Дар натиҷаи тезутунд гардидани бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо дараҷаи хатару таҳдид дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯз то рӯз боло рафта истодааст. Афзудани хатару таҳдидҳо вазъи равандҳои сиёсии минтақаҳои гуногуни оламро печидаву мураккаб намуда, дар баъзе мавридҳо ҷои шаҳомати дипломатияро зӯргӯйӣ ва ҷанг пур карда истодааст. Имрӯз дар бештари кишварҳо низоъҳо ва даргириҳо идома дошта, ба мураккаб гардидани ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодии башар боис мешавад. Инчунин, равандҳои ҷаҳонишавӣ дар печида гардидани вазъ таъсири бештар мерасонад.
Ҷаҳонишавӣ дар ибтидо ҳамчун раванд ё шакли баҳамоии давлатҳо, умумияткунии бештар, эҳтиром ба арзишҳои ҳамдигар арзи вуҷуд намуда бошад ҳам, баъдан боиси рақобати носолими байни баъзе аз кишварҳо гардид. Давлатҳои неруманд ҳадаф, фарҳанг ва арзишҳои хешро дар авлавият гузошта, ҷаҳонишавиро ҳамчун васила барои пиёда кардани мақсадҳои худ ва ҳамчун идеал намоиш додани фарҳанги худ ва ба сари дигар кишварҳо бор кардан истифода намуданд, ки боиси рақобати носолиму нобаробар, норозигӣ ва нофаҳмиҳо гардид.
Барои ҳамин, баргузории рӯзҳои фарҳангӣ ва ё ҳафтаҳои фарҳангӣ миёни мамлакатҳо амри зарурӣ барои тақвияти муносибатҳои мутақобила судманд гардида истодааст. Аз ҳамин лиҳоз, нақши рӯзҳои фарҳангӣ дар таҳкими равобити байни кишварҳо ва наздик намудани мардумон ва шинохту бардошти нек басо муҳим аст. Истифодаи дипломатияи фарҳангӣ ва баргузор кардани рӯзҳои фарҳангӣ яке аз усулҳо ва воситаҳои муосир дар таҳкими робитаҳо миёни давлатҳо арзёбӣ карда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ ва паси сар намудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зарурати баргузор кардани рӯзҳои фарҳангиро барои шинохт ва имиҷи мусбат, таҳкиму тақвияти муносибатҳои байниҳамдигарӣ комилан хуб дарк кардааст. Лозим ба таъкид аст, ки як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ барои батанзимдарорӣ ва истифодаи мақсадноки мероси фарҳангӣ қабул шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонавӣ”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби пешбурди феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои махсус ҳифзшавандаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” ва ғайра қабул шудааст.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баргузории рӯзҳои фарҳангӣ иқдомҳои ҷиддӣ ва қадамҳои устувору санҷидашуда гузошта шуд. Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои 2000 шуруъ карда, дар натиҷаи барқарор намудани равобит бо дигар кишварҳо баргузор намудани рӯзҳои фарҳангиро низ барои таблиғи мероси таърихию фарҳангӣ ва мустаҳкам намудани равобит пеш гирифт, ки ин боиси тақвият ва густариши натанҳо ҳамкориҳои сиёсӣ балки робитаҳои фарҳангӣ ба дигар давлатҳо гардид.
Бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории рӯзҳои фарҳангиро дар шакли дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ мондааст. Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангии худро дар Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Беларус, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Афғонистон, Фаронса, Олмон, Туркия ва дигар кишварҳо дар солҳои гуногун баргузор намуд. Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо дигар мамлакатҳо ба роҳ монад ва дипломатияи фарҳангиро дар ҷаҳони муосир ҳамчун василаи калидии мустаҳкам кардани робитаҳо бо самар истифода барад. Имрӯзҳо рӯзҳои фарҳангӣ барои такмил ва тақвият ёфтани дипломатияи фарҳангии тоҷик хизмати сазовор карда истодааст. Инчунин, рӯзҳои фарҳангӣ чеҳраҳои шинохтаи фарҳангии кишварро бо мардуми дигар давлатҳо муаррифӣ намуд. Ҳамчунин, рӯзҳои фарҳангӣ тавонист табодули фарҳангии миллати тоҷикро бо дигар халқҳо боло бибарад ва муносибатҳоро натанҳо дар чаҳорчӯбаи сиёсат, балки дар чаҳорчӯби фарҳанг низ рушду такомул диҳад.
Қобили қайд аст, ки Тоҷикистон дар шакли бисёрҷониба низ ҳамкориҳои фарҳангиро ба роҳ мондааст, ки ҷиҳати рушду ташаккули фарҳанг самараи хуб дода истодааст. Солҳои 2005 ва 2021 рӯзҳои фарҳангии кишвар дар ЮНЕСКО баргузор гардиданд, ки барои шинохт, имиҷ ва тавсеаи робитаҳо муҳим ва саривақтӣ мебошад. Лозим ба тазакур аст, ки намоиши “Тоҷикистон кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Фаронса беназир ба ҳисоб меравад. Намоишномаи мазкур симои дигари Тоҷикистонро муаррифий кард, ки бисёр хотирмон, диққатҷалбкунанда ва бардошти дигар миллатҳо комилан нав буд. Инчунин, дар СҲШ ҳам барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ хусусан, рӯзҳои фарҳангии кишварҳои узви созмон ба нақша гирифта шудааст, ки нақши он дар тақвияти робитаҳо беназир аст. Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ симои Тоҷикистонро ба таври пурра ва комил муаррифӣ менамояд, ки дар сиёсати хориҷӣ ва пешбурди дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм аз аҳаммияти хосса бархӯрдор мебошад. Ҳамчунин, иштироки чеҳраҳои фарҳангии мамлакат дар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ бешак, таъсири мусбат ва дар мустаҳкам гардонидани равобит нақши муҳим дорад.
Рӯзҳои фарҳангӣ боис гардиданд, ки мардумони дигар кишварҳо тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофару фарҳангӣ шиносанд. Ба суннатҳои мардуми тоҷик ва анъанаҳои ватандорию тамаддунсозии он ошноӣ пайдо намоянд. Аз илму маърифат, забон, урфу одатҳои мардумӣ ва ахлоқии миллати тоҷик бохабар шаванд.
Бояд тазаккур дод, ки рӯзҳои фарҳангӣ аз ҷониби Тоҷикистон на танҳо ҳамчун зарурати давлатӣ, балки ҳамчун неруи нарм низ истифода шуда истодааст. Дар як муддати кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист рӯзҳои фарҳангиро ба шакли комил барномарезӣ ва дар амал татбиқ кунад. Набояд фаромӯш кард, ки рӯзҳои фарҳангӣ нақши шоиста дар муаррифии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ дорад. Дар баробари ин, барои боз ҳам тақвият додани равобит ва шинохти беҳтари кишвар як қатор барномаҳо пиёда шуда истодааст.
Хулоса, шиддат гирифтани муборизаҳои идеологӣ водор месозад, ки баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ тақвият дода шавад, зеро ҷаҳонишавӣ худ муборизаи фарҳангӣ ҳаст ва дар шаклу воситаҳои гуногун бояд таблиғ гардад. Аз ин рӯ, вазъи кунунии ҷаҳон тақозо мекунад, ки рӯзҳои фарҳангӣ ҳарчи бештар баргузор карда шавад. Зеро баргузор кардани рӯзҳои фарҳангӣ барои Тоҷикистон самараи нек медиҳад ва симои кишварро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ боз ҳам ба таври шоиста муаррифӣ менамояд.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон