Чи тавре маълум аст, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастгирии дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи худ аз субҳи 14 сентябри соли 2022 нисбат ба сокинони осоиштаи наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти мусаллаҳона оғоз намуданд.

Аз андешаҳои сокинони маҳаллии наздисарҳадии ду кишвар бар меояд, ки онҳо нисбати ҳамдигар ҳамчун бародар муносибат намуда, бо ҳам зиндагии осоишта доштанд. Аммо Қувваҳои Мусаллаҳи ҷониби Қирғизистон ба ин нигоҳ накарда, бо аслиҳаҳои гуногуни вазнини оташфишонӣ ҷониби мардуми осоишта оташ кушоданд.

Доир ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ борҳо байни мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон протокол оиди оташбас имзо гардида, намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон доимо мавқеи худро бо роҳи сулҳ ва дипломатия ҳал намудани қазия нишон дода, даъват менамуд. Вале аз тарафи ҳарбиёни Қиғизистон эълони оташбаси миёни ду кишвар сарфи назар гардида, вазъи ба миёномадаро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мушкил намуда истодаанд.

Ҳамин тавр, ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ҳуқуқҳои аҳолии наздисарҳадиро поймол намуда, онҳоро зери тирпарронии мусаллаҳона қарор додаанд.

Яке аз амалҳои ваҳшиёнае, ки аз тарафи Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон содир карда шудааст, ҳамлаи мусаллаҳонаи онҳо ба мошини ёрии таъҷилӣ дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати деҳоти Зумради шаҳри Исфара мебошад, ки дар натиҷа аз як оила шаш нафар, аз ҷумла ду кӯдаки хурдсол, як нафар зани ҳомила, ки дар батнаш тифли ҳаштмоҳа дошт, як корманди тиббии ёрии таъҷилӣ ва ронандаи он ба ҳалокат расиданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамлаи Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон ба мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва муассисаҳои тиббӣ, ба мардуми осоишта, аз ҷумла кӯдакон, ки аз ҷониби ҳарбиёни қирғиз содир карда шудааст, ҷинояти вазнин ва дағалона вайрон намудани муқаррароти асосии ҳуқуқи байналмиллалии башардӯстона ва дигар конвенсияҳои байналмилалӣ мебошанд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳеҷ амали ҷинояткорона бе ҷазо намемонад. Оқибат, хуни ноҳаққи мардуми осоишта, махсусан кӯдакони маъсуму бегуноҳ, рӯзе гиребонгири ин сиёсатмадорони беандеша мегардад. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки фармудааст.

Ҳарки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

 М.Н.Назирова,
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед