Ибтидо ва интиҳои ҳама гуна тамаддун ва фарҳанги   миллӣ забон аст, забони модарии халқест, ки эҷодкори фарҳанги худ аст. Таърихи инсоният бисёр халқу миллатҳоеро медонад, ки бо гузашти вақт забони модарии худро гум карда, ва ё таркиби луғавӣ ва сохти сарфу наҳвии онро ба ҳадди шинохтанашаванда тағйир дода, дар натиҷа аз мероси таърихию фарҳангии хеш маҳрум шудаанд. Забон тарзи тафаккур ва сохтори олами эҳсосоти мардумро мукаммалтар аз ҳама падид меорад ва шинохти ҳар халқе ба василаи забонаш амиқтар муяссар хоҳад шуд. Халқеро шинохтан хоҳем, ба забони вай бояд рӯ оварем.

Забони муосири тоҷикӣ забони зиндаи халқест, ки бо вуҷуди парокандагиҳои таърихӣ аз охири қарни нуҳу даҳи милодӣ  то ба ҳол мавҷудияташро гум накардааст. Ин забон на фақат бо номи форсӣ, форсии дарӣ ё забони дарӣ на танҳо дар қаламрави имрӯзаи Эрону Осиёи Марказӣ, балки дар сарзаминҳои Афғонистон,  Хиндустону Покистон, ноҳияҳои ҳаммарзи Қафқоз, Осиёи Сағир ва Туркистони Чин густариш ёфта буд. Аз охири қарни нуҳ то ибтидои асри шонздаҳ аз рӯйи сарфу наҳв ва  таркиби луғавӣ ягон тафовути ба назар намоёни маҳаллӣ зоҳир накарда, сар то сари як хиттаи бузург дар тӯли бештар аз ҳафт садсола ба ҳайси забони адабии расмӣ истеъмол мешуд.

Гузашта аз ин забони порсии дарии роҳи рост (таъбир аз Таърихи Табарӣ) бо вуҷуди он ҳама тағйироти ҷиддии сиёсию иқтисодӣ ва идеологие,ки дар тайи ҳазор соли охир дар Аҷам бефосила сурат гирифтааст, то рӯзҳои мо мақоми фарҳангии худро аз баҳри Хазар то қаламрави Кошғар нигоҳ дошта тавонистааст. Профессори амрикоӣ Ричард Фрай гуфтааст: «Дар идомат ва посдории фарҳанг барои баъзе тамаддунҳо аз дин ё созмони ҷамъиятӣ дида забон василати муҳимтарест». Робитаи зоҳирию ботиние, ки «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва ашъори фалсафии Мирзо Бедил бо шоҳкориҳои манзуми Рӯдакӣ мепайвандад, забони форсии тоҷикист. Дар илми таърих дар боби пайдоиши забони тоҷикӣ ва густариши он дар Хуросону Мовароуннаҳр баҳсу мунозираҳо то ба ҳол идома дорад.

Дар ин маврид як нуктаи муҳимро тазаккур бояд дод, ки бино ба ақидаи олимони ховаршинос дар ташаккули забони порсии дарӣ – забони адабии классикии мардуми тоҷик ва форсизабон дар сарзамини Бухоро ё худ Шарқи Эрон саҳми уламои эронинажод ва мусоидати умарои араби мусалмон  бузург аст. Онҳо  аз миёни забонҳои форсии миёна лаҳҷаи форсии дариро, ки дар сарзамини Хуросон (махсусан шаҳрҳои Балху Ҳирот, Марву Нишопур) баргузида, дар ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ин забон ва ба он додани алифбои арабӣ  кӯшиш ва хидматҳои зиёде карданд ва аз ҷиҳати илмию фарҳангӣ, маънавӣ ва сиёсию шаръӣ дар густариши он саҳми арзанда гирифтанд,  ки ин забон дар илми забоншиносӣ бо истилоҳи «форсии нав» ёд мешавад.  Донишманди  маъруфи амрикоӣ, профессор Ричард Фрай дар китоби машҳури худ «Мероси Эрони бостон» ин нуктаро таъкид намуда гуфтааст:  «Ба ақидаи ман худи арабҳо дар густариши забони форсӣ дар шарқи Эрон ёрӣ карданд ва ин худ боиси барафтодани забони суғдӣ ва лаҳҷаҳои дигари ин сарзамин шуд» (Нақли қавл аз китоби «Хадамоти мутақобили Ислом ва Эрон»– и Муртазо Мутаҳҳарӣ).

Дар сарчашмаҳои таърихӣ гуфта мешавад, ки дар замони густариши дини ислом мардуми таҳҷойии Бухоро арабӣ намедонистанд, бинобар ин, амирон ва саркардагони араб ба хотири ҷорӣ намудани дини мубини ислом бе содир шудани фатвои расмии фақеҳон хондани намозро ба забони форсӣ иҷоза дода буданд. Ҳол он ки ба қавли аксари пажӯҳишгарон дар  Мовароуннаҳр забони аксари мардум забони суғдӣ, хоразмӣ ва дигар забонҳои шарқиэронӣ буд ва арабҳои мусулмон маҳз забони форсии дариро, ки дар асоси забони паҳлавии ашконии ғарбиэронӣ ва омезиши вожаҳои арабӣ дар Бохтарзамин шакл гирифта буд, дастгирии ҳамаҷониба намуданд ва ба он алифбои худро мувофиқ сохтанд, ки дар натиҷа чун забони адабӣ ташаккул ёфт ва дар тамоми минтақаҳои Хуросону Варорӯд густариш ёфт ва дар аҳди Сомониён мақоми давлатӣ гирифт. Дар ин бора Муҳаммад Наршахӣ дар китоби худ «Таърихи Бухоро» чунин маълумоти ҷолиб додааст:  «Қутайба ибни Муслим масҷиди ҷомеъ бино кард андар ҳисори Бухоро ба соли наваду чаҳор ва он мавзеъ бутхона буд, мар аҳли Бухороро фармуд, то ҳар одина дар он ҷо ҷамъ шудандӣ. Чунончи ҳар одина мунодӣ фармудӣ: – «Ҳар кӣ ба намози одина ҳозир шавад, ду дирам бидиҳам» ва мардумони Бухоро дар аввали ислом дар намоз Қуръон ба порсӣ хондандӣ ва арабӣ натавонистандӣ омӯхтан ва чун вақти рукӯъ шудӣ, марде будӣ, ки аз паси эшон бонг задӣ: «Нагунбон кунет (д)» ва чун саҷда хостандӣ кардӣ, бонг кардӣ: «Нагунбонгун кунет (д)».

Аз ин ҷо маълум  мегардад, ки масъалаи ба забони порсии дарӣ ва дигар забонҳои ғайриарабӣ тарҷума ва тафсири Қуръон ва ба ҷо овардани ибодат ва дигар маросим дар аввали футуҳоти ислом ва ду садаи дигар сахт ба миён омада буд ва ҳалли мусбии он барои тавсеа ва густариши ҳамаҷонибаи таълимоти  ислом дар мамолики Шарқу Ғарб мусоидат мекард. Бинобар ин, дар байни уламои баландпоя ва маъруфи исломӣ баҳсҳои доманадор  рух медоданд. Фақеҳони машҳури ҳамон аҳд сари ин масъала ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд. Дастаи аввалро Имоми Аъзам–Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собити Куфӣ (солҳои 699–769 милодӣ), поягузори мазҳаби ҳанафии дини мубини ислом, ки тоҷику форсизабони бохтарӣ  сарварӣ мекард. Ӯ  бо истинод бо далелҳои муътамад аз Қуръони маҷид ва аҳодиси набавӣ фатво дод, ки ба забони форсӣ хондани намоз барои шахсоне, ки арабиро намедонанд ва инчунин,  ба ин забон баргардонидан ва тафсири Қуръон равост. Ин фатвои шаръии Имом Абӯҳанифа ба мухолифати  гурӯҳи дигари фақеҳон дучор омад. Бо вуҷуди пофишории ин гурӯҳ ба Имом Абӯҳанифа  ва ҷонибдоронаш муяссар гардид, ки мақому манзалати забони форсиро дар қаламрави хилофати исломӣ баланд бардоранд ва барои забони дуюми тамаддуни исломӣ шудани он роҳи васеъ кушоянд. Эътирофи ҳамин ақида буд, ки донишманди машҳури исломӣ Мӯсо ибни Сайёр дар Бағдод Қуръони маҷидро барои арабҳо ба тозӣ ва барои аҷамиён ба  форсӣ тарҷума ва тафсир  мекард.

Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки дар густариш ва пайдо намудани мақом ва манзалати забони форсӣ дар қаламрави Хилофати Исломӣ ҳаммиллати  бузурги мо Имоми Аъзам–Абӯҳанифа ибни Собит хидмати бузургеро анҷом додааст. Бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии тоҷикистон ба муносибати  1310 солагии ин фарзанди барӯманди халқи  тоҷик соли 2009 соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардид ва чорабиниҳои зиёде дар сатҳи давлатӣ баргузор гардиданд, ки яке аз онҳо доир намудани симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Имоми Аъзам ва гуфтугӯйи тамаддунҳо» мебошад,  ки дар он намояндагони беш аз панҷоҳ кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд ва фикру андешаҳои ҷолиби худро иброз намуданд.  Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат,  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хидматҳои бузурги ин абармарди таърихи ислом  барҳақ чунин фармудааст: «Бо ҳиммат ва фидокории ҳаммиллати бузурги мо Имоми Аъзам– Абӯҳанифа  забони тоҷикӣ дар паҳлуи забони арабӣ забони расмӣ ва шаръӣ қарор гирифт. Бар асоси фатвои ин марди худогоҳ тамоми мардумоне, ки дар қисмати шарқии хилофати араб ба дини Ислом мегаравиданд, забони форсии тоҷикиро ба сифати забони динӣ, расмӣ ва муъоширати байни халқҳо пазируфта буданд». (Ниг. Э. Раҳмон.  Фарҳанг  ҳастии миллат аст. Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни Тоҷикистон,  29 марти соли 2001).

Дар асри нуҳ ва даҳи милодӣ дар сартосари Хуросони Бузург таълифу таснифи осори арзишманд ба забони модарӣ ривоҷу равнақ ёфт. Ин иқдоми шуҷоатмандонаи таърихӣ дар натиҷаи ба сурати забони расмии нахустин давлати тоҷикон даромадани забони форсии дарӣ қувват гирифт.

Дар даврае, ки забону фарҳанги тоҷик аз тарафи ҳокимони аҷнабӣ пазируфта намешуд, табиист, ки  наҳзати шуъубия густариш пайдо кард. Абӯалӣ ибни Сино чандин китобу рисолаҳояшро ба забони модарии худ навишт. Абӯрайҳони Берунӣ «Китоб-ут-тафҳим» ном асари маъруфи худро навишт ва бисёр истилоҳоти форсии дариро ба кор бурд.

Ибни Синоро бунёдгузори истилоҳоти мантиқӣ ва фалсафии форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ ном кардан шояд, зеро пеш аз «Донишномаи Алоӣ» ба забони  порсии дарӣ ягон китобе дар ин боб иншо нашуда буд. Абӯалӣ ибни Сино бо чунин як шавқу завқ ва камоли дилсӯзӣ ба истилоҳсозӣ пардохтааст, ки кас ба тоҷик будани ӯ ҳеҷ шакку шубҳае оварда наметавонад. Носири Хусрав, Шиҳобиддини Суҳравардӣ ва Насируддини Тӯсӣ, ки кори саркардаи Ибни Синоро ба таври эҷодӣ идома доданд, истилоҳоти    маъмули арабиро бо сӯҳони тоҷикӣ суфта намуда, дар таълифоти илмияшон фаровон истифода бурдаанд. Маҳз дар натиҷаи чунин иқдоми дурандешона забони форсии тоҷикӣ аз ҷиҳати нуфузи илмӣ ба забони дуюми тамаддуни исломӣ мубаддал гардид. Дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла Ҳиндустон ҳатто гуфтан мумкин аст, ки ба ҳайси забони аввали тамаддуни исломӣ нуфузу маком пайдо намуда буд.

Барои мо ворисони Абӯалии Синою Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандию Абдулқодири Бедил мояи ифтихор аст, ки бузургони миллати мо дар ҷойҳои бегона ҳам  ягонагии забону фарҳанги халқии худро ҳифз намуда, нагузоштаанд, ки пайванди таърихию фарҳангияшон аз Ватан канда шавад.

Чуноне қайд карда гузаштам, Ватани аслии забони форсии дарӣ Бохтарзамин, яъне Хуросон аст. Форсии дарӣ дар натиҷаи пешрафти тафаккури маънавӣ сарзамини Бухорову Самарқанд, Балху Ҳирот, Марву Нишопур, Хуҷанду Хатлону Бадахшон нашъунамо кард ва шукуфо гардид. Бухоро хушсалиқатарин намояндагони лаҳҷаҳои гуногунро як ҷо гирд оварда, дар домани давлатдории худ парварида, муҳимтарин имконоти ҳамаи онҳоро барои ба вуҷуд овардани забони адабии форсии дарӣ ба кор гирифт. Дар давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён форсии дарӣ ба ҳайси забони давлатӣ мақому манзалат пайдо намуд ва рушду нумӯ ёфт.

Мутаассифона, мустамликадорон, пеш аз ҳама,  англисҳои истеъморгар амали ноҷавонмардонаеро дар ҳаққи забони форсӣ  дар оғози қарни нуздаҳуми милодӣ пиёда карданд. Вақте онҳо қадами наҳси худро ба сарзамини Ҳинд гузоштанд, аввалин кореро анҷом доданд, барандохтани  форсӣ  аз маснади  забони давлатӣ буд. Соли 1836 милодӣ ширкати англисии мустамликадори «Ост-Индия» қарор қабул кард, ки забони  расмии  давлати Ҳиндустон забонҳои англисӣ ва ҳиндӣ  мебошад. Англисҳо бо ин амали муғризонаи худ теша ба решаи забони форсӣ заданд ва оқибат забоне, ки тайи қарнҳои зиёд  забони давлатӣ ва тамаддуни бузурги форсии исломӣ ба шумор мерафт, аз ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва маънавии мардуми ин сарзамини бостонӣ барканор  намуданд. Дар бораи фоҷиаи забони форсӣ дар диёри Ҳинд, донишманди покистонӣ,  доктор Сайидакрами Икром ҳақиқатнигорона ва ҷонсӯзона гуфтааст: «Забоне, ки асрҳои тӯлонӣ забони расмии кишвар буд, забоне, ки ёд гирифтани он мӯҷиби ифтихор ва мубоҳот  шумурда мешуд, забоне, ки  азизтар аз забони мазҳабӣ ба шумор мерафт, забоне, ки аз забони модарӣ ҳам ширинтар пиндошта мешуд,  забоне, ки забони шеър буд, забони завқ буд, забони дил буд, забони рӯҳ буд, дар диёри худ ғариб, аҷнабӣ ва ношинос гардид. Ин достонест ғамангез ва риққатомез, ки қалам бар он мегиряд».

Оқибат бар асари фитна ва тавтиаи мустамликадорони англис давлати  паҳновари Ҳинд ба се давлати мустақил: Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш тақсим шуд ва мулки зебоманзари Кашмир, ки аз замонҳои қадим  чун «Эрони Сағир» шуҳрат дошт, барои низои байни мусалмон ва ҳиндувон боқӣ гузошта шуд, ки то ба имрӯз сари он хунрезӣ ва кашмакаш идома дорад.

Дар Осиёи Марказӣ ин корро дар ҳаққи   забони форсии тоҷикӣ мустамликадорони Русияи подшоҳӣ карданд. Сиёсатмадорони рус баъди ба даст овардани қисми зиёди сарзамини Осиёи Марказӣ хонигарии Хӯқандро аз байн бурда, бо ғасб намудани шаҳри Дизак (Ҷиззах), Самарқанд ва саргаҳи Зарафшони  Суғд генерал-губернатории Туркистонро соли 1870 милодӣ таъсис доданд. Ба мақсади сусту заиф кардани тамаддуни бо истилоҳи шарқшиносони тоинқилобии рус «форсӣ-арабӣ-мусалмонӣ» нахустин зарбаро ба пайкари забони форсии тоҷикӣ заданд ва ин забонро аз умури давлатдорӣ берун карданд ва ба ҷойи он забонҳои русӣ ва туркии чағатоӣ , яъне забони ӯзбекиро забони давлатию  расмии  минтақаи таҳти тасарруфашон қарор доданд. Ба ин кор маъмурони русро олимони шарқшиноси яҳудитабор таҳрик медоданд.  Пантуркизм дар Осиёи Миёна аз ҳамин давра бо дастгирӣ ва пуштибонии амалдорони рус ва аврупоӣ дар ҷомеа реша медавонид.

Баъдтар пас аз пирӯзии Инқилоби Октябр болшевикони рус бо ҳамдастии як зумра ҷадидони пантуркисти Осиёи Марказӣ, ки дар Туркия ва дигар мамолики Аврупо таҳсил намуда буданд, забони форсии тоҷикиро дар маҳди худ – Бухорои Шариф аз тахт барандохтанд. Онҳо бо ин амали муғризонаи худ мардуми мусалмони минтақа, махсусан тоҷиконро аз марказҳои бузурги тамаддуни форсии исломӣ: Бухоро ва Самарқанд маҳрум сохтанд ва дар гӯшаи аз ҳама нообод ва ақибмондаи аморат – Бухорои  Шарқӣ  Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистонро дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис ва пойтахти онро деҳаи ноободи Душанбе қарор доданд. Қаламрави забони форсии тоҷикӣ, ки аз соҳили баҳри Хазар (Каспий) то Кошғари Чин ва уқёнуси Ҳинд тӯл мекашид ва ба тавассути ин забони малакутӣ  тамаддуни исломӣ дар байни мардуми ин минтақаи паҳновар тарғиб мегардид,  дар як гӯшаи хурдакаки кӯҳистон – Тоҷикистон  маҳдуд гардонида шуд.

Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1924) ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929)  бори аввал соли 1933 Кумитаи истилоҳот таъсис дода шуд. Вазифаи ин кумита ба вуҷуд овардани истилоҳоти иҷтимоию сиёсӣ ва илмию фаннии тоҷикӣ, таъмини  ягонагию стандартикунонии он буд. Ин кумита ҳануз даст ба кор назада буд,ки ба ҷои он як идораи дигар таъсис доданд, ки он  Кумитаи   Марказии алифбои нав ва терминология ном дошта, дар ҳузури Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон ҷо гирифта буд. Дар ҳайати Кумитаи  Марказии алифбои нав ва терминология бахше буд, ки  Комисияи луғат ва терминология номида шуд.Соли 1936 ин Комиссия санаде тартиб дод, ки «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» ном гирифта, соли 1937 ба шакли китобчае нашр шуд. Ин ҷо калимаи русии «установка» ба маънои дастур ё раҳнамо аст. Ҳамин тавр,  истифодаи калимаҳои арабӣ дар истилоҳот нишонаи миллатгароӣ дониста шуд. Баъди ин ба забони тоҷикӣ калимаҳои русӣ, ба монанди пролетариат, капитал, сотсиализм, комиссариат, нота, конститутсия, конгресс, бюро, колхоз, бригада ва ғайра ворид шудан гирифтанд. Бешак, ин хилофи табиати забони тоҷикӣ буд. Албатта, ба орият гирифтани истилоҳоти русию аврупоӣ ба сари худ рӯйдоди ғайриодӣ ва манфие набуд. Калимаю ибора ва истилоҳоти ориятӣ дар забони форсии дарӣ аз замонҳои қадим вуҷуд доштанд. Як қисми захираи луғавии ҳамаи забонҳоро унсурҳои ориятӣ ташкил мекунанд. Аз ин рӯ, дар даврони Шӯравӣ ба забони тоҷикӣ ворид шудани истилоҳоти аврупоӣ падидаи табиӣ ба шумор мерафт, вале аз боло аҳли илмро ба пазириши аксари истилоҳоти русию аврупоӣ, ки дар забони русӣ мавҷуд бударо маҷбур кардан, бешубҳа, зӯроварии сиёсӣ буд. Ин зӯроварӣ истилоҳоти тоҷикиро ба таври сунъӣ аз роҳи тараққии табии он, ки мутобиқи анъанаҳои таърихист, берун кард ва теша ба решаи  асолати миллии он зада шуд.

Ҳазорон калимаҳои русию аврӯпоӣ, ки ба асарҳои илмии омавӣ, фарҳангҳои истилоҳот ва рӯзномаву маҷаллаҳо якбора бо тариқи фишор ворид гардиданд, дар натиҷа таркиби луғавии забони тоҷикӣ бо суръат дигар шуд. Азбаски ин вожаҳоро айнан қабул кардан лозим ва навишту талаффузи онҳоро ба қонунҳои забони форси тоҷикӣ мувофиқ кардан, манъ буд, дар андак муддат сохти грамматикаи забони мо зарар дид ва забон хусусиятҳои наве пайдо кард, ки хилофи табиат ва асолати он буд. Дар натиҷа тоҷикон «о»-гӯй мебошанд, яъне овози «о»-ро пурра талаффуз мекунанд, вале кам-кам монанди русҳо «а»-гӯй шуданд. Ҳоло дар калимаҳои автомобил, автомат, адвокат, коммунист овози «о»-ро «а» талафуз мекунем, яъне навишт яку талаффуз дигар аст.

Азбаски калимаҳои русию аврупоӣ хеле зиёд ба забон дохил шуд ва шакли онҳоро дигар кардан мумкин набуд, маҷбур шудем, ки ҳарфҳои ц,ы,щ,ь, ю,я-ро ба алифбои худ бипазирем.

Ҳамгун сохтани истилоҳоти форсии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон масъалаи хеле муҳим аст. Забони форсӣ дар ин се кишвар бояд истилоҳоти ҳамгун дошта бошанд. Агар як забон барои ифодаи як мафҳум дар ҳар кишвар истилоҳи дигаре дошта бошад, як забони умумии илм ба вуҷуд овардан ғайри имкон аст. Ҳоло забони форсии илмии муосир ташаккул меёбад ва онро мутахассисони ҳар се кишвар бо ҳамдастӣ бояд ташаккул бидиҳанд, то хусусиятҳои ҳар се шохаи забони форсӣ: форсии Эрон, форсии дарии Афғонистон ва форсии тоҷикии Тоҷикистон ба назар гирифта шавад. Он гоҳ ин забони илм мутааллиқ ба ҳар се миллат хоҳад буд ва истифодаи пурсамар аз он дар ҳар се кишвар муяссар хоҳад шуд. Ба вуҷуд овардани чунин забони форсии илм бояд аз ҳамгун (стандарт) сохтани истилоҳот оғоз ёбад.

Ҳастии миллат ва пешрафти забони адабии он бидуни рушди сабки илмӣ қобили тасаввур нест.Агар забони илм рушд накарда бошад, аз пешрафти миллат, ҳатто аз ташаккули он ҷойи гап намемонад. Бояд гуфт, ки дар даврони шӯравӣ «соҳибони ғамхору дилсӯзе» аз Маскав пайдо шуданд. ки онро ба се шоха: форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ ҷудо намуданд. Ғараз аз се шоха сохтани як дарёи зулоли забони форсӣ се пора кардани Хуросони Бузург буд. Соли 1964 бо ташаббуси шоҳи паштутабори Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ забони форсӣ дар ин кишвар номи забони дариро гирифт.

Барои мо тоҷикон масъалаи аз ҳама муҳим масъалаи ба забони илм табдил додани забони модарист. Ин корест дарозмудат, мушкил. Бояд, ки ҳама таълифотҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ баргардонида шаванд.

Забон ҳамон вақт зинда аст, ки истифодабарандагони зиёд дорад. Ҳоло дар дунё зиёда аз 235 356745 истифодабарандагони забони тоҷикӣ ҳаст. Тоҷикон ва форсизабонон дар Ӯзбекистон  15 235 873, Афғонистон 15 400 000, Тоҷикистон  8 500 000, Эрон 1 100 000, Покистон 1 000 000, Олмон 100 000, ИМА 83 000, Катар 27 000,  дар Чин, Ҳиндустон, кишварҳои халиҷи Форс Туркия Русия, Қирғизистон Туркманистон, Қазоқистон умр ба сар мебаранд. Чуноне ки мебинем, забони тоҷикӣ дар дигар кишварҳои ҷаҳон истифодабарандагони худро дорад. Танҳо ба сайти Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як моҳи апрели соли 2016 аз давлати Голландия беш аз 30 000 нафар истифода бурдаанд.

Забон ва фарҳанг  ду омили милатсозанд. Мустаҳкам намудани мақому манзалати забони форсии тоҷикӣ  яке аз авлавиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва иқдомоти наҷиби Сарвари давлат, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон забони тоҷикӣ  дар  Тоҷикистон мақоми ҳақиқии давлатӣ гирифт ва рушду нумӯи тоза пайдо намуд. «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони Истиклолияти давлатӣ то ба имрӯз ҳифз ва рушди забони давлатиро вазифаи муқаддаси худ медонад»,– барҳақ таъкид намудааст Сарвари давлатамон.– «Мо бояд ба рушди забони давлатӣ аз тамоми имконот истифода барем ва ҳифзу густариши онро дар сатҳи давлатӣ таъмин намоем. Набояд фаромӯш сохт, ки забони модарӣ  яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад».

Амал ва истифодабарии дурусти забони давлатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  яке аз вазифаҳои муҳими давлатист, аммо барои дар амал татбиқ намудани вазифаҳои забони давлатӣ як қатор чорабиниҳои хусусияту мазмуни гуногундошта лозиманд, ки аз назари мо муҳимтаринашон инҳоянд:

1.Диққати  асосӣ ба амали забони давлатӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. Масъалаи васеъ намудани ҷуғрофияи истифодабарии забони тоҷикӣ дар базаи тоҷикони бурунмарзӣ (Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Канада, ИМА, Ӯзбекистон, Қирғизистон,  Қазоқистон, Туркманистон) доираи  ривоҷу равнақи забони модарии моро  хеле васеъ гардонида метавонад.

  1. Забони тоҷикӣ дар кишвар ҳануз дорои мақоми забони муоширати миёни халқиятҳои маскуни Тоҷикистон нагардидааст. Ин вазифа, яъне вазифаи забони муоширати байни шаҳрвандони гуногунзабони мамлакатро ҳоло забони русӣ иҷро намуда истодааст. Агар дар оянда бо тадриҷ оид ба ба забони муоширати шаҳрвандони гуногунзабони Тоҷикистон табдил додани забони давлатӣ чораҳо андешида шаванд, бешубҳа, ин иқдом  боиси рушд ва ривоҷи забони форсии тоҷикӣ мегардад.
  2. Рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъияти дохилии мамлакат, сулҳу суботи ҷамъиятӣ ва афзоиши шуурнокии қишрҳои гуногуни ҷомеа муносибати эҳтиромонаро нисбати забони давлатӣ ба миён меорад, барои омӯзиши он шароити мусоид фароҳам мегардад. Мебояд, ки субъектҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои ғайритиҷоратӣ  ба ин раванди созанда ҷалб карда шаванд.

4.Дар сатҳи байнидавлатӣ  ҳал намудани масъалаҳои марбут ба тоҷикони бурунмарзӣ, кушодани мактабҳои тоҷикӣ,  таъмин ба китобҳои дарсӣ ва бо омӯзгорони  сертаҷрибаи забон ва адабиёту таърихи миллати тоҷик таъмин намудани онҳо.

  1. Ба воситаи шабаки интернет ташкил намудани барномаю сайтҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва тоҷикони бурунмарзӣ, ташкили тавсияҳои методии омӯзиши забони тоҷикӣ тариқи фазои маҷозӣ (вертуалӣ). Барои амалӣ намудани ин кори хайр ривоҷи фаврии системаи маълумоти кушод, ҷорӣ намудани таълими электронӣ ва технологияҳои омӯзиши маҷозии забони давлатӣ лозим аст.
  2. Дар назди сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷ ӣ кушодани курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои хоҳишмандон аз аҳамият холӣ нест, зеро дар кишварҳои хориҷӣ низ ба масъалаи омӯзиши забонҳои дигар таваҷҷуҳ зиёд аст. Агар ин аз як тараф ба муаррифии забони модарии мо дар хориҷи кишвар мусоидат кунад,  аз тарафи дигар боиси беҳтар шинохтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷик  дар сатҳи байналмилалӣ мегардад.
  3. Масъалаҳои вазъи имрӯзаи забондонии  хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, донишҷӯён ва умуман ҷавонон,  ташвишовар аст. Роҳи ҳалли ин мушкилот дар ташкили базаи дурусти меъёрию  ҳуқуқӣ баҳри дастгирии забону адабиёти тоҷик, беҳтар намудани сифати таълим, рушди системаи тағйир ва такмили меъёрҳои имрӯзаи забони тоҷикӣ мебошад.

8.Бедор намудани завқи китобхонӣ, мутолиавӣ, баланд бардоштани фарҳанги истифодаи  забон  дар  Консепсияи   рушди забони давлатӣ ҷой дода шавад. Омӯзиши сифатан нави таълим тавассути захираи  қавии  кадрӣ, такмили  барномаҳои  омӯзиши  забон ва адабиёти тоҷик, такмили методҳои таълим, истифодаи васеи технологияи  муосири таълимӣ, дастрасӣ ба шабакаи интернет ва ғайра роҳи дигари рушди забони тоҷикист.

9.Маҳдудшавии истифодаи забони тоҷикӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, таълими маҷбурӣ  ба забони давлатӣ, набудани васоити ахбори омма ба забони тоҷикӣ  (радио, телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо), маҳдудгардонии муҳити истифодаи забони модарӣ аз қабили масъалаҳоеанд, ки танҳо дар сатҳи муносибати дутарафаи давлатӣ ҳаллу фасл шуда метавонанд.

10.Номуайян ва ноаниқ будани омори доираи амал ва истифодаи забони тоҷикӣ дар давлатҳои дигар боиси маҳдудият дар истифодаи забони тоҷикӣ мегардад. Дар сатҳи даркорӣ бо таҷҳизот таъмин набудан, базаи сусти методию таълимӣ, нарасидани мутахассисони риштаи забони тоҷикӣ дар хориҷи кишвар аз ҳисоби буҷаи давлат ба донишкадаю донишгоҳҳои давлатҳои  хориҷ нафиристодани мутахассисони  варзида  боиси  маҳдудияти истифодаи забони тоҷикӣ дар қаламрави давлатҳое,ки тоҷикон ва форсизабонон зиндагӣ мекунанд, мегардад.

11.Ба вуҷуд овардани таҳкурсии илмию методӣ, чопи луғатҳо, фарҳангҳо, маълумотномаҳо, китобҳо барои муоширати оммавӣ ҷиҳати  сайёҳони  хориҷӣ, сифатан  беҳтар намудани таълими забони тоҷикӣ дар боғчаҳои бачаҳо, ба роҳ мондани маҳфилҳои санъати сухан дар мактабҳои таҳсилоти  ҳамагонӣ  дар рушди  забон  ва васеъшавии доираи истифодаи он аҳамияти хосса доранд.

12.Дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ақаллиятҳои миллӣ (ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо…) ба забони модариашон мактабҳо мавҷуданд. Дар ин мактабҳо дар қатори дигар фанҳои муҳим фанни забони  тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ  низ таълим дода мешавад.Бисёр муҳим аст, ки китобҳои таълимии онҳо махсус таълиф шаванд, методикаи омӯзиш ба вижагиҳои  забонию  миллиашон  асос  ёбад, баъди хатми курсҳои забони тоҷикӣ ба ин забон  ҳамчун  забони давлатии  давлате, ки ин ақаллиятҳо шаҳрванди онанд, озодона муошират карда тавонанд.

  1. Методикаи таълими забони тоҷикӣ барои миллатҳои ғайритоҷик, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ мувофиқ ба имлои забони тоҷикӣ, меъёрҳои амалии истифодаи забони давлатӣ аз  сари нав дар асоси тавсияҳои олимони соҳа навишта шаванд.

Хулосаи калом, ҷомаи амал пӯшонидани ин тадбирҳои муҳим барои рушди ҳамаҷонибаи забони давлатӣ– забони тоҷикӣ мусоидат хоҳад кард.

ЗУБАЙДУЛЛО Давлатов,
сардори Раёсати таъминоти иттилоотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед