Рӯзи 12 майи соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ аз 18 марти соли 2022, №116, мизи гирд дар мавзуи “Арзёбии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва таъсири он ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ“ доир гардид. Ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии имтиёзу сабукиҳои дар доираи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ пешбинигардида буд. Дар мизи гирд намояндагони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори давлатию ғайридавлатии марбут ба соҳа, инчунин, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд.
Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфта, зимнан қайд кард, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо мақсади ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар ба тамоюли рақамикунонии он ва ба ин васила ба шакли ягонаи электронӣ ба ҳисоб гирифтани амалиёти аз ҷониби андозсупоранда анҷом додашаванда, инчунин, сода ва омафаҳм намудани муқаррароти он таҳия гардидааст. Дар Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав теъдоди андозҳо аз 10 то ба 7 номгӯй кам гардид ва меъёрҳои якчанд онҳо паст карда шуданд. Мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳид гардонии андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молу мулк, инчунин, андоз аз фоида бо андоз аз даромад, аз 10 номгӯй то 7 номгӯй кам карда шудааст. Ҳамчунин, бо мақсади беҳтар намудани сатҳи ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла зиёд намудани музди меҳнат, инчунин таъмини шаффофият дар ин раванд, ҳадди даромади андозбандинашаванда шахсони воқеӣ барои ҳар моҳи тақвимӣ аз як нишондиҳанда то ба ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд.
Дар таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, истеҳсолкунандагон ба назар гирифта шудааст. Ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва кам намудани дахолат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ шумораи назорати андозӣ кам карда шуда, тартиби гузаронидани назорати камералӣ дар шакли худкор бо истифода аз барномаҳои пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин, нисбат ба андозсупорандагони бомасъулият санҷишҳои андозӣ маҳдуд карда шуда, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунии андозӣ дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, мониторинги андоз пешбинӣ гардид, ки он дар асоси созишнома байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон татбиқ карда шуда, ҳангоми дар давраи мониторинги андоз ошкор гардидани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, пешниҳод оид ба ислоҳи камбудиҳо бе татбиқи чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалӣ мешавад.
Инчунин, низомҳои махсуси андозбандӣ ва низомҳои имтиёзнок муттаҳид карда шуда, шумораи умумии онҳо, ки даҳ номгӯйро ташкил медод, то ба 8 номгӯй кам карда шуд. Ҳамчунин, дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти низомҳои имтиёзноки андозбандии фаъолияти парандапарварию моҳипарварӣ, субъектҳои бозори қоғазҳои қиматнок ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба низомҳои махсус табдил дода шуда, дар қисми муқаррароти интиқолии Кодекс заминаи ҳуқуқии муҳлати амали имтиёзҳои пешбинишуда бо муҳлати барномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда шуданд.
Боят гуфт, ки дар натиҷаи баррасии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддимаи он такмил дода шуда, ба моддаи 2 (мафҳумҳои асосӣ) мафҳуми нав – “асъори функсионалӣ – асъори фарқкунанда нисбат ба пули миллӣ” илова гардид.
Тибқи муқаррароти қисми 5-уми моддаи 42 ба инобат гирифтани ҳолатҳои гуногун вобаста ба ислоҳи номутобиқатиҳо дар ҳисоботи андозӣ баъди гирифтани огоҳиномаи мақомоти андоз, андозсупоранда уҳдадор аст иҷрои огоҳиномаро дар муҳлати даҳ рӯз таъмин намояд. Бинобар ҳолатҳои мавҷуд будани сабабҳои узрнок, мувофиқи мақсад ҳисобида шуд, ки муҳлат ба бист рӯзи тақвимӣ иваз карда шавад.
Бо дарназардошти баррасӣ ва ҳалли саривақтии шикоятҳои андозсупорандагон дар мақомоти андоз муқаррароти қисми 7-уми моддаи 159 такмил дода шуда, дар таҳрири зерин ифода гардид:
“7.Мақомоти андоз шикояти андозсупорандаро баррасӣ ва нисбат ба он қарор қабул намуда, дар муҳлати на бештар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба мақомоти андоз ворид гардидани шикоят, шахси шикояткунандаро расман (хаттӣ ё электронӣ) огоҳ менамояд. Дар ҳолати зарурӣ муҳлати баррасии шикоят то даҳ рӯзи тақвимӣ тамдид карда мешавад, агар тағйири муҳлат ба иҷрои муқаррароти қисми 10-и ҳамин модда вобаста набошад.
Ҳамчунин, бо дарназардошти дуруст татбиқ намудани меъёри андозбандии объектҳои ғайриманқул, ки вобаста ба масоҳат ва мавзеи ҷойгиршавии шаҳру ноҳияҳо амалӣ мегардад, дар қисми 3 моддаи 348 меъёри андозбандии объектҳои ғайриманқули дар минтақаҳои рушди сайёҳӣ ва истироҳат ҷойгирбудаи бо мақсади фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда ба андозаи дукарата муқаррар карда шуд.
Дар рафти баррасии масъалаҳои вобаста ба татбиқи чораҳои муҷозоти андозӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродии дорандаи патент меъёри муқарраргардидаи қисми 7-уми моддаи 368-и лоиҳа (меъёри даҳкарата) бо дарназардошти шароити воқеии бозорҳои истеҳсолию истеъмолӣ, ин нишондиҳанда ба меъёри панҷкаратаи андозаи моҳонаи андозҳои ба фаъолияти ӯ дахлдошта андозбандӣ карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки соҳаи пахтакорӣ дар иқтисодиёти кишвар яке аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, саҳми истеҳсолкунандагони ашёи хоми пахта дар таъминоти бозори истеъмолӣ солҳои охир рӯ ба коҳишёбӣ дорад. Аз ин рӯ, мувофиқи мақсад аст, ки субъектҳои мазкур барои минбаъд зиёд намудани майдонҳои истеҳсоли пахта ҳавасманд гардонда шаванд.
Сипас дар назди ҳозирин муовини сардори Раёсати ислоҳоти андозии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абубакр Асадуллозода дар мавзуи “Кодекси андоз дар таҳрири нав ва фарқи он дар муқоиса бо кодекси қаблӣ”, намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Абдурауф Ҷӯраев дар мавзуи “Моратория ба ҳама навъи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нозири калони Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафари Саидқул дар мавзуи “Нақши имтиёзҳои гумрукию андозӣ дар рушди сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ”, раиси Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкор “Кадбону” Сабоҳат Раҳимзода дар мавзуи “Нақши Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкор “Кадбону” дар рушди соҳибкории бонувон”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Абдукарим Қурбонов дар мавзуи “Ташаккул ва рушди соҳибкории инфиродӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир”, номзади илмҳои ҳуқуқӣ, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” Фурқат Қурбонализода дар мавзуи “Шартномаи фаъолияти якҷоя дар соҳаи соҳибкорӣ”, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи мониторинг ва омӯзиши сармоягузорӣ дар КАС-и Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Аҳмадов дар мавзуи “Нақши соҳибкории хурд дар таъмини амнияти озуқаворӣ”, муовини декан оид ба илми факултаи идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Афзалшоҳ Бобозода дар мавзуи “Вазъи инкишофи сайёҳӣ дар маҳалҳо ва имтиёзҳои андозӣ ҳамчун омили рушди инфрасохтори соҳа” суханронӣ намуданд.
Баъдан, иштирокчиёни мизи гирд пиромуни маърӯзаҳои ироашуда дар мавзуъҳои таҳлилу арзёбии фазои соҳибкорӣ дар кишвар; арзёбии масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ аз рӯйи соҳаҳо; масъалаҳои низоми андозбандӣ ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ; арзёбии сарбории андоз ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ; арзёбии имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ; арзёбии сатҳи бархӯрдории соҳибкорон аз имтиёзу сабукиҳои ҷойдошта; масъалаҳои дастгирии лоиҳаҳои тиҷоратӣ; масъалаҳои дастрасии соҳибкорони ватанӣ ба қарзҳои дарозмуддат; масъалаҳои содироти маҳусолоти аз ҷониби соҳибкорон истеҳсолгардида ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб дар ин самт; монеаҳои маъмурию сунъӣ ва дигар маҳдудиятҳои таъмини рушди фаъолияти соҳибкорӣ; дарёфти роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар кишвар ва дигар масъалаҳои марбути соҳаи муҳим фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.
Мизи гирдро роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов ва сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Марказ Амин Одинаев ҷамъбасту натиҷагирӣ карданд ва изҳори умед намуданд, ки ин нишасти илмию амалӣ барои рушди соҳибкорӣ ва таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон