Истиқлолият рамзи иродатмандиву озодӣ, омили асосии эътирофи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва пешбурди сиёсати дохиливу хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз 31 сол муқаддам санаи 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) тибқи “Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки онро Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз таърихи 24 августи соли 1990 қабул намуда буд, ду санади хеле муҳиму сарнавиштсози таърихӣ – “Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон карда шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд.

Бо эълони истиқлолияти давлатӣ кишвари азизи мо тавонист роҳи мустақили фаъолияти худро дар арсаи ҷаҳонӣ оғоз намуда, ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид.

Мутаасифона баъди касби истиқлолияти давлатӣ, бо фаъолияти ноҷавонмардона ва хоинонаи бархе аз душманони миллати тоҷик ва пуштибонии онҳо аз ҷониби қудратҳои манфиатдор кишвари мо ба коми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки дар натиҷа онро хатари аз арсаи байналмилалӣ нобуд гардидан таҳдид мекард.

Чӣ тавре мегуянд, “Худо он миллатеро сарварӣ дод, ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт”, маҳз бо ин мазмун бо ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки зимоми идораи давлатро ба даст гирифт, тавонистанд то кишвари ба хоку хун кашидаи моро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад.

Бо талоши шабонарӯзӣ ва пешбурди сиёсати дуруст ва санҷидашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо дар давраи начандон дарози таърихӣ ба дастовардҳои бузургу назаррас ноил гардида, ҷойгоҳ ва мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намудем.

Ҳоло кишвари моро зиёда аз 180 давлати дунё ба расмият шинохта, намояндагиҳои дипломатии мо дар 30 мамлакати дунё кору фаъолият намуда, ба ҳифзи манофеи милии кишвари соҳибистиқлоламон машғул мебошанд.

Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки Тоҷикистон ҳоло узви бонуфузтарин созмону ниҳодҳои сиёсӣ, молиявию иқтисодӣ ва фарҳангии байналхалқӣ гардида, тавонад дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба соҳаҳои мазкур дар баробари кишварҳои абарқудрат саҳми босазои худро гузорад. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СММ, САҲА, СҲШ, СААД, СҲИ, СУТ ва ғайраҳо ба ҳисоб рафта, дар баробари дигар аъзоёни онҳо мавқеъ ва ҷойгоҳи худро пайдо намудааст.

Бо касби истиқлолияти давлатӣ миллати мо тавонист, ки бо назардошти асолати таърихӣ дубора арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгони гузаштаи худро эҳё намуда, рушд диҳад ва ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.

Истиқлолияти сиёсӣ ба мо шароити мусоид фароҳам овард то аркони давлатии мо эҳё гардад ва роҳи ояндаи рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муайян карда шавад.

Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ дар шароити муосири муносибатҳои байналмилалӣ омили асосии бақои миллат ва рушди минбаъдаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳифзи манофеи миллӣ ба ҳисоб рафта, қарзи имонию виҷдонии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дониста мешавад.

Бо ин ҳол дар шароити бисёр ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар маҷмуа дастовардҳое, ки маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ба даст омадаанд ҷамоварӣ гардида, дар он истиқлолу озодӣ омили асосии таъмини манфиатҳои миллӣ ва таҳкими минбаъдаи рушди устувори иқтисодию фарҳангӣ арзёбӣ гардидааст.

Бо назардошти масоили болозикр, огоҳӣ аз нишондодҳои рушди тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муҷиби андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъда дар соҳаҳои баррасишуда мегардад.

Маводи ҷамъоваришуда метавонад аз ҷониби доираҳои гуногуни илмӣ-тадқиқотӣ, муҳаққиқони ҷавон ва доираҳои манфиатдори ҷомеа, ки дар он рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шудаанд, истифода гардад.

Китоб: “ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАЪМИНИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ”

Шарипов Сайҳомид Сафармадович,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед