Инсоният дар тӯли ҳаёти хеш як зумра инқилобҳои илмиву техникӣ ва таъриху фарҳангиро паси сар кардааст, ки ҳар кадоме дар камолот ва рушди ҷомеа нақши мубориз ва бисёр мондагор гузоштаанд. Воқеан, асри XXI, ки онро асри техника ва технологияҳои иттилоотӣ ном мебарем, тамоми фаъолияти инсонро аз дастовардҳои илмиву соҳавӣ то коркарди фаъолияти ҳаррӯза баҳравард мегардонад. Иттилоот то он дараҷае дар ҷаҳони имрӯза рушд ёфтааст, ки дар қатори омилҳои ҳаётан муҳимми инсонӣ, мисли омилҳои моддӣ ва маънавӣ, ба ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад. Маврид ба зикр аст, ки ҷанги иттилоотӣ дар ҷаҳони имруза боиси хатар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гаштааст. Хусусан, дар соҳаи амнияти иқтисодӣ ва озуқаворӣ.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ қадам гузошта истодааст ва дучор шудан ба ин масири басо мушкил аз мадди назар дур нест. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш (26.12.2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) қайд карданд, ки «Ҷаҳонишавӣ раванди таъсиррасонии омилҳои байналмилалӣ, аз қабили робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ба ҳаёти иҷтимоии ҳар як кишвари алоҳида маҳсуб мебошад. Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гашта, дар шароити мураккаб ва пуртазоди ҷаҳонӣ саъй ва кӯшиш баҳри дифои манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти хеш равона намудааст». Худи мафҳуми амнияти иқтисодӣ, як соҳаи донишҳои илмӣ буда, афзоиши бемайлони нишондодҳои иқтисодӣ, самаранок қонеъ гардонидани талаботи иқтисодии аҳолӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат дар сатҳи миллӣ ва байналмиллалӣ, тоб овардан аз хатарҳои сиёсии иттилоотӣ буда, дорои ҷузъҳои зерини сохторӣ мебошад: амнияти озуқаворӣ, амнияти молиявӣ, амнияти экологӣ, бехатарии саноатӣ ва амнияти илмиву техникӣ.
Бояд қайд намоям, ки бахшҳое, ки мо дар боло зикр кардем, ҳар яки онҳо дар таъмини амнияти иқтисодӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон нақши бисёр муҳим доранд, зеро солимии ҷомеа, тафаккури солим, нобудшавии захираҳои зеҳнӣ ва маънавӣ аз амнияти озуқаворӣ сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, имрӯз мо мавзуъеро матраҳ хоҳем сохт, ки мавриди назари ҳаёти ҷомеа қарор дорад. Ба ин раванд якчанд омилҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои манфиатдор боис мегарданд, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ норасоиҳоро ба вуҷуд оранд. Масалан, яке аз ин омилҳо таъсир ба манфиатҳои миллӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ аз ҷониби кишварҳои рубаинкишоф мебошад.
Омили дигари ин таъсир, берун кардани истеҳсолот дар рақобат дар бозори дохилӣ ва берунӣ (ба вуҷуд овардани қашшоқӣ ва буҳрони иқтисодӣ-молиявӣ)
Омили дигар ин таъсиррасонӣ, ба технологияҳои иҷтимоӣ, иттилоотӣ ва захираҳои кишвар, ки боиси коҳиш ёфтани мавҷи захираи иқтисодӣ мегардад. Бояд тазаккур дод, ки аз ҳама омили бисёр хавфнок, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати амнияти озуқаворӣ, истифодаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳадафи зарари ҳарбӣ-иктишофӣ ба кишварҳои минтақа мебошад. Тавре маълум аст, бе манфиат истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, надонистани фарҳанги истифодабарии шабакаҳои интернетӣ, мағзшуӣ кардани ҷавонони сустирода аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор ва аз ҳама муҳим паст будани саводнокии қишри ҷомеа метавонад ба рушди фарҳангу таърих таъсири манфӣ расонад. Хавфҳои нави амнияти озуқаворӣ пайваста ба миён меоянд. Тағйирот дар техналогияи истеҳсоли хӯрокворӣ, тақсимот ва истеъмол, тағйироти муҳити зист, патогенҳои нав ва пайдошаванда, муқовимати бактериявӣ – ҳамаи ин омилҳо барои системаҳои миллии бехатарии ғизо мушкилот эҷод мекунанд. Афзоиши ҳаракати аҳолӣ ва тиҷорат эҳтимолияти паҳншавии байналмиллалии маҳсулоти хатарнокро зиёд мекунад. Бояд тазаккур дод, ки буҳрони ғизоӣ соли 2022 ба афзоиши босуръати нархҳо ва норасоии маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон сабабгор шуда, тамоми қишри ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст. Буҳронҳои шадид дар манотиқи кишварҳои ҷаҳон дар пайи омӯзиши сабабҳои геополитикӣ, иқтисодӣ ва табиӣ, аз қабили гармои шадид, тайғирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ ба вуҷуд омадаанд. Ин буҳрон амнияти озуқаворӣ ва буҳрони иқтисодиро, ки дар давраи пандемияи « COVID – 19» оғоз ёфт, идома медиҳад.
Бинобар ин, дар пайи мушкилоти ҷаҳони имрӯз дар соли 2022 созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ва инчунин, дигар ниҳодҳои нозири ғизо аз эҳтимоли болоравии нарх ва норасоии ғизо дар саросари ҷаҳон ҳушдор медиҳанд.
ТАЪСИРИ ОМИЛҲОИ МАНФӢ БА РУШДИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
- Давраи пандимеяи «COVID – 19» – дар ин масир болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили: орд, равған, шакар, гушт ва амсоли инҳо, ки боиси ҳам болоравии нархҳо ва ҳам камбуди онҳо ба назар мерасид, дида шуд. Инчунин, болоравии арзиши маводи доруворӣ низ аз назар дур нест.
- Тағйирёбии иқлим дар миқёси ҷаҳон – солҳои охир иқлими рӯйи Замин ба таври назаррас тағйир ёфта, баъзе кишварҳо ба гармии шадид муваҷеҳ шудаанд. Тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, аз ҷумла афзоиши ҳарорати миёнаи солона, сабаби обшавии пиряхҳо ва болоравии сатҳи баҳрҳо ба иқтисоди давлатҳо ва амнияти иқтисодию озуқавории халқиятҳои ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад.
- Шиддати рақобатҳои давлатҳои абарқудрат – дар ин пайомадҳо дар саросари ҷаҳон болоравии нархи гази табиӣ ва нуриҳои азотӣ, ки аз он истеҳсол мешаванд, оғоз ёфта, дар афзоиши қимати нархҳо дар бозорҳо зоҳир мешавад.
Бештари нигаронӣ набудани таъминоти гурӯҳҳои асосии молӣ ба мисли гандум, шакар, равған ва дигар маҳсулотҳои ниёзи аввал мебошанд, ки ин метавонад боиси болоравии нархҳо ва норасоӣ гардад.
Ғизои хатарнок ҳамасола дар ҷаҳон бо марги тақрибан 2 миллион нафар, асосан кӯдакон алоқаманд аст. Бактерияҳои патогенӣ, вирусҳо, паразитҳо ё моддаҳои кимиёвӣ дар ғизо сабабгори зиёда аз 200 бемориҳо, аз дарунравӣ то саратон мебошанд.
Бояд таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», ки соли 2010 ба тавсиб расид, самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат ба ҳисоб меравад, амал мекунад. Қонуни мазкур тибқи принсип ва меъёрҳои байналмилалӣ амал намуда барои пешбурди соҳа ва таъмини бехатарӣ дар озуқаворӣ, таъмини талаботи аҳолӣ ба озуқаи ҳаётан муҳим, аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқа мебошад. Вақте ки манбаъҳои таъминоти озуқавории мо торафт глобалӣ мешаванд, зарурати таҳкими системаҳои амнияти озуқаворӣ дар дохили тамоми кишварҳо, хусусан дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа, бештар ва равшантар мегарданд. Яке аз роҳҳои афзалиятнок ва саривақтӣ он аст, ки мо бояд тамоми неру ва тавони худро баҳри аз ин проблема ё хатари ҷаҳонӣ баромадан, сарф кунем. Дар баробари ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми паёмҳои хеш таъкид мекунанд, ки мо бояд як ваҷаб замини бекорхобидаро самаранок истифода бурда, кишти маҳсулоти озуқавориро зиёд кунем. Ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки заминҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин восита беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Бояд қайд намоям, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим таъкид мекунанд, ки истифодаи самараноки замин, ки сабаби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маводи мавриди ниёзи аввал ва сатҳи воридотро нисбат ба содирот кам кардан мусоидат мекунад, ба роҳ монда шавад.
Қайд кардан зарур аст, ки аз тазодҳои иқтисодӣ дар он ҳолате баромада метавонем, ки дар ниҳоди хеш худшиносии миллиро ташаккул диҳем. Ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, коркард бо технологияҳои замонавӣ, ки чанд ҳосил аз як замин ба даст меояд, муҳайё намуда, сафи бекориро дар кишвар коҳиш дода, ҳаҷми маҳсулоти воридотиро аз содиротӣ кам кунем. Ва ин аз маърифати баланди шаҳрвандии мо дарак дода, нишонаи худшиносии мо мебошад.
Бинобар ин, пеш аз ҳама, фарҳанги истифодабарии шабакаҳои интернетиро ҷавонони мо бояд дуруст ба роҳ монанд, чун ҷорӣ гардидани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ зиракиву ҳушёрии моро тақозо намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистон ва барои худ шароити арзандаи зиндагӣ муҳайё кардан, кӯшишу талош варзем.
Салихов Ҷамшед Бобохалилович,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили
масъалаҳои макроиқтисодии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон