаев, сардори Сарраёсати рушди логистика ва рақамикунонии Ҷамъияти саҳҳомии “Узбекистон темир йюлари” суханронӣ карданд. Сипас иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни маърузаҳои ироашуда фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.
Дар бахши дуюм таҳти таҳти унвони “Дурнамо ва имкониятҳои нави ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи нақлиёту логистик” коршиноси Маркази таҳқиқоти аврупоишарқӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Валентин Крюсман, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Арес Баязитов, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқоти стратегии Ҷумҳурии Қирғизистон Нурбек Мамитов, мутахассис доир ба муносибатҳои байналмилалии Ассосиатсияи “Туркмен логистика” Гелдимурод Аманов, сардори Раёсати рушди даҳлезҳои нақлиётии Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Ҳошимов ва дигарон суханронӣ карданд.
Сипас иштирокчиёни ҳамоиш вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ-логистикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун омили муҳимми таъмини робитаҳои тарафайн дар минтақаро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот, таҳкими ҳамкориҳоро дар ин самт муҳим донистанд.
Конфронси байналмилалии маҷозиро муовини аввали директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Неъматов ва роҳбари намояндагии Бунёди ба номи Фридрих Эберти Олмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бекзод Раҷабов ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиши маҷозӣ изҳори сипос намуданд.
Конфронси маҷозӣ дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон