Дар олами муосир ҳар як давлат кӯшиш менамояд, ки дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ имиҷи сиёсии мусбат дошта бошад. Имрӯз доштани имиҷи сиёсӣ барои ҳамаи давлатҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ арзёбӣ карда мешавад, зеро имиҷи баланди сиёсӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва раванди ҳимояи манфиатҳои миллӣ нақши меҳварӣдорад. Маврид ба зикр аст, ки имиҷи сиёсӣ барои давлат шароит фароҳам меорад, ки манфиатҳои миллии худро дар сатҳи зарурӣ ҳимоя намояд. Инчунин, имиҷи сиёсии мусбат дар таҳкими мавқеи геополитикии давлат таъсири муҳим дорад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳар як кишвар талош бар он мекунад, то мавқеъ ва ҷойгоҳи устувори худро дар сатҳи байналмилалӣ ҳифз намуда, имиҷи сиёсии худро боло барад.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълони истиқлоли сиёси худ дар соли 1991 имкон пайдо намуд, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намояд. Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ворид гардид ва ин ҷанг дар кишвар буҳрони азимеро ба миён овард. Хушбахтона, ин марҳалаи душвор бо талоши фарзандони фарзонаи мамлкат бартараф карда шуд. Акнун дар назди ҷомеа ва давлати Тоҷикистон масъалаи бартараф кардани харобиҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ меистод. Маврид ба зикр аст, новобаста аз мушкилоти дохилӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли муаммоҳои нави ҷаҳонӣ нақши бузург дошт. Дар ин раванд саҳмибевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби тамоми коршиносону муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ эътироф карда шуд. Яъне Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 1999 бо пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии худ вобаста ба ҳалли мушкилоти об ва экология аз ҷониби ҷомеаи башарӣ мавриди эҳтиром ва эътироф қарор гирифт.

Мусаллам аст, ки имрӯз давлатҳои ҷаҳонро як қатор хатару таҳдидҳо ба монанди терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тағйирёбии босуръати иқлим ва мушкилоти обу экология нигарон намудааст. Ҷиҳати муқовимат бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз аз ҷониби давлатҳо созмону иттифоқҳое ташкил гардидаанд, ки дар пешгирии оқибати манфии мушкилоти нави ҷаҳонӣ мусоидат намуда истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳобо пешниҳоди ташаббусҳои муҳим дар сатҳи байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти гуногуни ҷаҳонӣ саҳми назарраси худро мегузорад. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли мубориза бо терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ аст. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи пешгирии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои вобаста ба об бо ташаббусҳои байналмилалии худ дар байни давлатҳои ҷаҳон мавқеи устуворро соҳиб гардидааст. Масалан, то имрӯз аз ҷониби Тоҷикистон як чанд ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи болозикр ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод карда шудааст, ки онҳо дар пешбурди ҳадафҳои муштарак таъсири мусбат мегузоранд.

Яке аз ташаббусҳои байналмилалӣ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии СММ (1 октябри 1999) оид баэълон намудани соли 2003 “Соли оби тоза” мебошад, ки он аз ҷониби аксари давлатҳои узви СММ пазируфта шуд. Пешниҳоди дигар оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” буд, ки пешниҳоди навбатӣ низ аз ҷониби давлатҳои узви СММ якдилона пазируфта шуд.

Пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷкистон ин эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об буд, ки дар заминаи ин пешниҳод ҳамкориҳои давлатҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон тақвият ёфта, барномаҳои навӣ ҷаҳонӣ қабул карда шуд.

Бояд таъкид намуд, ки пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки ҳанӯз соли 2015 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Форуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа гардида буд.

Соли 2021 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021 пешниҳоди навбатии кишвар эълон намуданд, ки Тоҷикистон бо мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалӣ талош намуда истодааст.

Тавре маълум аст, ташаббусҳои байналмилалии кишвари мо имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ имиҷи мусбат касб намуда, яке аз иштирокчиёни фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ эътироф карда шавад. Зимнан, мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои асосии қабули қарорҳои сиёсӣ табдил ёфтааст. Дар рӯзномаи шабакаҳои телевизионӣ ва марказҳои таҳлилии ҷаҳонӣ дарҷ гардидани “Раванди Душанбе” далели гуфтаҳои болост. Яъне имрӯз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри умед ва боварҳои неки инсоният ба фардои дурахшон табдил гардидааст.

Ҳамин тариқ, имиҷи сиёсии баланд дар шароити муосир барои ҳар як давлат хеле муҳимму зарурӣ аст. Имиҷи сиёсиро наметавон дар як рӯз ё ду рӯз ба вуҷуд овард. Он раванди тӯлониест, ва ҷаҳду кӯшиши зиёд мехоҳад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст имиҷи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият бахшад. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамаи ин дар натиҷаи заҳматҳои содиқонаву холисонаи ин шахсияти таърихӣ ва бунёдкор ба вуҷуд омадааст, хеле калидӣ аст. Маҳз талошҳои Роҳбари давлат аст, ки имрӯз дар ҷаҳон Тоҷикистонро ба ҳайси кишвари сулҳофар ва ташаббускор эътироф менамоянд.

 

Ҷаҳонгир Маҳмадзоир
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлилт ва ояндабинии сиёсати
хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед