Рӯзи 5 июли соли 2022 ҷаласаи Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода кушода, доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2022 ва нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти Марказ барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ба таври муфассал гузориш дод.
Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов ва чанд нафар узви Шӯрои илмии Марказ пиромуни бурду бохти фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар шаш моҳи соли 2022 ва нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти раёсатҳои Марказ барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.
Музокирачиён дар қатори аҳаммият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи Марказ камбудиву норасоиҳоро низ гуфта гузаштанд. Онҳо барои боз ҳам беҳтар гардидани он тавсияҳо доданд ва доир ба фаъолияти минбаъдаи илмию таҳқиқотии Марказ ва ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ таклифҳои муфиду арзишманд пешниҳод намуданд.
Дар охир мушвири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода дар бораи бурду бохти фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2022 ибрози андеша намуда, фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатиро дар ин давраи ҳисобот мусбат ва қаноатбахш арзёбӣ кард.
Ҷаласаи Шӯрои илмии Марказро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба аҳли кормандони Марказ барори кор ва комёбиҳо орзу намуд.
Ҳамоиш дар фазои озод, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон