Рӯзи 17 майи соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон: пайомадҳои сиёсию идеологӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки васоити ахбори оммаи кишвар, аз ҷумла, яке аз ҷузъҳои таркибии муҳимми имрӯзаи он, яъне шабакаҳои иҷтимоӣ, аз рукнҳои устувори ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбанд ва дар инъикоси воқеии ҳаёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, бунёди Тоҷикистони навин, баланд бардоштани имиҷи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, роҳандозии ислоҳот дар ҷомеа, ҳифз ва рушди фазои иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот метавонанд нақши боризи худро гузоранд. Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда муносибатҳои мутақобилан судманди давлат ва васоити ахбори омма муназзам ба роҳ шудааст ва онҳо пайваста такмил меёбанд ва иртиботи гуногунҷанбаи судмандро ба роҳ мемонанд.
То имрӯз вобаста ба соҳаи иттилоот дар ҷумҳурӣ бештар аз даҳ қонун, як консепсия ва як стратегияи давлатӣ қабул карда шудааст, ки моҳияти умумии онҳо аз тавсеа ва рушди ин соҳа, таъмини дастрасии бештари шаҳрвандон ба иттилоот мебошад. Илова бар ин меъёрҳое, ки ба озодии сухан ва афкор, озодии матбуот ва дигар паҳлуҳои фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва уҳдадориҳои кормандонашон дахл доранд, дар қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии кишвар ҷой дода шудаанд. Қарорҳои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд, ки масъалаву ҳолатҳои мушаххаси фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мамлакатро танзим мекунанд.
Дар заминаи чунин фазои мусоиди ҳуқуқӣ хушбахтона, сол то сол расонаҳои нав ба майдон меоянд ва фазои иттилоотии кишварро комил мекунанд. Айни ҳол дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 376 рӯзнома, 245 маҷалла, 319 чопхона, 71 нашриёт, 11 агентии иттилоотӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ин рақамҳо мутаносибан 26,8 дарсад муассисаҳои давлатӣ ва 73,2 дарсад муассисаҳои хусусию ҷамъиятиро ташкил дода, аз рушди мунтазами соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳанд. Вале на ҳамаи ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар ин соҳа имконияти ба таври системавӣ қудрати комили ба танзим даровардану идора кардани муносибатҳои иттилоотиро доранд. Аз ҷумла, танзими фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои сиёсию маънавӣ ва таъсири онҳо ба амнияту суботи кишвар яке аз масъалаҳои мубрам боқӣ мемонад. Ҳамагон имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки муборизаҳои иттилоотӣ ба омили асосии барҳам задани оромиву субот дар баъзе кишварҳо мубаддал шудааст. Рақобати аксари кишварҳоро пайваста дар баробари амалҳои дигар, инчунин, муборизаҳои шадиди иттилоотӣ ҳамроҳӣ мекунанд ва ҳар як ҷониб барои маҳкум намудани якдигар ва ба вуҷуд овардани ҳисси нафрати сокинон нисбат ба дастгоҳи марказӣ аз хизмати шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун истифодабарандаи хизматрасониҳои шабакаҳои бузурги фаромиллӣ бояд пайваста ба омӯзиши саривақтии паёмадҳои ногувори чунин падидаҳо таваҷҷуҳ намояд ва дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пешниҳодҳои таҳлилию машваратӣ тадбирҳои муносиби ҳадафрас андешад. Ҳамчунин ба омодасозии мутахассисони самти веб-журналистика, барномасозӣ, робита бо ҷомеа ва ғайра дар заминаи фарогирии малакаи истифодаи фанновариҳои пешрафтаи иттилоотӣ диққати бештар диҳад. Дар ин замина омӯзиши таҷрибаи низоми иттилоотии кишвари пешрафта низ дар мавриди маҳдуд, масдуд кардани ҳузури контенту шабакаҳои алоҳидаи талаботи қонунгузории кишварро риоянакунанда бояд мадди назар бошад. Тибқи маълумоти таҳқиқоти маҷозии доирнамудаи яке аз муассисаҳои бонуфузи пажӯҳишӣ бештар аз панҷсад шабакаю саҳифаҳои интернетӣ дар Телеграм, Фейсбук, Инстаграм, Твиттер, Ютуб, Вконтакте, Одноклассники ва ғайра ошкор шудаанд, ки аз ҷониби ташкилотҳои ифротгаро дар фазои Осиёи Марказӣ мавриди истифода будаанд. Ба ин шабакаю саҳифаҳо худро 174 ҳазор нафар номнавис карда бошанд ҳам, вале миқёси воридшавии аслии корбаронро натиҷаҳои таҳқиқот бештар аз миллион нафар тахмин мезананд. Мушкилии дақиқан муайян кардани теъдоди онҳо аз он иборат аст, ки онҳо бештар аз хизматрасониҳои рамзишудаи шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз ташкилотҳои ифротгаро пас аз шикасти муборизаи ошкоро бо рақибони худ акнун фаъолона аз саҳнаҳои пешниҳоднамудаи фазои иттилоотии интернетӣ истифода мебаранд. Яъне ифротгароёни онлайнӣ (маҷозӣ) пайваста малакаи корбарии иттилоотии худро дар баробари монеаҳои эҷодшаванда такмил медиҳанд ва ҷомеаи мо низ бояд дар баробари истеҳкомбахшии ҳудуди физикияш, инчунин, барои ҳифзи ҳудуди рақамии худ пайваста тадбирҳои муассир андешад, зеро имрӯзҳо бисёре аз мудохилаю таъсиррасониҳо ба ҳаёти ҷамъиятии кишварҳо дар заминаи рахнасозии ҳудуди рақамии онҳо сурат мегирад ва хисороти чунин амалҳоро пешбинӣ намудан аксар маврид мушкил аст.
Дар натиҷаи афзоиши чунин таъсиррасонии васоити иттилоотии муосир ба зеҳни омма падидаи наве тамоюли ташаккулёбиро касб кардааст, ки онро ҷомеашиносон бо мафҳуми хоси “афкори маҷозии омма” арзёбӣ мекунанд. Падидаи мазкур бо усули ташаккул, суръату доираи фарогирияш аз усулҳои барои барандагони анъанавии иттилоотии маъмул куллан фарқ мекунад. Ҷиҳати умумии онҳоро бо ҳамдигар васлдиҳанда он аст, онҳо ҳарчи бештар мекӯшанд инсонро дар иҳотаи иттилоот қарор диҳанд, то ин ки барояш фурсати ками мустақилона фикр кардану ба қарори санҷидашуда омаданро боқӣ гузоранд. Бинобар ин, ҳарчанд баъзеҳо гумон мекунанд, ки афкори омма маҳсули раванди стихиявӣ аст, вале таҳқиқи қонуниятҳои ташаккулёбии он манзараи мураккаби аз мақеи манфиатҳои муайян идорашавандаи онро пеши назар ҷилва медиҳад.
Ҳамин тавр, шабакаҳои иттилоотӣ имрӯзҳо на танҳо ба арсаҳои бузурги муоширати сиёсӣ табдил ёфтаанд, балки дар онҳо ҳамзамон, ҳузури сензураи ба таври худкор полоишдиҳӣ, таҳриркунии матолиби дарҷшаванда аз нигоҳи манфиатҳои гурӯҳҳои пасипардагию дастҳои ноаён бештар мегардад. Ҳарчанд аз нигоҳи сиёсӣ машрӯъияти чунин шакли маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон баҳсбарангез аст, вале новобаста аз ин таъсири ногувори он ба таъмини суботи низомҳои ҷамъиятӣ ҳамарӯза меафзояд ва вобастагии ташаккули афкори ҷамъиятӣ низ рӯз ба рӯз ба ин сарчашмаҳои иттилоотӣ зиёдтар мегардад.
Дар давоми шаш-ҳафт соли охир дар фазои интернет шабакаҳои тоҷикии хусусияти оппозитсионидошта низ бо як суръати том яке паси дигаре ба вуҷуд омада, фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иттилооти бардурӯғу иғвоангези зиддиҳукуматӣ пур намуданд.
Барои фаъолияти пурсамари васоити ахбори омма (ВАО), ба андешаи мо, иҷрои корҳои зерин, аз ҷумла, таъмин кардани шаҳрвандон ҷиҳати дастрасӣ ба иттилооти воқеӣ ва гуногунҷанба ба василаи воситаҳои ахбори омма ва ширкати фаъолонаи он дар инъикоси самтҳои гуногуни идоракунии давлат ва ҳаёти ҷамъиятӣ; бо дарназардошти шиддат ёфтани ҷанги иттилоотӣ дар замони муосир, ба ҳайси аслиҳаи пуриқтидор истифода шудани иттилоот аз ҷониби кишварҳои абарқудрат, ки метавонанд ҳама гуна сарҳадотро убур кунанд, таҷҳизонидани ниҳодҳои марбута бо технологияҳои муосири иттилоотӣ; роҳандозӣ намудани паҳн ва интишор додани иттилоот тавассути технологияҳои нави иттилоотиву иртиботӣ (коммуникатсионӣ); зиёд намудани маблағгузории давлатӣ дар самти ҳифзи фазои иттилоотии кишвар, хусусан шабакаи ҷаҳонии интернет; ворид кардани таҷҳизоти замонавӣ барои беҳтар кардани сатҳу сифати кор дар марказҳои иттилоотӣ, идораи нашрияҳо, аз ҷумла матбуот, радио ва телевизион зарур ҳисобида мешавад.
Дар бахши якуми конфронси илмиву амалӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар мавзуи “Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон: пайомадҳои сиёсию идеологӣ“, прокурори шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои киберии Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдумаҷид Саидзода дар мавзуи “Ҳифзи манфиатҳои миллӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ”, директори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Саъдӣ Маҳдӣ дар мавзуи “Саҳми аҳли зиё дар набардҳои иттилоотӣ”, муовини директори АМИТ “Ховар” Қаноатулло Сайфуллозода дар мавзуи “Таҳдиду хатарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ барои давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон”, сармуҳаррири рӯзномаи “Народная газета” Маҳбуба Камолова дар мавзуи “Идеологияи ҷиҳодӣ дар низоми таҳдидҳо ба амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Ҳуринисо Ализода дар мавзуи “Заъфҳои иттилоотии Тоҷикистон ва роҳҳои бартараф намудани онҳо” маъруза намуданд.
Дар бахши дуюми ҳамоиш котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеков Маҳрамбеков дар мавзуи “Усулҳои инъикоси ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хатарҳои он барои давлат ва ҷомеа”, сардори факултаи №5-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Меҳрулло Нуруллозода дар мавзуи “Таҳдиду хатарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ барои давлат ва ҷомеа: таҳдидҳои сиёсӣ, идеологӣ, ақидавӣ ва фарҳангӣ”, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ дар Шуҳрат Саидзода мавзуи “Нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ташаккулу инкишофи донишҳои сиёсии шаҳрвандӣ”, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари халқ” Маҳмадулло Наимов дар мавзуи “Ҷанбаҳои мусбат ва манфии таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ”, мудири шуъбаи технологияи инноватсионии таълими Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Салоҳиддин Амонов дар мавзуи “Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба муҳити иттилоотӣ, идеологӣ ва фарҳангии ҷомеа”, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашӯров дар мавзуи “Имконият ва таҳдиди шабакаҳои иҷтимоӣ дар системаи таъмини амнияти миллӣ”, сармуҳаррири Муассисаи давлатии маҷаллаи “Чашм” Ашраф Одинамадов дар мавзуи “Амнияти иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ” суханронӣ намуданд.
Баъдан иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳо ибрози назар ва табодули афкори судманд намуданд.
Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, зикр намуд, ки андеша, пешниҳод ва тавсияҳои арзишманду судманду созандаи иштирокчиёнии конфронси имрӯза ба инобат гирифта мешаванд ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд. Умед дорем, ки нишасти имрӯза барои тавсеаи минбаъдаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти иттилоотӣ дар кишварамон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон