Муҳаббат ба диёри бостонӣ ва пос доштани забони ширини модарӣ моро ба сӯйи ояндаи нек раҳнамоӣ мекунанд.
***
Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро инъикос кардааст.
***
Бигузор, забони ҷовидонаи шеъри қофиласолори адабиёти тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ равшангари роҳи мо ба сӯйи фардои обод бошад.
***
Забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии муттаҳидкунанда ва пайвандгари миллат мебошад.
***
Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки забон дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои асосии пойдории Истиқлоли миллӣ мебошад.
***
Забони мо дар тӯли таърих ҳамчун забони робита ва муколамаи тамаддунҳову фарҳангҳои гуногун нақши арзишманд доштааст.
***
Забони тоҷикӣ фақат дар сурате ҳамчун забони илму фарҳанг мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад.
***
Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсат, коргузорӣ, илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар истифодаи васеъ қарор дорад.
***
Маҳз забони давлатӣ дастовардҳо ва ҳастии моддию маънавии мардуми кишвари моро дар дохил ва хориҷи он муаррифӣ менамояд.
***
Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад.
***
Умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст.
***
Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост.
***
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони Истиқлоли давлатӣ то ба имрӯз ҳифз ва рушди забони давлатиро вазифаи муқаддаси худ медонад.
***
Метавон гуфт, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ марҳалаи нав оғоз гардид.
***
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистон барои рушди забони давлатӣ тамоми заминаҳо фароҳам оварда шудааст.
***
Бо дарназардошти собиқаи таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ, забони тоҷикӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ иқтидори пешинаи худро эҳё ва ҳифз менамояд.
***
Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист.
***
Моро дар таърих маҳз ба тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эътироф мекунанд.
***
Бе рушди забони давлатӣ, ҳамчун рукни муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ, соҳибистиқлол буда наметавонем
***
Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад.
***
Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш диҳад.
***
Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад.
***
Забонеро, ки гузаштагони мо ба ин шевоӣ ва ғановат ба мерос гузоштаанд, онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ бояд ҳифз кард.
***
Акнун замоне фаро расидааст, ки мардумро бештар бо намунаҳои беҳтарини осор ва забони ноби тоҷикӣ ошно созем.
***
Мо бояд асолати забони модариамонро барои ворисони он бозгӯ намоем ва забони асили адабиро ба мақому мартабаи пешини худ боз гардонем.
***
Муҳимтарин манбаъ дар таблиғ ва шинохти забони адабии меъёр, воситаҳои ахбори омма, бахусус радио ва телевизион маҳсуб мешаванд.
***
Забони радио ва телевизион оинаи ҷилодори забони адабии меъёр буда, бояд беҳтарин намунаи савтиёти забонро ба мардум пешкаш намояд.
***
Мо бояд барои рушди забони давлатӣ аз тамоми имконот истифода барем ва ҳифзу густариши онро дар сатҳи давлатӣ таъмин намоем.
***
Дар назар бояд дошт, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як забони расмии давлатӣ амал мекунад ва ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки онро донад.
***
Тарғиби забони давлатӣ ба воситаи расонаҳои иттилоотии компютерӣ яке аз омилҳои асосии густариши забони тоҷикӣ мебошад.
***
Забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт.
***
Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад.
***
Набояд фаромӯш сохт, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад.
Гирдоварӣ ва таҳияи Мирзо Ашӯров,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон