ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гулӯлаборон кардани сокинони осоишта, иншооти иҷтимоӣ, ҳалокати одамони бегуноҳ муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистонро коста гардонид. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20 сентябри имсол низ тасдиқи таҷовуз нисбат ба кишвари мост.  Доктори илмҳои сиёсӣ, муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода пас аз мутолиаи  суханронии президенти Қирғизистон дар минбари СММ хулосаҳои худро дар ин бора баён дошт, ки онро дар бахши русии сомонаи АМИТ «Ховар» низ метавонед мутолиа намоед.

Пеш аз ҳама, қолаби суханронӣ ва шакли гуфтораш гувоҳӣ медиҳанд, ки Жапаров ба низоми кунунии идоракунии давлат ва иштироки худ дар арсаи байналхалқӣ сарфаҳм нарафтааст. Иқтибосҳои васеъ аз асноди бунёдиву оинномавии СММ, инчунин дуздии ошкоро аз матни баромадҳои шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ аз ҷониби ӯ аз сатҳи тахассусии дастаи ӯ дар омода кардани суханрониҳои расмӣ ва дар маҷмӯъ, норасоии донишу малака вобаста ба воқеияти сиёсати байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд.

Ин тааҷҷубовар нест, зеро тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб медонад, ки ӯ чӣ гуна аз олами ҷиноӣ ба низоми сиёсии Қирғизистон кӯч баст. Садир Жапаров бо амри тақдир тасодуфан сарвари давлат шуд. Гурӯҳи ӯ, ки таҷрибаи ғании ҷиноӣ дорад, аз ҷониби худаш ҷамъоварӣ шуда, ҳоло дар сатҳи тамоми давлат фаъолияти ҷиноии худро идома медиҳад. Аммо ин барояшон басандагӣ намекунад ва дар муносибатҳои байнидавлатӣ амалҳои ғайриқонунӣ ва таҳдидӣ оғоз карда, ба минбари СММ баромаданд. Баъди ба сари қудрат омадани онҳо дар сарҳад амалиёти таҷовузкорона ва набардҳои шадид оғоз ёфтанд.

Ба таваҷҷуҳи С.Жапаров ва дастаи ӯ мерасонем, ки «Pacta sunt servanda» (аз лотинии «Тавофуқот бояд ҳатман риоя шаванд») мафҳуми ҳуқуқӣ ба забони лотинӣ буда, дар ҳуқуқи байналмилалӣ ва шаҳрвандӣ васеъ истифода шуда, зарбулмасали лотинӣ нест. Новобаста аз он ки С.Жапаров ва дастаи ӯ моҳияти ин истилоҳро чӣ гуна дарк мекунанд, мо зикр менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан чунин мешуморад, ки созишномаҳои қаблан имзошудаи тарафҳо бояд қатъиян риоя шаванд.

Умедворем, ки ҷониби Қирғизистон дар оянда бидуни вайрон кардани созишномаҳои қаблан имзошуда аз ҳама гуна иғво, амалҳои хушунатомези ғайриқонунӣ даст кашида, ба муколамаи воқеии сиёсӣ, ки ба ҳалли ҳарчи зудтари масъалаи сарҳад ба нафъи ҳарду халқ нигаронида шудааст, оғоз мекунад.

khovar.tj

Чоп кунед