Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти навбатии  “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар ҳамоиш сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ Зубайдулло Давлатов дар бораи фасли якуми китоби “Тоҷикон” таҳти унвони “Сохти ҷамоати ибтидоӣ ва заволи он дар сарзамини Осиёи Миёна” машғулият гузаронид ва ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш дод. Сипас ҳозирин пиромуни ин шоҳасар фикру андешаҳои арзишманд баён намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки мардуми тоҷик ба василаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров  барои худшиносӣ, ташаккули ҳувияти миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ  ба омӯхтани таърихи гузаштаи худ рӯ овард. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: “Академик Бобоҷон Ғафуров умри худро ба таҳқиқ ва эҷоди таърихи миллаташ бахшид ва хушбахтона, ба мурод расид. Вай бо чопи шоҳасари бузурги худ– “Тоҷикон” на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт…

Арзиши илмии “Тоҷикон” бениҳоят бузург аст. Бобоҷон Ғафуров бо ин иқдоми нек ва заҳмати пурбаҳояш на танҳо саҳифаҳои таърихи рангини миллати тоҷик ва мардуми ҳамзабони мо, балки таърих ва роҳи тайкардаи халқҳои ӯзбеку қирғиз ва қазоқу туркманро то андозае ба хонанда ошно сохт. Ин хидмати рустамонаи Бобоҷон Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст, зеро осори пурқимати илмиаш чун беҳтарин омӯзгор ба мо ва насли оянда сабақ меомӯзад.

Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем. Дар ин роҳи пуршараф чопи осори гаронбаҳои академик Бобоҷон Ғафуров барои барафрӯхтани эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мадад хоҳад расонд”.

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои илмӣ ва Шӯрои олимони ҷавони Марказ дар асоси китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров нақша-чорабинии алоҳида барои тадрис ва омӯзонидани кормандони Марказ таҳия гардид, тибқи он ба мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати таърихии кормандони илмӣ ҳар ҳафта машғулияти маҳфили “Тоҷикон”-хонӣ” доир карда мешавад.

Маҳфил “Тоҷикон-хонӣ”-ро роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 

Маркази матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед