Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ як қатор ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ки мақсади асосии онҳо тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ба меъёрҳои асримиёнагӣ баргардонидани ҳаёти ҷамъиятӣ буд, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Ҳизби наҳзати ислом, ки хушбахтона фаъолияти он имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, дар раванди мазкур эътиқодоти динии мардуми шарифи Тоҷикистонро василаи асосии расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ қарор дод, ки дар натиҷа пояҳои давлату давлатдорӣ заиф гардида, мардуми кишвар овораву гуреза гашт.
Сарфи назар аз он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидо рушду инкишофи давлати дунявӣ ва ягонаро ҳадафи хеш қарор дода буд, аммо ҳизби сиёсии динӣ дар қаламрави кишвар мавҷудият дошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона кишваре буд, ки ҳизби динии сиёсӣ бо номи “Ҳизби наҳзати исломӣ” фаъолияти сиёсӣ менамуд, ки он хилофи принсипҳои дунявият буд. Яъне ин нишонаи волои кишвари демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таҳкими арзишҳои дунявият ва асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазир ба ҳисоб меравад ва ҳар гуна ҳизб ва ё гуруҳи алоҳидае, ки мақсади бо роҳи ғайриқонуни тағйир додани сохтори конститутсиониро дорад, ба вайрон гардидани амнияти миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа оварда мерасонад.
Дар ин замина таҳкиму густариши идеологияи сиёсие, ки асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, суботи сиёсии ҷомеа, миллат ва масъалаҳои миллиро зери хатар қарор медод, мухолифи ормонҳои миллӣ буд. Махсусан таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ хатари ҳизбҳои сиёсии диниро дар амалияи ҷамъиятӣ исбот намуд. Аз ин нуқтаи назар иддаои имрӯзаи Ҳизби мамнуи наҳзати ислом ва дигар гурӯҳҳои дар бозиҳои сиёсӣ бохта, ки гӯё онҳо аз саҳнаи сиёсӣ берун шудаанд ва дар Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд, асоси воқеӣ надошта, ҳадафи асосии онҳо халалдор намудани амнияти миллӣ ва суботи сиёсии кишвар мебошад.
Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бе асос ва бе далел ягон ҳизби сиёсиро аз саҳна берун накардааст. То имрӯз дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ амал карда, баъди интихоботи озоду шаффофи парламентии соли 2020 намояндагони 5 ҳизби амалкунанда вакил интихоб шудаанд.
Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ҳамчун субъекти нооромкунандаи амнияти миллӣ ва суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар на ҳамчун як гурӯҳи мухолифи сиёсӣ, балки ба мисли як гурӯҳи экстремистию террористӣ эътироф шудааст, ки мақсади ниҳоиаш дигаргун намудани сохтори конститутсионии мамлакат мебошад.
Ҳизби мамнуи наҳзати ислом танҳо пас аз исботи даст доштан дар амалҳои террористии моҳи сентябри соли 2015 ҳамчун ҳизби террористӣ-экстремистӣ эълон гардида, аз ҷониби Суди олии кишвар фаъолияти он дар қаламрави кишвар манъ гашт. Зеро дар акси ҳол ТТЭ ҲНИ метавонист, ки истиқлолу озодӣ ва сулҳу суботе, ки тоҷикистониён бо душворӣ ба даст овардаанд, барбод дода, нақшаҳои стратегии хоҷагони хориҷии худро амалӣ намоянд.
Изҳороти роҳбарияти ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати ислом вобаста ба ташкили “ҷиноҳи низомӣ” аслан падидаи нав набуда, аз ибтидо ин ҳизб як ҳизби мусаллаҳи террористии нусхаи ДОИШ буда, мақсади асосии он тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва ба давраи асримиёнагӣ бурдани низоми сиёсӣ дар кишвари азизи мо буд. Ин далелро ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб дарк менамояд ва ҳеҷ гоҳ ба фиребу найранги экстремистону террористон дода намешаванд.
ҲНИ ягон вақт мавқеи ҳалли мусолиҳатомез надошта, аз аввал ба истифодаи зӯрӣ ва силоҳ такя менамуд. Маҳз амалиётҳои мусаллаҳони онҳо буд, ки амнияти миллию суботи сиёсии мамлакат халалдор гашта, кишвар дар ҳолати парокандагӣ карор гирифта буд.
Ҳамин тариқ, имрӯз ҳар як фарди худшинос ба қадри сулҳу субот, ободӣ ва рушди устувори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасад ва дастовардҳои муҳимтарини Ҳукумати кишварро дар замони соҳибистиқлолӣ эътироф намуда, амнияту осоиштагии кишварро ба мисли гавҳараки чашм қадр менамояд.
Раҳим Сафаров,
коршиноси масоили динӣ