Рӯзи 27 майи соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи “Раванди ташаккули “буҳрони Афғонистон” ва таъсири эҳтимолии он ба фазои сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ: нигоҳ аз Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатии кишварамон, олимону коршиносони масоили байналмилалӣ ва васоити ахбори ватанӣ ширкат варзиданд.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода кушода, зимни суханронии ифтитоҳӣ баргузории чунин ҳамоишро муҳим арзёбӣ карда, зимнан қайд кард, ки Афғонистон яке аз наздиктарин ҳамсояҳои ҷанубии Тоҷикистон аст, аз ин рӯ, кишвари мо наметавонад ба ҳодисаҳо ва равандҳои дар ин кишвар ҷойдошта бетафовут бошад. Дар баробари ин, ҳудуди бештари аҳолии Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд, ки ин воқеият ҳамбастагии моро бо ин кишвар бештар мегардонад.
Бояд тазаккур дод, ки бо гузашти беш аз даҳ моҳи ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ, шиддатгирии сатҳи фақр ва авҷи буҳрони иқтисодӣ дар кишвар, баста шудани дари муассисаҳои таълимии духтарона, торафт мушкил шудани шароити иҷтимоии мардум вазъ дар ин кишварро боз ҳам печидатар намудааст. Дар шароити имрӯзаи байналмилалӣ бар асари ҳаводиси Украина дар пасманзари таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтани баҳодиҳии вазъи дохилии ин давлат талошҳоро барои мавқеъгирии кишварҳо дар рӯ ба рӯи ин падидаҳо камрангтар сохтааст. Зимнан зуҳури ҳарчӣ бештари ноамниҳо умедвории ҷомеаи ҷаҳониро ба ваъдаи симои сиёсии худро тағйир додани ҳокимияти амалкунанда ва ҳамчун неруи солими бо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳукумат намуданашон камтар мекунад.
Яъне пас аз ба сари ҳукумат расидани гурӯҳи “Толибон” тақрибан даҳ моҳ сипарӣ мегардад ва тавре мушоҳида мешавад, вазъ дар Афғонистон ҳамоно тамоюли манфӣ дошта, таҳдидҳои амниятӣ ва бесуботӣ ба авҷи худ расидааст. Дар натиҷаи идома ёфтани бесуботии сиёсиву амниятӣ дар Афғонистон гурӯҳҳои дигари террористӣ, аз қабили “ДОИШ–Хуросон”, “Ал-Қоида”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ” ва монанди инҳо дубора рӯйи саҳна омада, муборизаи худро алайҳи “Толибон” фаъол намудаанд. Дар натиҷа, Толибон, ки пештар то ҳадде бо ин гурӯҳҳо робита дошта, зидди ҳукумати марказӣ меҷангиданд, айни замон ҳукумати онҳо аз ҷониби ин қувваҳо зери хатар қарор гирифтааст. Ин вазъ ба гурӯҳи “Толибон” имкон намедиҳад, ки фаъолияти сиёсии худро ба таври муътадил пешбарӣ намуда, мақом ва ҷойгоҳи ҳукумати хешро дар қаламрави кишвар устувор намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори он аст, ки дар кишвари ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои созанда зиндагӣ кунем. Бо назардошти он ки кишвари мазкур ба буҳрони амиқи гуманитарӣ мувоҷеҳ гаштааст, дар чунин шароити баамаломада Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо шарикони байналмилалии худ тамоми имкониятҳои логистикии худро барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми азиятдидаи Афғонистон пешниҳод намудааст. Ҳамчунин, дар Паёми худ Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯйӣ намояд. Гардиши молу хизматрасониҳо ҳам то андозае ба роҳ монда шудааст, вале он муносиб ба иқтидору талаботи ҳарду ҷониб нест. Монеаи асосӣ дар ин самт мавҷудияти таҳдидҳои амниятӣ ба шумор меравад.
Табиист, ки дар пасманзари мушоҳида ва таҳлили ҳодисаҳои моҳҳои охир дар ин кишвар ба вуқӯъ пайваста нигаронии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хатари мубаддалшавии Афғонистон ба паноҳгоҳи амни гурӯҳҳои террористие, ки ин минтақаро зери таҳдиди амниятӣ қарор додаанд, меафзояд. Новобаста аз изҳори омодагӣ барои роҳ надодан ба истифодаи сарзамини Афғонистон ба пойгоҳи таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аммо “Толибон” бар асари собиқаи таърихии ҳамкорияшон бо онҳо наметавонанд пурра вориди муқовимат бо гурӯҳҳои амалкунандаи террористӣ шаванд.
Илова бар ин, бар асари шиддат гирифтани ихтилофоти дохилӣ ва эҷоди ноамниҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсарҳад ҳодисаҳои Афғонистон метавонад паёмадҳои манфиро барои кишварҳои Осиёи Миёна ба бор оранд. Буҳрони имрӯзаи ҷаҳонӣ ихтилофоти мавҷудаи дохилии ин Афғонистонро боз ҳам вахимтар сохта, бо дахолати доираҳои берунӣ эҳтимоли таҷзияи кишварро дар байни гурӯҳҳои низомию сиёсӣ дар пай дорад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият дар таъмини амнияти минтақавӣ вазъиятро таҳти назорат қарор додааст ва яке аз пешниҳодҳои муҳимми Пешвои миллат дар ин самт ташкили камарбанди амниятӣ дар атрофи сарҳадоти муштараки минтақавӣ бо ин кишвар аст, ки он то ҳол аҳаммияти худро гум накардааст. Зеро Афғонистон кишваре мебошад, ки носуботӣ дар он ба тамоми кишварҳои минтақа ва фаротар аз он таҳдид мекунад. Инчунин, масъалаи дигаре, ки метавонад имрӯз ба раванди таҳаввули вазъи сиёсию низомӣ дар Афғонистон таъсиргузор бошад, масъалаи ба гирдоби озмоишҳои бузурги геополитикии марбут ба эҷоди танишҳо дар қитъаи Осиёи Ҷанубу шарқӣ кишидани ин кишвар аст. Татбиқи ин амал ҳавасмандиро барои дар ҳолати ҳарчи бештар тӯлонитар нигоҳ доштани вазъи ноустувори ин кишвар ба хотири эҷоди садду монеъаҳои амниятию рушди мамлакатҳои рақиби минтақавӣ барои абарқудратҳо меафзояд. Яъне барои парваришу содироти омилҳои амниятзудои минтақавӣ Афғонистон ҷойгоҳи муносиб дониста мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди барқарории ҳамкориҳои сиёсӣ бо Афғонистон дар мавқеи худ устувор аст ва он аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии мамлакат аллакай возеҳу равшан баён шудааст. Айнан кулли кишварҳои дунё ва ташкилоту созмонҳои байнамилалӣ аз чунин мавқеъ баромад мекунанд ва дар меҳвари он ташкили ҳукумати фарогир, эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи сокинони мамлакат қарор дорад,– хулоса намуд Хайриддин Усмонзода.
Сипас саркотиби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Қосимшо Искандаров дар мавзуи “Эҳтимолияти таҳдиди “Толибон” ба вазъи сиёсиву амниятии Осиёи Марказӣ”, директори Маркази таҳқиқоти геополитикии Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон (ДСРТ), доктори илмҳои таърих, профессор Гузел Майтдинова дар мавзуи “Самти ҷанубии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити идомаи буҳрон дар Афғонистон”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Холиқов дар мавзуи “Ҳукумати “Толибон” ва тағйири геополитикаи Осиёи Марказӣ”, коршиноси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ғиёсов дар мавзуи “Қудратгирии “Толибон” дар Афғонистон ва мушкилоти эҳтимолии фарорӯйи Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ”, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Маҳрамбеков дар мавзуи “Нақши дин дар заминагузории буҳрони Афғонистон”, досент, номзади илмҳои таърих Академияи идоракунии давлати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодиров дар мавзуи “Ба сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон ва паёмадҳои он барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” суханронӣ намуданд ва ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан иштирокчиёни мизи гирд пиромуни маърузаву суханрониҳо фикру андешаҳои муфид ва арзишманд иброз карданд.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни нишаст барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон