Ваҳдати миллӣ ҳамҷун падидаи сиёсию ҷамъиятӣ дар низоми рушди муносибатҳои миллӣ нақши калидӣ дошта, натанҳо асоси пойдории давлатӣ миллӣ балки асоси мавҷудияти миллати тоҷик ҳамчун умумияти томи сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Ба ибораи дигар, Ваҳдати милли санъати ба созиш омадан, ба дарёфти ризоияти умумимиллӣ расидан ва дар маҷмуъ ваҳдату ягонагии миллатро дар арсаи ҳастии сиёсӣ дарк намудан аст.
Ваҳдати миллӣ натиҷаи андешаи миллӣ, тафаккури миллӣ, иродаи миллӣ ва ҳуввияти миллию худогоҳии миллист. Сулҳ ва ваҳдати миллӣ тантанаи ақлонияти солим, тантанаи ормонҳои таърихии ҳазорсолаи миллати тоҷик ва рамзи давлатдории миллии тоҷикон дар шароити пуртазоди байналмилалӣ мебошад.
Бидуни шак, дурнамои рушди давлатдории миллӣ ва абадияти ормонҳои таърихии ҳазорсолаи миллати тоҷик аз идеологияи миллӣ вобастагии амиқ дорад. Ваҳдати миллӣ бошад ҳамчун афзалияти умумимиллӣ унсури таркибии идеологияи миллӣ маҳсуб мегардад. Агар идеяи миллӣ маҳаки асосӣ ва ё ҷавҳари идеологияи миллӣ бошад, пас идеяи сулҳу Ваҳдати миллӣ ҳамчун таҳкурсии бунёдии рушди сиёсии Тоҷикистон ниёзи таърихие буд, ки дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон нақши тақдирсоз гузошт.
Ваҳдати миллӣ ва таҳкими сулҳу суботи мамлакат бори дигар тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг муаррифи намуд. Маҳз Ваҳдати миллӣ боиси ба эътидол омадани суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида буд. Имруз фалсафаи ваҳдатофарии тоҷикон ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун падидаи байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ маъмул мебошад. Дар ин замина Ваҳдати миллӣ дар зеҳну тафаккури миллат ангезаи эҳёи миллиро бедор намуда, дар тақвияти шуури миллӣ ва худшиносии миллии қишрҳои мухталифи ҷомеа дар шароити соҳибистиқлолӣ такони ҷиддӣ дод.
Аз нигоҳи фалсафаи сиёсат, меъёри Ваҳдати миллии тоҷикон дорои се унсури таркибӣ, ки онҳо дар низоми давлатдории миллии тоҷикон хусусияти ҳаётан муҳими стратегӣ доранд ташкил медиҳад: манфиатҳои миллӣ, манфиатҳои ҳаётан муҳим ва арзишҳои меҳварии тамаддун.
Аввалан, манфиатҳои миллӣ талаботҳои объективие мебошанд, ки барои мавчудият ва рушду инкишофи давлату миллат дар вақту фазои муайян заруранд. Ризоияти умумимиллӣ ҳамчун заминаи Ваҳдати миллӣ тавонист ҳолати ҳимояшавандагии манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ таъмин намояд ва тоҷиконро ҳамчун умумияти томи сиёсӣ аз парокандагии миллӣ наҷот диҳанд.
Дуввум, Ваҳдати миллӣ тавонист барои таҳкими манфиатҳои ҳаётан муҳим, ки барои бақодории Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, аз қабили якпорчагии сулҳу ваҳдати миллӣ, манфиатҳои ҳарбӣ, ҳифзи пояҳои истиқлоли сиёсӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ дар рушди даватдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварад, ки дар натиҷаи пойдории сулҳу суботи сартосарӣ кишвар аз хатари нестшавӣ эмин нигоҳ дошта шуд. Зеро ҳавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эҳтимол дур набуд ва баъзе омилҳои аз даст рафтани истиқлолияти бадастомада низ имконпазир гардида буд. Омилҳои мазкур хатари дар арсаи сиёсӣ ҳамчун миллати воҳид боқи мондани тоҷиконро ба миён оварда буд. Аз ин ру дар аксар маврид Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти миллиро ду мафҳуми ҷудонопазир арзёбӣ намудан мувофиқи мақсад аст. Зеро ваҳдату ягонагии миллӣ сарчашмаи асосии истиқлои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Аз нигоҳи мантиқи сиёсӣ низ, истиқлоли сиёсӣ ҳамчун манфиати ҳаётан муҳими мамлакат ба ваҳдати миллӣ ва ҳимояи ҳамешагӣ ниёз дорад.
Севвум, Ваҳдати миллӣ барои ҳимояи арзишҳои меҳварии тамаддуни тоҷикон дар шароити муборизаҳои фарҳангии кишварҳои минтақа заминаи мусоид фароҳам сохт. Аз як тараф, мавҷудияти фарҳанги бою ғанӣ ва сунатҳои таърихии давлатдории ниёгон ба сулҳ ва ризоияти миллӣ боис гардида бошад аз тарафи дигар Ваҳдати милли гардиши куллиро дар рушду эҳёи миллии тоҷикон ба миён оварда, барои муаррифии шоистаи чеҳраи фарҳангии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоӣ як қатор кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун кафили сулҳ, ба сифати миёнарав дар ҳалли мухолифатҳои сиёсию идеологӣ баромад намуда, дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши назаррас гузоштанд.
Албатта бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани низоъҳои сиёсии мусаллаҳона ва оштии миллие, ки ба воситаи гуфтушунидҳо ба даст меоянд, пеш аз ҳама аз иродаи тарафҳои даргир, андешаи сулҳофарӣ ва иродаи умумимиллӣ вобастагии амиқ дорад. Бояд қайд намуд, ки омилҳои дохилии ҳалли низоъҳои сиёсӣ дар раванди ризоияти миллӣ нисбат ба омилҳои байналмилалии ҳалли мусолиҳатомези низоъ афзалияти хосса дорад. Зеро иродаи ҷонибҳои даргир муайянкунандаи динамикаи ҳалли мусолиҳатомези низоъи сиёсӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, агар тарафҳои низоъ хоҳиши ба созиш омаданро намедоштанд ва ё манфиатҳои сиёсии ҷонибҳо ба ҳам намеомаданд, дар он сурат ҳеҷ як созмони байналмилалӣ ва давлати хориҷӣ дар байни ҷонибҳои музокирашаванда сулҳ ва Ваҳдати миллиро таъмин карда наметавонист. Ҳолати мазкур исботи бевоситаи худро дар мисоли Афғонистон ва дигар кишварҳое, ки тули солҳои зиёд ба низоъи сиёсию қавмӣ гирифторанд ёфтааст.
Ваҳдати миллӣ кишварро аз тамоюли носолим боз дошта, барои ҳимояи абадияти ормонҳои ҳазорсолаи таърихии миллати тоҷик дар шароити пуртазоди муборизаҳои идеологию мафкуравии минтақа ва ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам овард. Бидуни шак, эҳёи давлатдории миллӣ ва густаришу равнақи арзишҳои дунявият барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик саҳифаи нави таърихро боз намуда, заминаҳои ватанхоҳиву худшиносии миллӣ ва давлатсозиро дар зеҳну тафаккури миллат ташаккул дод. Дар ин замина, муҳимтарин ҷанбаъҳое, ки арзиши таърихии созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро нишон медиҳад, пеш аз ҳама мавҷудияти тоҷикон ҳамчун умумияти томи сиёсӣ ва нигоҳдории давлатдории онҳо дар масири ояндаи таърихӣ мебошад.
Ба андешаи мо таҳкими идеологияи сулҳу ваҳдати миллӣ метавонад асосҳои бунёдии рушди давлатдории миллиро дар дурнамо тақвият бахшида барои рушди бомароми соҳаҳои мухталифи мамлакат мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, имрӯз мову Шумо бояд технологияи нигоҳ доштани сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро дар кишвари азизамон дарёфт намуда, онро таъмин намоем.
Вижагиҳои аҳамияти байналмилалии таҷрибаи сулҳи тоҷиконро метавон аз якчанд нуқтаи назар арзёбӣ намуд.
Авввалан аз нигоҳи амниятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ на танҳо амнияти миллии худ, балки амнияти миллии кишварҳои минтақаро аз таҳдиду хатарҳои зоҳиршаванда эмин нигоҳ дошта дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ қарор гирифт.
Ваҳдати миллӣ пеши роҳи хусусияти минтақавию байналмилалӣ касб намудани низои тоҷиконро гирифт. Аз ин нуқтаи назар таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар арсаи ҷаҳони ҳамчун дастоварди нодир эътироф шудааст. Аз тарафи дигар Ваҳдати миллӣ эътимоди ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки роҳи бебозгашти бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намудааст қавӣ сохт. Ваҳдати миллӣ обрӯ ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, заминаҳои рушди сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишварро дар шароити нави ҷаҳонӣ тақвият бахшид.
Бори аввал идеяи Ваҳдати миллии тоҷикон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Ман ба шумо сулҳ меорам» садо дода буд, ки он сароғози тавлиди идеологияи Сулҳу ваҳдати миллӣ дар рушди давлатдории миллии мо тоҷикон гардид. Аз ин нуқтаи назар Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди сарнавиштсози таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, барои рушди давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллати тоҷик нақши тақдирсоз дошт. Инчунин Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории сулҳу субот, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва рушди минбаъдаи кишвар аҳамияти бузург таърихӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди гуфтугӯи байни тоҷикон тавассути шуҷоати сиёсӣ, фарҳанги сулҳофарӣ, хиради сиёсӣ ва маданияти стратегии худ тавонист ҳамчун қаҳрамони миллӣ стратегияи бори дигар пароканда намудани миллати тоҷикро дар ҳам шиканад, ки имрӯз он барои ҳастии мо тоҷикон ҳамчун категорияи сиёсию таърихӣ арзиши ҳаётан муҳим дорад.
Метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи пойдор ва давомдор дар кишвари мо дастовард ва стратегияи музокироти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Воқеан ҳам, тоҷикон дар масири таърих борҳо ба таҳдиду хатрҳои пуриқтидоре, ки боиси парокандагии онҳо гардидаанд дучор шудаанд, вале маҳз тавассути забону фарҳанг ва ҷонфидоиҳои фарзандони фарзонаву қаҳрамони хеш аз нав эҳё шуда ҷойгоҳи намоёни хешро дар сақфи таърих нигоҳ доштаанд.
Низоъи таҳмилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари идеологияи геополитикии доираҳои манфиатдор бояд хусусияти фаромиллию фаромарзӣ касб менамуд. Бар хилофи иродаи гуруҳҳои дохилӣ ва субъектҳои байналмилалие, ки аз сулҳи тоҷикон манфиатдор набуданд, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавонист сулҳу суботро дар кишвар таъмин намуда, дар ин замина интиқоли тарҳи нооромиҳоро ба кишварҳои минтақа боз дорад.
Имрӯз, ҳар як фарде, ки худро узви ҷудонашавандаи миллати дар масири таърих борҳо ҷафодидаи тоҷик маҳсуб медонад бояд дар ин марҳилаи нисбатан ҳассоси таърихӣ рушанфикр бошад ва ба сифати як миллати ҳушманд Ваҳдати миллиро ҳамчун унсури таркибии идеологияи миллию давлатӣ дар амалияи ҷамъиятӣ сармашқи кори хеш созад.
Дар умум метавон хулоса намуд, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун қосид ва кафили сулҳу амният ва Ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуд.
Сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамзистии осоишта, амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ, ҳолати ҳимояшавандагии манфиатҳои миллию бақодорӣ ҳадафҳои стратегие мебошанд, ки мантиқан якдигарро пурра менамоянд ва рушду инкишофи мамлакатро бидуни онҳо тасаввур намудан ғайриимкон аст. Оғози марҳилаи сифатан нави рушду инкишофи давлатдории тоҷикон низ дар заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва амнияти миллӣ ба миён омадааст ва тамоми муваффақиятҳои дохилию байналмилалии кишвар ҳамчун самараи Ваҳдати миллӣ ба дастовардҳои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гиреҳ хурдааст. Аз ин нуқтаи назар Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ такягоҳи асосии рушди бонизом, бомаром ва бемайлони кишвар дар шароити ивазшавии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Воқеан ҳам баъди ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ Тоҷикистон бо сабабҳои субъективӣ ва объективӣ ба гирдоби кашмакашиҳои даҳшатангез кашида шуда буд. Албатта дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонист ба масоили рушду инкишофи соҳаҳои алоҳидаи кишвараш таваҷҷуҳи хос зоҳир намояд. Дар он замон масъалаҳои ҳаётан муҳим, масъалаҳои ҳимояи бақодорӣ ва масоили ҳастии давлату миллати тоҷик авлавияти стратегӣ дошт. Зеро дар он шароит хатари аз байн рафтани давлату миллати тоҷик ба миён омада буд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нахустини соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои бақодарию ҳастии тоҷикон ва асосҳои бунёдии давлату давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамуд.
Ҷанги таҳмилӣ хисороти худро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ворид сохта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз раванди рушду инкишоф боз дошта таъсири манфии худро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз қабили илм, иқтисод, фарҳанг, иҷтимоиёт ва махсусан инкишофи муносибатҳои миллӣ расонид, ки дар маҷмуъ боиси фоҷеаи умумимиллӣ гашт.
Дарку бардошти табиату моҳияти Ваҳдати миллии тоҷикон танҳо ба касоне муяссар мешавад, ки онҳо ҳуввияти миллӣ, мафкураи миллӣ, ва худогоҳии миллӣ дошта бошанд. Танҳо тоҷики ҳушманду хирадгаро арзиши миллии сулҳу ваҳдатро пай бурда метавонад.
Бале, мутаассифона як қатор ватанхоҳони худхоҳу дуруғин, ки замоне ба сангари ормонҳои миллии ҳазорсолаи таърихии тоҷикон шабохун зада, пайкари давлату миллати тоҷикро оғуштаи хуну халаф намуда буданд, имрӯз низ бар хилофи иродаи мардуми Тоҷикистон на танҳо нисбат ба Ваҳдати миллӣ, балкӣ, нисбат ба давлатдории миллии тоҷикон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ муносибати оштинопазир доранд. Мардуми шарифи Тоҷикистон набояд аз назарфиребиҳои хоинони ватану миллат дар аҷаб бошанд. Зеро мавҷудияти гуруҳҳо ва равияҳои тоҷикситез таърихи зиёда аз дуҳазорсола доранд.
Ваҳдати миллии тоҷикон аз ибтидо мухолифони худро дошт. Маҳсусан дар раванди музокироти байни тоҷикон як гуруҳ душманону хоинони миллати тоҷик рӯирост бар зидди раванди сулҳ ва ваҳдати миллӣ монеаҳо эҷод менамуданд. Онҳо ба сифати нерӯҳои марказгурез ба фаъолияти сулҳофарии Роҳбарияти олии мамлакат бо шакку шубҳа менигаристанд. Вале маҳз сиёсати сулҳҷӯёнаву дурандешона, сиёсати санҷидашудаву ваҳдатофарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, – Пешвои миллат, Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳттрам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба фалсафаи ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон ҳикмати маъни занад ва давлату миллати тоҷикро аз тангнои ҳуввияти миллию фарҳангӣ ва аз вартаи фалокату нестшавӣ наҷот диҳад.
Шояд дар замири миллати тоҷик ҷавҳаре нуҳуфта буд, ки дар сиёсати ҷаҳонӣ моҳирона мавриди истифода қарор гирифт? – Нуқтаи назарест басо ҷолиб!
БАРОТОВ ИСРОИЛ ИБРОҲИМОВИЧ
муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои
амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон