ДУШАНБЕ, 29.05.2022. /АМИТ «Ховар» /. 29 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон ворид шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти хоса гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Майдони фурудгоҳи байналмилалӣ ба хотири пазироии меҳмони олимақом бо парчамҳои давлатии Тоҷикистону Эрон ва шиорҳои таҷассумкунандаи дӯстию ҳамкории ду кишвар идона оро ёфта буд.

khovar.tj

Чоп кунед