Рӯзи 26 майи соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи “Инъикоси масоили иҷтимоӣ дар паёмҳои Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.
Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳимми стратегиест, ки дар он дастовардҳои асосии замони соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор ёфтаанд.
Ҳамзамон, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диди хеле амиқ ва ҳаматарафа санҷидашуда доир ба таҳлили вазъи мавҷудаи ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ва пешбинии самти инкишофи он барои солҳои минбаъда ҷой дода шудааст. Мутолиа ва дарки муносиби муҳтавои Паёми Пешвои миллат ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир, зарфияти таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол то сол бештар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком мебахшад. Муқоисаи рақамҳои оморие, ки дар Паём барои нишон додани суръати рушди ватанамон дар самти иҷтимоӣ оварда шудаанд, дар замири ҳар фарди ин диёр ҳисси баланди ифтихору масъулиятнокиро ба вуҷуд меоварад.
Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати баландбардории сифати рушди инсониро тавассути татбиқи чорабиниҳои муҳимму самаранок дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, иқтисодиёт, маориф, шуғли аҳолӣ, соҳибкории истеҳсолӣ ва ғайра таъкид намуданд. Таъмини иҷрои ин масъала барои ҳамаи мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ муфассал асоснок карда шуд. Дар ин самт тақвият бахшидани ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, муҳайё намудани ҷойҳои иловагии корӣ, инчунин ворид намудани технологияи муосир, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, мусоидат намудан ба таъсиси ҷойҳои кории сифатан нав ва таъмини музди кори арзанда дар бахши давлатию хусусӣ, бунёди шумораи зиёди корхонаҳои нав дар соҳаи саноат аз ҳадафҳои афзалиятноки минбаъдаи давлат арзёбӣ гардиданд.
Дар баробари ин, ҳал намудани мушкилот ва масъалаҳои мавҷудаи ҷавонон, масъалаи маориф ва таълиму тарбия, масъалаи ҷалби онҳо ба омӯзиши илмҳои дақиқ, масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон аз самтҳои асосии фаъолияти давлат дониста шуданд. Дар робита бо ин як қатор дастуру супоришҳое баён гардиданд, ки дар партави онҳо ҳалли масъалаҳои умдаи ба ҳаёти ҷавонон алоқаманд бояд ҳамеша мадди назар қарор гиранд. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромада аст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва азхуд кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Пешвои миллат такроран хотирнишон сохтанд, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд.
Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат вобаста ба масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ махсус таъкид гардид, ки кишвари мо барои ташкили муассисаҳои истироҳатию тандурустӣ, сохтмони иншоотҳои курортию санаторӣ, базаҳои сайёҳӣ имкониятҳои калон дорад. Самаранок истифода бурдану инкишоф додани онҳо вазифаи умумидавлатӣ ва махсусан соҳибкорон буда, бо ин роҳ кафолати таъмини талаботи иҷтимоии мардумро боз ҳам ривоҷ додан мумкин аст. Бо дарназардошти мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ, манбаъҳои нодири табиӣ, имкониятҳои васеи рушди сайёҳию кӯҳнавардӣ ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷиро барои ҳифз ва рушди ин соҳаҳо афзун намудан зарур аст. Барои дар амал татбиқ гаштани ин ҳадаф ширкатҳои сайёҳӣ аз андоз барои панҷ сол озод карда шуданд.
Ҳамин тавр, дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, масъалаҳои худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи истиқлоли сиёсӣ, пойдории ваҳдату суботи кишвар дастурҳои мушаххасе пешниҳод шудаанд, ки муҳиммият ва эътибори авалиндараҷаро талаб менамоянд. Паёми навбатӣ барномаи рушди Тоҷикистони азиз ва некуаҳволии миллат аст.
Бояд таъкид намуд, ки ҳама андеша, тавсия ва пешниҳодҳои арзишманду муҳимми иштирокчиёни ҳамоиш ба инобат гирифта мешаванд ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд. Умед дорем, ки нишасти имрӯза барои таҳкими минбаъдаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти иҷтимоӣ дар кишварамон мусоидат хоҳад кард.
Сипас тибқи барномаи мизи гирд сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзуи “Инъикоси масоили иҷтимоӣ дар паёмҳои Пешвои миллат”, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Олимҷон Қосимов дар мавзуи “Масъалаҳои рушди забон дар партави Паёми Пешвои миллат”, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири бахши муҳоҷирати аҳолии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Анвар Бобоев дар мавзуи “Муҳоҷират ва таъсири он ба рушди иҷтимоӣ ва некуаҳволии шаҳрвандон”, номзади илмҳои педагогӣ, мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Дастам Маҳкамов дар мавзуи “Инъикоси масъалаҳои маориф дар паёмҳои Пешвои миллат”, муовини сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Қурбонализода дар мавзуи “Нақши Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим”, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи кори иҷтимоии факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қурбон Гиёев дар мавзуи “Барнома ва стратегияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ: дастовардҳо ва мушкилот”, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Худойдодова дар мавзуи “Шинохти зан ва инъикоси мақоми ӯ дар Паёми Пешвои миллат” маъруза карданд. Баъдан пиромуни суханрониҳо ибрози назар ва табдули афкори арзишманд сурат гирифт.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.
Дар кори мизи гирд мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон