Таҳкими амнияти манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пояҳои истиқлоли сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон аҳамияти ҳаётан муҳим касб намудааст. Ҳимояи истиқлоли сиёсӣ ҳамчун ҳадафӣ стратегӣ дар низоми манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар мавқеи хосса дошта, барои мавҷудияти давлату миллати тоҷик дар масири ояндаи таърихӣ нақши ҳаётан муҳим дорад.

Истиқлоли сиёсӣ ҳамчун афзалияти умумимиллӣ ҳолати ҳимояшавандагии манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар дар назар дошта мешавад. Дар шароити феълӣ манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро манофеи бақодории мамлакат, аз ҷумла ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар, якпорчагию ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ, рушди устувор ва ҳимояи кишвар аз таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд.

Истиқлоли сиёсии тоҷикон натиҷаи истиқлоли фикрии ниёгон, идомаи мантиқии занҷираи давлатдорӣ, таҷаллӣ ва инъикоси ормонҳои ҳазорсолаи таърихии миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Дар ин замина истиқлоли фикриро ҷавҳари истиқлоли сиёсӣ арзёбӣ намудан мувофиқи мақсад аст.

Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ кашида шуд. Дар натиҷаи буҳронҳои сиёсию иҷтимоии солҳои 90-ум баъзе омилҳои аз даст рафтани истиқлоли сиёсии бадастомада зоҳир гардида буд. Дар ин масир ба саҳнаи сиёсат ворид гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату миллати тоҷикро аз вартаи фалокату нестшавӣ наҷот дода, ваҳдати миллӣ, амнияту суботи сиёсӣ ва пояҳои истиқлолияти давлатиро устувор сохт. Дар натиҷа сангари ормонҳои ҳазорсолаи таърихӣ эҷод гашта, эҳёи давлатдории миллӣ ва мавҷудияти сиёсии тоҷикони дар сахттарин вазъияти муқовимати ҳувиятӣ қарордошта нигоҳ дошта шуд. Ҷанги таҳмилӣ идомаи мантиқии стратегияи тоҷикситезии душманони қадимаи мо тоҷикон дар масири ҳазорсолаи охири таърихӣ буд.

Истиқлоли сиёсӣ дар зеҳну тафаккури миллат ангезаи эҳёи миллиро бедор сохта, ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро тақвият бахшида, барои ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакат дар равандҳои пуртазоди байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам сохт. Истиқлоли сиёсӣ авҷи бедории миллӣ ва худшиносии миллии мо тоҷикон мебошад.

Истиқлоли сиёсӣ ин озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф, қудратмандӣ, рамзи қудрату тавоноии миллӣ ва дар маҷмуъ рукни муҳимтарини давлатдории миллӣ ва ҳастии мо тоҷикон дар шароити мураккаби минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дар ҷаҳони муосир вобаста ба он таҳаввулоте, ки дар арсаи равандҳои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон ба амал омада истодааст, мазмуну муҳтавои истиқлоли сиёсиро ба як қатор дигаргуниҳо дучор сохтааст. Яъне истиқлоли сиёсӣ дар баробари равандҳои дигари ҷамъиятӣ ба ваҳдату субот ва амнияти дохилию хориҷӣ ниёз дорад. Аз ин нуқтаи назар ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакат дар фаросӯи зоҳиршавии таҳдидҳо ба истиқлоли сиёсӣ авлавияти старагегӣ касб намудааст.

Аз назари фалсафи сиёсат, истиқлоли сиёсӣ ҳолатест, ки дар он миллат ҳамчун як умумияти томи сиёсию таърихӣ сарнавишти имрӯза ва ояндаи худро ба даст гирифта, манфиатҳои умумимиллиро дар арсаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ҳимоя менамояд. Бидуни истиқлоли сиёсӣ на танҳо мавҷудияти давлатдорӣ, балки ҳимояи манфиатҳои миллӣ ғайриимкон аст.

Истиқлоли сиёсӣ волоияти ҳокимияти сиёсие мебошад, ки дар қаламрави мамлакат машруияти миллию дохилӣ ва дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ машруияти байналмилалӣ касб намуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ расман эътироф шуда бошад. Аз ин рӯ, машруият ҷавҳари арзишии истиқлоли сиёсиро дар муҳити дохилию берунаи системаи сиёсӣ ташкил медиҳад. Зеро истиқлоли сиёсиро дар дохил эълон ва дар хориҷ эътироф менамоянд. Ҳамчунин истиқлоли сиёсӣ озод будани як давлат аз тобеият ба давлати дигар буда, ифодакунандаи мустақилияти миллӣ дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ бидуни дахолати кишварҳои беруна мебошад.

Истиқлоли сиёсӣ аз нигоҳи мантиқи сиёсӣ ҳамчун раванд арзёбӣ мегардад. Аз ин ру, таъмини амнияти миллии мамлакат ва таъмини суботи сиёсии кишвар маънои ҳимояи истиқлоли сиёсии кишварро дорад. Таъмини амнияти миллӣ ин бешубҳа ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳим, манфиатҳои бақодорӣ, манфиатҳои ҳарбӣ ва ҳимояи истиқлоли сиёсист.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари ҷуғрофӣ дар чорсӯи тамаддунҳои гуногуни ҷаҳонӣ қарор дошта, бо онҳо ҳамҷавору дорои муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ мебошад. Мавқеи мазкур метавонад ба раванди ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар дар арсаҳои геополитикии минтақа ва ҷаҳон зарфияти таъсиргузор дошта бошад.

Ба андешаи мо, дар масири ояндаи таърихӣ истиқлоли фикрию рушди илмӣ, идеологияи миллӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, ҳимоя ва таҳкими заминаҳои маърифатии истиқлоли сиёсӣ, мувозинати стратегӣ ва таъмини тавозуни геополитикӣ дар фазои кишвар, иқтисод ва саноати пешрафта ва дар маҷмуъ рушди устувор метавонанд пояҳои истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раванҳои мураккаби минтақа ва ҷаҳон устувор намуда, натанҳо таҳдидҳо ба манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакатро бартараф месозад, балки метавонад барои расидан ба қуллаҳои баланди истиқлоли сиёсӣ дар масири давлатсозӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Таҳкими ваҳдати миллӣ пояи устувори истиқлоли сиёсист ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ маънои таҳким бахшидани ваҳдати миллист. Ба ибораи дигар, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли сиёсӣ ду мафҳуми ҷудонопазиранд.

Дар баробари ин истиқлоли сиёсӣ ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакат низ бо ҳамдигар алоқамандии ногусастанӣ дошта, аз нигоҳи мантиқӣ яке бо дигаре бартарию нерӯи нав бахшида, ҳамеша ҳамсафари давлатдории миллати тоҷик дар масири ояндаи таърихӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар таҳкими идеологияи миллӣ ва ваҳдати миллӣ пояҳои истиқлоли сиёсиро таҳким бахшида, ҳамчунин ягонагии миллиро дар масири устувор намудани пояҳои истиқлоли сиёсии тоҷикон низ ҳамчун умумияти томи сиёсӣ дар арсаи сиёсӣ ташаккул медиҳад.

Ҳамин тариқ, ифтихор аз истиқлоли сиёсӣ ва арзишҳои дунявият дар шароити рушди давлатдории миллӣ пеш аз ҳама ифтихор аз миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷикон буда, маънои дар сатҳи баланди худшиносӣ ҳимоя намудани манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакатро дорад.

БАРОТОВ ИСРОИЛ ИБРОҲИМОВИЧ,
муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои
амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед