Дар ҷаҳони имрӯз кам нафареро, хусусан миёни наврасону ҷавонон пайдо кардан мумкин аст, ки ҳадди ақал дар як шабакаи иҷтимоӣ саҳифа надошта бошад ва ё ба таври фаъол  аз ин шабакаҳо  истифода набарад. Шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта Фейсбук, «Твиттер» Инстаграм, Телеграм, Твиттер, ВКонтакте, Тик-Ток ва ғайраҳоро дар назар дорем, ки  сол то сол сафи истифодабарандагонашон афзун гашта, вобаста ба хусусият ва зарфиятҳои иртиботиву тафреҳии худ таваҷҷуҳи хурду калонро ба худ ҷалб намуда истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳолат ва сатҳи истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста аз ҷониби ширкатҳои бонуфуз мавриди таҳлил қарор дода мешавад. Тибқи яке аз таҳлилҳое, ки соли гузашта ширкатҳои бонуфузи ноқилӣ (интернетӣ) ITU, APP Annie, GlobalWebIndex вобаста ба истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо доир намуданд, муайян гардид, ки беш аз 50 фисади мардуми сайёра истифодабарандагони доимии шабакаҳои иҷтмоӣ ба шумор мераванд.

Тибқи ин таҳлилҳо 62,5% аҳолии ҷаҳон аз интернет истифода намуда, шумораи корбарони интерент дар соли 2021 ба 192 миллион нафар (4%) афзуда, 4,95 миллиард нафарро ташкил намудааст. Теъдоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 10% афзоиш ёфта, ба 4,62 миллиард нафар расидааст, ки 58,4% шумораи умумии аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Дар ин миён, ҷавонон аудиторияи асосии шабакаҳои болозикрро ташкил намуда, вақту зеҳни онҳо бомаром бо ҳаёти маҷозӣ вобастагӣ пайдо мекунад.

Агар ҷавонон дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ зиёдаравӣ накунанд ва аз ҳадди эътидол берун нараванд, пас ин шабакаҳо, асосан, таъсири мусбат хоҳанд дошт. Аз ҷумла, бо рафиқони деринаи гумшуда худ дубора тамос барқарор мекунанд, аз ҳаёту фаъолияти якдигар бохабар мегарданд, дараҷаи ҷаҳонбинии худро баланд мебардоранд, таҷрибаи худро бо касе мубодила мекунад, бо истифода аз фазои интернет имкониятҳои худамалисозиашонро тавсеа мебахшанд, даромад ба даст меоранд ва ғайра.

Вале таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки истифодабараии ғайрисамараноки шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷойи манфиат ба зарар ва омили хатарзо миёни ҷавонон табдил меёбад. Хусусан, падидаҳои зерин бештар аз худ дарак медиҳанд.

Сарфаи вақти зиёд. Барои баъзе ҷавонон шабакаҳои иҷтимоӣ ба як василаи “куштан”-и вақт ва соатҳои зиёдро беҳуда дар ин шабакаҳо пушти сар намудан табдил ёфтаанд. Дар ҳоле, ки ин вақтро метавонанд ба фоидаи бештар, аз ҷумла ба омӯзиш тариқи онлайн ва азхудкунии донишҳои нав сарф кунанд.

Дур шудан аз олами воқеӣ. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ падидаҳои бо шумораи зиёди истифодабарандагон “дӯст шудан” ва “аз дӯстӣ онҳоро ҳазф кардан”, ки аксарашон шахсони ношинос мебошанд, инчунин муошират ва мубоҳисаи номаҳдуду беҳадаф анҷом додан оид ба ҳама мавзӯъ арзиши падидаҳоро мазкурро поён бурда, бо ҷаҳони воқеӣ муқоисанашаванда месозад. Дар як дақиқа метавон бо даҳҳо нафар дӯст шуд ва ё онҳоро аз сафи дӯстон берун кард, ки ин аз таҷрибаи ҳаёти воқеӣ хеле дур мебошад. Яъне арзишҳо ба чашми истифодабарандагон бисёр содаву камбаҳо мешаванд.

Эҳтимолияти вобастагӣ. Шабакаҳои иҷтимоӣ дорои иқтидори бузурги одаткунонии истифодабарандагон мебошанд, ки инро баъзан “нашъаи маҷозӣ” низ меноманд. Пайваста инсонро чизе водор мекунад, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шавад, саҳифаи худро тафтиш кунад, ҷавоб диҳад, чизеро интишор кунад, навиад ва ғайра.Ин падида махсусан миёни наврасон бисёр хатарнок аст ва баъзан маврид набудани дастрасӣ ба интернет барои онҳо метавонад ба шикасти ҳолати равонӣ оварда расонад.

Манбаъҳои шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун василаи фишор ва таҳдид барои истифодабарандагон. Шабакаҳои иҷтимоӣ як майдони фаъолияти қаллобон ва бадхоҳон низ ҳаст. Аз ин рӯ, интишори шумораи аз ҳад зиёди аксҳо, маълумоти муфассал оид ба худ метавонад, бар зарари истифодабарандагон тамом шавад.  Ин маълумотро қаллобон метавонанд барои фишору таҳдид ва бадномсозии истифодабарандагон истифода баранд.

Ҳамзамон, бояд мадди назар намуд, ки шабакаи иҷтимоӣ, як манбаи маълумоти шахсӣ барои ниҳодҳои гуногуни иктишофӣ низ хизмат мекунанд. Мо бидуни ҳеҷ дудилагӣ дар шабакаҳо дар бораи худамон ва ҳам хешу табор ва дӯстон маълумот мегузорем, ки ин беаҳаммиятӣ метавонад мушкилоти муайянро ба бор орад. Дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатто нест кардани саҳифа ва маълумоти шахсӣ ғайриимкон аст ва он дар пойгоҳи шабака абадан боқӣ мемонанд.

Аз байн рафтани ҳавасмандӣ ба кор. Шахсе, ки вобастагӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мекунад, қобилияти фаъоли кориро гум мекунад. Имрузҳо дар бисёр корхонаҳо даромадани коркунон ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мебошад, зеро он кормандонро сахт аз ҷараёни корӣ фориғ месозад.

Маслан, гурӯҳе аз олимон таҳти роҳбарии профессор Пол Киршнер тадқиқоте анҷом доданд, ки ҳадафи он муайян кардани таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти донишҷӯён буд. Дар таҷриба ҳамагӣ 219 нафар донишҷӯёни аз 19 то 24 сола ширкат карданд. Натиҷаҳо хеле пешгӯишаванда буданд. Донишҷӯёне, ки ҳангоми омодагӣ ба имтиҳонҳо аз алоқаи интернетӣ комилан даст кашиданд, назар ба дигарон 20% беҳтар натиҷаи хуб нишон доданд.

Зарар ба саломатӣ. Ҳузури доимӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба саломатӣ зарар расонад. Соатҳои зиёд дар назди компютер нишастан метавонад боиси паст шудани биниш, камфаъолиятии ҷисмонӣ гардад.

Бо вуҷуди чунин паҳлуҳои манфиашон, метавон гуфт, ки шабакаҳои иҷтимоӣ агар мувофиқи меъёр ва фарҳанги баланд истифода бурда шаванд, зараровар нестанд. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ ба таври хеле васеъ истифода мебаранд, доштани фарҳанги истифодаи ин шабакаҳо муҳиммияти хоса касб мекунад.

Мутаассифона, бархе аз ҷавонон тарзи  истифодабарии ин шабакаҳоро надониста, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳо ва ташкилоти террористӣ ва экстримистӣ мешаванд. Бо дарназардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар паёми имсолаи худ чунин иброз намуданд: «Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.».

Бояд зикр намуд, ки дар чунин шароити мураккаби ҷаҳонӣ, ҷавонон бояд бо сатҳи баланди маърифатнокӣ ва тарзи тафаккури дуруст фарқ кунанд. Дар ин шароит бояд ҳар як инсон аз ҷумла ҷавонон, ки аз шабакаҳои иттилоотӣ ба таври васеъ истифода мебаранд, бояд бо мафкураи баланди зеҳнӣ, дар чаҳорчӯби эҳтиром ба арзишҳои миллию ватандорӣ ба таври шоиставу зарурӣ муносибат кунанд. Зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ танҳо сомонаҳои сиёсӣ ва расмӣ вуҷуд надоранд, балки сомонаҳои гурӯҳҳои  муташаккили ҷиноӣ, терорристон ва ифротгароён низ мавҷуд буда, метавонанд ҳар як ҷавони зеҳнкӯтоҳро фирефтаи худ гардонанд.

Муҳаққиқони амрикоӣ Грегори Уотерс ва Роберт Постингс ҳисоб кардаанд, ки танҳо дар семоҳаи аввали соли 2018 дар шабакаи Facebook тақрибан 2 миллион матлабҳои таблиғкунандаи террористӣ ва ифротгароӣ, ки ба гурӯҳҳои террористии ”Давлати исломӣ” ва “Ал-Қоида” рабт дорад, ба нашр расидааст. Зеро ин гурӯҳҳо ҳамеша миёни мардум дар фазои маҷозӣ ба тартиби ахбороти бардуруғ, ки метавонад дар инсон нафратро ба вуҷуд оранд, машғуланд.

Ин гурӯҳҳо пайваста усули кории худро иваз карда ва ба чанд қисмҳо ҷудо шудаанд: таблиғоти худро як гурӯҳ тариқи меҳру муҳаббат, дигаре таввасути наворҳои қатлу куштор ва ахбороти сиёсиву динӣ, ки омили пайдо гардидани ҷанги мазҳабӣ шуда метавонад, пеш мебаранд.

Мутахассисони ин соҳа шабакаи иҷтимоиро ба мисли “бомба” ё “мина” номиданд, ки як иштибоҳ метавонад чандин нафаронро зери хатар гузорад. Истифодабаранда ноогоҳона ба он тугмачаи “лайк”-ро пахш мекунад ва ин хатар ба худи бинанда аст, ки бо пахш кардани як тугмача метавон ҳаёти худро бо дасти худ хароб намуд. Зеро, алакай пахш намудани тугмача ё “лайк” гузоштан, маънои тарафдор будан ба ин гурӯҳҳоро дорад.

Аз ҳамин лиҳоз, бояд ҷавонон пеш аз истифодабарии ин шабакаҳо бо қонуну қоидаҳои он шинос шуда, аз изҳори нодурусти мавқеи шаҳрвандӣ худдорӣ кунанд.

Бояд зикр кард, ки дар моҳи январи соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқистон эътироз сар зад. Мардуми ин кишвар ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамла карда, дар шаҳр ноормиро ба вуҷуд оварданд, чандин биноҳои замонавӣ ва кохонаҳоро оташ заданд. Дар шаҳр нооромии ҷиддӣ ба вуқӯъ пайваст. Бо дастгир ва ба ҳабс кашидани чанди онҳо муайян шуд, ки ин гурӯҳҳои муташаккили фаромиллии террористӣ ва экстримистӣ буда, тариқи ҷавонон ва наврасон тавонистанд миёни миллати қазоқ ва Ҳукумати мамлакат нооромиро ба вуҷуд оранд. Дар ин ҳодисаи хунин муайян шуд, ки ин гурӯҳҳо тули чандин сол нақша кашида, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар дили ҷавонон ва наврасон нафратро ба вуҷуд овардаанд.

Хулоса, ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа набояд фирефтаи шабакаҳои иҷтимоӣ гарданд, балки ин шабакаҳоро барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифтаи худ истифода кунанд. Кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки ҳамеша дар фазои иттилоотӣ манфиатҳои миллиро ҳифз намуда, дар таҳкими давлатдории миллӣ ва муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик дар фазои иттилоотӣ саҳм гузоранд. Ҳамеша посдори сулҳу ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ бошанд!

 

Тағоймуродов Некруз,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед