(Бахшида ба истиқболи 30 – солагии Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз солхои 80-уми асри 20 ба ҳайси депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб оғоз гардид. Дар охири солҳои 80-уми асри 20 занҷирҳои собиқ давлати Шуравӣ тадриҷан суст гардида, мушклоти иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои он ба ҳисоб мерафт, рӯз то рӯз зиёд мегардид, ки ин ба вазъи сиёсӣ низ таъсири манфии худро мегузошт. Дар ҳамин лаҳзаҳои мураккаби таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намояндаи халқ дар ҷаласаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон таваҷҷуҳи депутатҳоро ба мушкилоти рӯзмарраи мардуми тоҷик ҷалб намуда, дар суханрониҳои худ қайд менамуд, ки чаро намояндагони мардум ба масъалаҳои муҳимми хаётӣ, аз қабили маош ва таъмини ичтимоӣ бетарафӣ зоҳир менамоянд. Ин гуна муносибат ба андешаи ӯ оқибатҳои хуб надорад. Суст шудани иқтидори давлати Шӯравӣ ба он оварда расонид, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол гурӯҳхои тундрави экстремистӣ зери ниқоби дин бо дастгири хоҷагони хориҷии худ даст ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ заданд. Дар натиҷаи ҷанги дохилӣ Тоҷикистон, махсусан вилояти Кӯлоб (ҳоло минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон), зери муҳосираи шадиди иқтисодӣ қарор дода шуда, саросари кишварро гуруснагӣ, қашшоқӣ, бемориҳои сирояткунанда фаро гирифта, боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид. Оғоз аз моҳи майи соли 1992 то моҳи ноябри соли 1992 тамоми шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ фалаҷ гардида, вилоятҳо ба маркази давлат итоат намекарданд. Хатари пора-пора гаштани давлати Тоҷикистон ба миён омад, шаҳри Душанбе зери фишори гурӯҳҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ қарор гирифта, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ҳар қадам поймол мегардид. Намояндагони аксар миллатҳо, мутахассисони варзида, олимону зиёиён қаламрави Тоҷикистонро тарк намуданд. Норасоии маводи озуқа рӯз то рӯз мушоҳида мешуд, бахусус дар дукону мағозаҳо нон намерасид.

Дар чунин вазъи ногувори иҷтимоӣ-сиёсӣ, депутатҳои Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси кумитаи ҳокимияти иҷроияи вилояти Кӯлоб интихоб намуда, аз ӯ дархост карданд, ки роҳи халосиро аз ин буҳрони шадид ҷустуҷӯ намояд. Дар пойтахти кишварамон ва ноҳияҳои гирду атрофи он гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷинояткор даст ба ғоратгарию роҳзанӣ зада, хуни одамони бегуноҳро мерехтанд. Мамалакат дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Ниҳоят бо ташаббуси фаъолони Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Вакилони халқ ба вазъи мураккаби сиёсӣ чандон сарфаҳм намерафтанд, дар шаҳру деҳот ҷанги дохилӣ идома дошт. Дар ҷаласаи рӯзи 19 ноябри соли 1992 Акбаршо Искандаров бо хоҳиши худ раисии Садорат Иҷлосияро ба зиммаи дигар депутат вогузор намуд. Бо дастгирии аксарияти намояндагони халқ шахси таҷрибадор Ҳабибулло Табаров раиси Садорат Иҷлосия интихоб гардид. Баъди танаффуси кӯтоҳ пешниҳоди номзадҳо ба мансаби раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Депутат А. Мирзоев аз ҳавзаи интихоботии Хонақоҳ №47-и ноҳияи Ҳисор номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод намуд. Депутат Х. Ғафуров аз ҳавзаи интихоботии Варзоб, №11-и шаҳри Душанбе номзадии ходими собиқадори давлатӣ И. Ҳаёевро пешниҳод кард. Ӯ бо сабаби беморӣ аз номзадӣ даст кашид. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз 197 бюллетен ба тарафдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 186 депутат овоз дода, ҳамагӣ 11 депутат зид баромаданд. Тибқи банди 58-уми санади интихоботи Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар асоси моддаи 109-и Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қабули соли 1978) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки Сардори давлат ба ҳисоб мерафт.

Дар ин шароити беҳад вазнини сиёсӣ ягон ходими ҷамъиятиву давлатӣ чунин масъулияти баландро ба уҳда намегирифт. Ба гуфтаи худи Пешвои муаззами миллат ба ҳеҷ кас он давра вазифа лозим набуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нав синни 40-солагиро пур карда буд, дар айёми ҷавонӣ ба мушкилии давлати тоҷикон нигоҳ накарда, ин масъулияти баландро ба зиммаи худ гирифт ва иброз намуд, ки «…Манро ба ин вазифаи пурмасъул бовар намудед, акнун, биёед, вакилони мардумӣ, якҷоя пеши роҳи хунрезиро гирем ва Тоҷикистонро аз ин вартаи нобудӣ наҷот диҳем. Ба ман, ки бовар кардед, ба Шумо ваъда медиҳам, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи хунрезиро мегирам, ба халқи азизам сулҳу салоҳ меорам. То он, ки охирин ҳамватани мо аз хориҷи кишар барнагардад, ман худро ҳамчун Сарвари давлат ором ҳис карда наметавонам».

Дар ин Иҷлосияи таърихӣ бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти конститутсионӣ барқарор карда шуда, тасмим гирифта шуд, ки ба пойтахти кишвар–шаҳри Душанбе биёянд. Шахсоне буданд, ки ба ин тасмим монеагӣ менамуданд, аммо истодагирии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳокимияти конститутсионӣ дар як муддати кутоҳ таъсис дода шуда кори худро дар шаҳри Душанбе оғоз намуд. Теъдоди зиёда аз 70 санади ҳуқуқӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ қабул гардид, ки роҳи ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайн намуд. «Шахсан ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам», иброз намуд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ. Дар Иҷлосияи мазкур тамоми роҳбарони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла сохторҳои қудратӣ таъйин гаштанд. Ба вазъи душвору мураккаби шаҳри Душанбе нигоҳ накарда, шахсан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шуҷоату далерӣ ба пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе ворид гашт.

Бо талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, бо таври интихоботи умумхалқӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ баҳри сулҳу ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллат, хомӯш кардан ва бартараф намудани оқбатҳои чанги шаҳрвандӣ талош меварзид. Дар шаҳри Душанбе дар як ҳуҷраи хурди меҳмонхона роҳи халосӣ аз вартаи нобудии давлат ва миллати тоҷикро ҷуста, худро қурбони роҳи наҷоти миллат меҳисобид, ки дигар чашми модари тоҷик ашкро набинад ва танҳо хандаи тифлон ҳувайдо бошад.

Бо барқарор гаштани ҳокимияти президентӣ дар Тоҷикистон, заминаҳои сулҳи тоҷикон гузошта шуда, 8 даври музокироти расмӣ дар кишварҳои гуногун баргузор гардида, мураккабтарин мулоқот моҳи декабри соли 1996 дар Хусдеҳи вилояти Тахори Давлати Исломии Афғонистон сурат гирифт, ки ҳеҷ гуна кафолати амниятӣ вуҷуд надошт. Ба ҳамаи ин хатару мушкилот нигоҳ накарда муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳ ва ризояти миллӣ ба Афғонистон сафар намуданд. Ин мулоқот бо мусоидати Роҳбари вақти давлати Афғонистон устод Бурҳониддин Раббонӣ ва фармондеҳи Эътилофи Шимол Аҳмадшоҳи Масъуд баргузор гардид, ки дар он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин ба тавофуқ расида, соати дувоздаҳи шаби 12 декабри соли 1996 оташбаси умумӣ дар қаламрави Тоҷикистон эълон гардид. Ниҳоят, дар ин замина 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрои сулҳ ва ризояти миллӣ имзо гардид, аммо муборизаҳои мусаллаҳона то солҳои 2000-ум идома ёфта, ба иқтисоди кишвар зиёни калон расонид. Дар солҳои 90-ум ягон давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин гуна буҳрони амиқи сиёсӣ ва ҷанги дохилӣ гирифтор нашуда буд.

Шуруъ аз соли 2002 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи рушди иқтисодӣ ворид гардид. Ҳадафҳои стратегии давлат истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат эълон гардида, марҳала ба марҳала онҳо татбиқ гардида, Тоҷикистон ба рӯйхати давлатҳои рушднамудаи ҷаҳон ворид гардид.

Дар маҷмуъ, агар мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ва ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври хронологӣ ва консептуалӣ таҳлил карда бароем, чунин ба назар мерасад:

– сарфаҳм рафтан ба вазъи мураккаби сиёсию таърихии солҳои 90-уми асри 20 ва дарёфти саривақтии роҳи наҷоти давлатдории тоҷикон дар вазъияти душвори геополитикӣ ва бархӯрди манфиатҳо;

– ба ҳайси сарвари ягонаи сиёсӣ эътироф шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– матонату ҷасорати шахсӣ дар мулоқоти Хусдеҳи вилояти Тахори Афғонистон бо мухолифин дар моҳи моҳи декабри соли 1996;

– имзои Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав 27- уми июни соли 1997;

– ширкат дар пешниҳоди лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи умумихалқии президент, 6-уми ноябри соли 1994, интихоб шудани ӯ ба ҳайси Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон;

– имзои Созишномаи ризояти миллӣ ҳамаи ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ, ақаллиятҳои миллии ҷумҳурӣ ва аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътироф гардидани таҷрибаи сулҳи тоҷикон;

– созмон додан ва роҳбарии Ҳаракати мардумии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон;

– ба феҳристи 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон ворид гаштани Пешвои миллат ва эълони соли 2009 соли бузургдошти Имоми Аъзам, ҷалби рӯҳониёни мусулмони ҷаҳон ба масоили таҳаммулпазирии динӣ дар ҷомеаи мутамаддин.

– эълон доштан ва амалӣ намудани сиёсати «Дарҳои боз» дар самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муборизаи зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ;

– пешниҳоди ташаббуси Тоҷикистон марбути экология ба СММ оид ба Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт 2005-2015», Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028»;

– мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, таъсис ва пурқувват намудани Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар;

– эълон ва амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон: Истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар;

-бунёди неругоҳҳои хурду бузург, бахусус НБО-и Роғун;

– инкишоф ва рушди соҳаи маориф ва илм ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ;

– эҳёи анъана, фарҳанги миллӣ ва мақоми байналмилалӣ пайдо намудани онҳо;

– ба руйхати мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ворид намудан мусиқии «Шашмақом», «Фалак», сузании «Чакан», оши Палав;

– дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, нафақахӯрон, кӯдакону ятимон, мактаб – интернатҳо. Дастгирии кӯдакони лаёқатманд – кушодани мактаб ва фондҳои президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд;

– рушд ва дастгирии фарҳанг, тандурустӣ ва варзиши миллӣ дар Тоҷикистон;

– қабули аввалин Фармон дар фазои давлатҳои ИДМ «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷумҳурӣ» (03 декабри соли 1999). Ба идоракунии давлатӣ ҷалб намудани занону духтарон;

– пешниҳоди Консепсияи дурнамои фарҳанги миллӣ то соли 2050 ҳаноми вохурӣ бо зиёиёни кишвар дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз, соли 2015;

-таъмини пайвастаи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– рушди арзишҳои демократӣ, таъмини озодии баён, гуногунандешӣ ва матбуот. Дар фазои пасошуравӣ Тоҷикистон яке аз демократитарин давлатҳо эътироф гаштани Тоҷикистон.

-ҳимояи ҳуқуқҳои ақалиятҳои миллӣ ва мазҳабӣ, дастрасӣ ба маориф, таъмини фазои таҳаммулпазирии ҷомеа;

– дастгирӣ ва пуштибонии бевосита аз мақомои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, алалхусус ВКД, дастаҳои таъйиноти махсус, беҳдошти иҷтимоии онҳо ва аҳли оилаҳои онҳо, сохтмон ва ба истифода додани бинои Академияи ВКД ва дигар иншооти муҳимми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ;

– роҳбарӣ дар СААД, СҲШ ва таъмини амнияти минтақавӣ ва марзи миллӣ аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир, ба монанди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ;

– фаъолияти босамари Тоҷикистон дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ, СААД, САҲА, Конфронси исломӣ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ.

-густариши равобит бо Чин, Руссия, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, ИДМ, кишварҳои мамолики Араб ва дигар кишварҳои дорои манфиатҳои стратегӣ.

-узви Созмони ҷаҳонии тиҷорати гаштани Тоҷикистон ва афзоиши сармоягузорӣ дар кишвар;

– ба рейтинги давлатҳои босубот ва амният ворид гаштани пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе;

– рушди кишоварзӣ, хоҷагиҳои фермерӣ, ба итиёри деҳқон додани замин, афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ;

– рушди устувори шабакаҳои телекоммуникатсия ва алоқаи мобилӣ-интернетӣ, радио ва телевизиони рақамӣ;

– рушди устувори минтақаҳо ва дастгирии ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ, эълони минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар.

– барқарор намудани равобити дӯстонаи иттифоқӣ ва таърихӣ бо кишвари бародари Ӯзбекистон;

-пешниҳоди роҳи мусолиматонаи ҳалли қазияи Афғонистон, кушодани пулҳо ва роҳҳои транзитӣ бо кишвари ҳаммарзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон;

– ба муомилот баровардани пули миллӣ ва таъсиси низоми мустақили молиявӣ ва узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-рушди деҳот, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитии туризми байналмилалӣ;

-эълон намудани «20-солаи омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ», дасгтирии истеъдодҳои ҷавон тавассути озмунҳои ҷумхуриявӣ;

– ба рӯйхати бистгонаи кишварҳои ислоҳотхоҳи иқтисодии ҷаҳон ворид намудани Тоҷикистон;

– ба даҳгонаи кишварҳои рушднамудаи иқтисодии ҷаҳон ворид намудани Тоҷикистон;

-бознашри китоби «Тоҷикон»-и академик Б. Ғафуров ва туҳфа ба ҳар як оилаи кишвар ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хулоса, мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии хизмати содиқона ба халқу Ватан, намунаи барҷастаи хизматчии давлатӣ ба шумор рафта, ҳамчун мактаби давлатдории Тоҷикистони навин дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф ва пазируфта шудааст.

 

Шарифзода Ф.Р.,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
дотсент, генерал-майори милитсия,
сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асламов Б.С..
ходими калони илмии шуъбаи
адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон, полковники милитсия

 

 

Чоп кунед