Бо расидан ба Истиқлолияти давлатӣ барои Ҳукумати вақтии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои авлавиятноки давлатдорӣ муайян шуда буд. Барои кишвари тозаистиқлол ба роҳ мондани сиёсати фаъоли хориҷӣ самти мураккаб ва печида арзёбӣ мешуд. Яке аз мушкилиҳои асосӣ дар он замон набудани таҷрибаи кофӣ ва дастгоҳи лозима дар ин самт дониста мешуд. Зеро, то даврони соҳибистиқлолӣ, гарчанде Тоҷикистон узви фаъоли Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, аммо фаъолияти сиёсати хориҷӣ комилан аз марказ мудирият мегардид.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо самтгириҳоро дар бахши сиёсати хориҷӣ аз саҳифаи тоза оғоз ва муайян намуд, балки дастгоҳи сиёсати хориҷиро низ аз сифр бунёд намудааст.
Дар ин замина, пойгоҳи назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо равандҳои тағйирпазири ҷаҳонӣ такмил ёфтааст. Инчунин сиёсати хориҷии кишвар дар Конститутсия дарҷ ёфта, салоҳияти мақомоти давлатӣ дар ин маврид баррасӣ гардида, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дар бораи хизмати дипломатӣ ва созишномаҳои байналмилалии Тоҷикистон қабул шудаанд.
Имрӯз сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои бобарори фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз роҳу равиши муносиби ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тавонист, ки бо доираи васеи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои худро такмил диҳад. То имрӯз кишвари мо бо 181 кишвари хориҷӣ муносибати дипломатӣ барқарор кардааст, ки бо аксари аз онҳо созишномаҳои дуҷониба ба имзо расонида, ҳамкориҳои муштарак дар сатҳи баланд тавсеа ёфтаанд. Айни ҳол, дар шаҳри Душанбе беш аз 30 намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ кор ва фаъолият карда, беш аз 65 давлати дигар сафирони ғайримуқими худро дар Тоҷикистон таъин намудаанд. Намояндагиҳои аксари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва институтҳои молиявии ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон амал мекунанд. Инчунин, беш аз 40 намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ амал мекунанд. Тоҷикистон ҳамасола бо беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули молу маҳсулот анҷом дода, доираи ҳамкориҳоро дар самтҳои дигар, пеш аз ҳама, дар бахши иқтисод, ҷалби сармоягузорӣ, илм, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва ғайра васеъ ба роҳ мондааст.
Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои самараноки сиёсати хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дар таъсиси чанд созмони минтақавӣ, аз ҷумла ИДМ, СААД, СҲШ, инчунин Бунёди байналмилалии баҳри Арал чун кишвари муассис саҳм гузошта, пайваста барои боз ҳам фаъол будани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодии кишвар, пеш аз ҳама мусоидат намудан ба ҳалли 4 масъалаи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Ҳоло, дар Тоҷикистон бо иштироки сармояи хориҷӣ даҳҳо иншоотҳои бузургу миёна, аз қабили нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳу пулҳо, иншоотҳои муҳими саноатӣ сохта ба истифода дода мешаванд, ки дар ояндаи наздик имкониятҳо ва нерӯмандии иқтисодии кишварро боло хоҳад бурд. Татбиқи ин ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми сиёсати хориҷӣ дар ояндаи наздик амалӣ мегарданд.
Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо иродаи қавӣ ва дар пайравию дастгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд қадамҳои устувор гузошта, дар ояндаи наздик бо сарҷамъиву муттаҳидӣ Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаву мутараққӣ табил дода, обрӯю нуфузи кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд.
Ҳафизова А.С.,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон