ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии дурӯза ба Узбекистон мераванд.
Рӯзномаи мулоқоти роҳбарони ду кишвари бародар масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон, густариши ҳамкории амалӣ дар самтҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобилан судмандро дар бар мегирад.
Таваҷҷуҳи махсус ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту логистика, энергетика ва дигар бахшҳо, инчунин идома додани робитаҳои анъанавии наздики байниминтақавӣ ва табодули фарҳангию гуманитарӣ зоҳир карда мешавад.
Дар назар аст, ки сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба рӯзномаи кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намоянд.
Доир ба натиҷаҳои нишаст баимзорасонии бастаи санадҳои дуҷониба дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи омодагӣ ба сафари сатҳи баланд 30 майи соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати нахуствазирони ду кишвар ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд. Дар чаҳорчӯби сафари Сарвари Тоҷикистон ба Узбекистон дар шаҳри Тошканд бо ширкати корхонаҳои пешрафтаи ду кишвар баргузории форуми тиҷоратии соҳибкорон дар назар аст.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, интизор меравад, ки дар чаҳорчӯби сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Узбекистон имрӯз, 1 июн дар Тошканд миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон дар таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» конфронси муштараки илмию амалӣ баргузор шавад.
Ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур — таҳкими робитаҳои илмӣ, таҳияи дидгоҳи муштарак оид ба рушди устувор дар минтақа ва фароҳам овардани фазои муколамаи дарозмуддат дар Осиёи Марказӣ мебошад.