Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро тоҷикони минтақаҳои Бадахшон, Хатлону Вахш, Раштон, Ҳисор, Хулозу Вахё, Зарафшон, Истаравшану Хуҷанд, Конибодому Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд.

ЧОРШАНБЕИ ОХИРОН

 

Омодагӣ ба Наврӯз дар Тоҷикистон сари сол шурӯъ мешавад, вале омодагии ниҳоии он чаҳоршанбеи охирини соли куҳан ҳисоб меёбад, ки он дар фарҳанги наврӯзӣ бо номи «Чаҳоршанбесурӣ» маълум аст.

Донишманди тоҷик Дилшод Раҳимов роҷеъ ба маросими Чаҳоршанбеи охирон ба таври илмӣ маълумоти арзишманд додааст. Ба қавли ӯ, дар фарҳанги мардумии тоҷик бовару эътиқодот, расму ойин ва ҷашну маросимҳое ҳастанд, ки тайи садсолаву ҳазорсолаҳо ҳамқадами ниёгони мо буданд, дар рӯзгори онҳо нақши муҳим дошта, ифои вазифа кардаанд. Баргузории бисёре аз онҳо дар ҷараёни пуршӯри таърих аз ёдҳову хотироти таърихии мардум фаромӯш шудаанд. Чунончи, ҷашни Садаву сайри Гули Сурх, ҷашни Лола, ҷашни Ҳут ва ғайра дар тӯли таърих бо сабабҳои гуногун аз байн рафтаанд. Яке аз ҳамин гуна ойинҳои азёдрафта маросими Чоршанбесурӣ мебошад.

Маросими мазкур аз замонҳои қадим то ба наздикиҳо дар байни мардумони Эрону Қафқоз, Хуросону Мовароуннаҳр маълуму машҳур буд ва онро ҳатто дар Бағдод – пойтахти хилофати исломӣ барпо мекарданд. Дар байни тоҷикон ин маросим «Чоршанбеи охирон» ном дошт ва дар баъзе минтақаҳо онро «Чоршанбесурук» ё «Чоршанбеи моҳи сафар» меномиданд, ки дар рӯзи чоршанбеи охирони сол пеш аз иди Наврӯз гузаронида мешуд. ӯзбекҳо низ баргирифта аз тоҷикон ин расмро бо номҳои «Сафарқочдӣ» ва «Охирчоршанба» барпо мекарданд.

Дар гузашта дар паскӯча ё боғча, умуман дар ҷое, ки аз назари умум пинҳон бошад, алаф афрохта, хурду калон, пиру ҷавон аз болояш меҷаҳиданд ва ба оташ муроҷиат карда мегуфтанд: «Ранҷурию ранги зарди ман аз они ту, сурхиву хуррамии ту аз они ман». Бо иҷрои ин амал онҳо бовар доштанд, ки то соли нави оянда тандуруст хоҳанд буд.

Мардуми ориёӣ инчунин, ақида доштанд, ки оташ гуноҳони онҳоро сӯзонида, қувва ва таъсири махлуқоти фавқуттабииро низ дур мегардонад. Баъзе барпокунандагон ба оташи Чоршанбесурӣ испанд низ ҳамроҳ мекарданд ва муътақид буданд, ки манфиаташ бештару беҳтар мегардад. Тибқи маълумоти сокини ноҳияи Ҳисор–Муҳаррам Қудратова, баъзе занҳо аз хокистари маросими Чоршанбеи охирон як мушт гирифта, дар латтае баста нигоҳ медоштанд ва дар вақти зарурӣ онро барои давои тифлон, ки ғаш мекунанд ва беист мегирянд, истифода мебурданд. Онҳо хокистарро бо каме орд ҳамроҳ карда, бо нияти шифо ба пушти кӯдак ё нофаш мемолиданд, ки ором шавад.

Дар асрҳои гузашта мардуми Ҳисору Қаратоғ, Истаравшану Хуҷанд ва Самарқанду Бухоро ва дигар ҷойҳо ҳангоми иҷрои маросими Чоршанбесурӣ косаву табақ, кӯза ва дигар зарфҳои лабшикастаю ҷағовардаро шикаста мепартофтанд. Ин амал чунин маънӣ дошт, ки ҳамаи ашёи шикаста бо соли куҳна бебозгашт бираванд ва мардум дар соли нав бо ин роҳ орзуи тандурустию зиндагии бешикастро таманно мекарданд.

Дар деҳаи Элокии ноҳияи Шаҳринави имрӯза ҳангоми намози шом ё вақти говгум аловпарак мекарданд. Пеш аз даромадани Соли Нав барои тоза шудан аз гуноҳ дар чорраҳа оташ афрӯхта, се бор боло, се бор поён мепариданд. Ҳангоми паридан аз болои оташ Алов, алов, зардии рӯйи мана гиру сурхии худата ба ман деҳ”, мегуфтанд. Ягон кӯзаи куҳнаро ба оташ партофта, мешикастанд. Баъзан милтиқ ҳам мепарронданд, ки дар соли нав махлуқоти зиёну зараррасон дар хонадонашон роҳ наёбанд ва нобуд шаванд.

Назар ба маълумоти М.Холов, дар навоҳии кӯҳистони Дарвозу Қаротегин ду маросими Чоршанбеи охиронро қайд мекардаанд: якуми он дар арафаи соли нав, дуюмаш ба кадом рӯзе, ки ба тақвими ҳиҷрии қамарӣ мувофиқи ояд. Чунин ду маросими Чоршанбеи охирон дар Эрон низ маълум буда, то қарни XVII баргузор мешудааст.

Маросими дигаре, ки ба Чоршанбесурӣ монанд мебошад, дар байни тоҷикон бо номи «Аловпарак» маълум аст. Онро асосан занҳо ба тариқи зайл иҷро мекунанд. Агар аз занҳои ихлосманди ойинҳои мардумӣ касе хоби бад бинад, ё худро вазнину нороҳат ҳис кунад, рӯзи чоршанбе (то нимрӯзӣ) дар ҷое, ки чашми кас набинад, аз хасу хошок сето гулхан афрӯхта, се навбат аз болояш ҷаҳида мегузарад. Дар навбати сеюм ба қафояш нигоҳ накарда, ба сӯйи хона меояд.

ҶУФТБАРОРОН

Ин маросим аз қадимтарин ойниҳои наврӯзӣ ба шумор меравад, зеро Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст. Ба қавли пажӯҳишгари тоҷик Дилшод Раҳимов, то солҳои панҷоҳуми қарни гузашта дар ноҳияҳои минтақаи Суғд, Хатлон, водии Ҳисор ва баъзе вилоятҳои тоҷикнишини Ҷумҳурии Ӯзбекистон деҳқонон то фарорасии ҷашни Наврӯз расми «Ҷуфтбаророн» барпо мекарданд. Рӯзи аввал деҳқонон дар хонае ҷамъ омада, дастҷамъона оши палав пухта мехӯрданд ва аз Қуръони карим сураҳо тиловат мекарданд ва дар ҳаққи Бобои Деҳқон ва арвоҳи гузаштагон дуову фотиҳа мехонданд. Сипас онҳо ба сари замин рафта, ба шохҳои барзаговҳо равғани зағир мемолиданд ва ба сару гардани говҳо орд мепошиданд, ки рамзи хайру баракат ва фаровонии ҳосилро ифода мекард. Рӯзи аввал каме ҷуфт мекарданд ва яке аз мӯйсафедони калонсолтарини деҳза ба тариқи рамзӣ ва муборакии кор чанд мушт гандум мепошид. Он рӯз ба хонаҳояшон бармегаштанду кори асосӣ аз рӯзи дуюм оғоз мешуд. (Ниг. Дилшод Рањимов. Нигоње ба љашнњои миллї ва ойнињои суннатии тољикон, сањ. 20–21).

ШУГУН ВА БОВАРҲОИ МАРБУТ БА НАВРӮЗ

Вобаста ба ҷашни Наврӯз дар байни мардуми кишоварз ва молдори тоҷик як силсила боварҳо, ақидаҳо ва фолу пешгӯйиҳо арзи ҳастӣ намудаанд, ки дар онҳо ҷаҳонбинӣ ва диди фалсафии тоҷикон роҷеъ ба ҳаводиси табиат, воқеаву пастию баландиҳои рӯзгор баён шудаанд. Масалан, дар арафаи Наврӯз раъду барқ шавад, сокинони бисёр мавзеи кӯҳистони тоҷикнишини Варорӯд (Мовароуннаҳр) берун баромада, ба бом чумчаеро мепартофтанд. Сипас баромада медиданд, ки агар чумча ба рӯй афтода бошад, фоли нек мегирифтанд ва баръакс, даҳонаш боз бошад, гумон мекарданд ва ҳадс мезаданд, ки соли пешомад камбориш шуда, ҳосили дилхоҳ ба даст намеояд ва мардум азият мекашанд. Ё худ дар рӯзҳои наврӯзӣ турнаҳо парвоз намуда гузаранд, мардум аз мушоҳидаи парвози турнаҳо дар мавриди соли пешомади деҳқонӣ фол мегирифтанд. Агар турнаҳо бенизому баланд парвоз кунанд, соли деҳқонӣ хушк меояд ва тирамоҳаш бардавом хоҳад омад ва кишту кори деҳқонӣ бебарор хоҳад шуд. Агар турнаҳо паст парвоз намоянд, бар он бовар буданд, ки сол орому бобаракат ва серборону серҳосил хоҳад шуд. Ё худ агар мардум дар арафаи Соли Нав–Наврӯз лаклакро аз пешаш бинанд, фоли нек мегирифтанд ва агар аз қафояш бинанд, ношод мешуданд, ки соли деҳқонӣ омад нахоҳад кард.

Дар рӯзи Соли Нав дидани рӯйи зебо фоли нек аст. Мардум дар арафаи Наврӯз дарвозаҳои худро боз менамуданд ва кӯшиш мекарданд, ки меҳмони аввалин баъди даромадани сол мард бошад.

Мардум зарфҳои шикаста ва чизҳои сиёҳро дар манзилашон роҳ намедоданд. Тибқи боварҳои ниёгонамон кас Соли Навро чӣ тавр пешвоз гирад, тамоми сол ҳамон тавр хоҳад шуд. Аз ҳамин ҷост, ки дар рисолаи «Наврӯзнома»-и Умари Хайёми Нишопурӣ дар ин маврид гуфта шудааст: «Ҳар кӣ Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ гузорад».

СУМАНАКПАЗӢ

 

Асоситарин неъмати Наврӯз суманак аст, ки он аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.

Тарзи таҳия ва пухтани суманак дар байни мардуми тоҷик чунин аст. Гандумро се рӯз дар оби ҷӯй ё оби борон тар карда мемонанд. Баъде ки гандум неш мебарорад, онро гирифта дар табақе ҳамвор карда, мегузоранд ва рӯяшро бо докаи тоза мепӯшонанд. Рӯзе, ки борон меборад, ба берун мебароранд ва сипас оби зиёдатии онро полонида, боз бурда, ба хонае, ки каси бегона ба он ҷо намедарояд, мегузоранд. Вақте ки гандум сабз шуд, бояд ҳеҷ кас онро набинад, зеро ки ба қавли мардум «пай» меафтад. Ё худ дар вақти пухтан кӯшиш мекунанд, ки ягон каси нопок ба болои дег наояд, зеро «пай меғалтад» ва суманак дар дег садо мебарорад ва аз дег пораҳои он берун мепаранд, ки рафта-рафта маҳсули дег кам мешавад ва сифати он мекоҳад. Одамон дар ин ҳолат мегӯянд, ки суманак дар дег намеистад, пай ғалтидааст, чашми кадом нопок расидааст. Дар ин маврид ақидаи дигаре ҳам ҳаст, ки ҳар касе аз дӯстон ё ҳамсоягон агар дар вақти пухтан ба назди суманакпазон оянд, бояд то пухтани ин хӯроки наврӯзӣ, яъне то саҳар ҳамроҳи онҳо бошад. Омадану рафтан барои чунин шахсон иҷозат нест, вагарна ба қавли мардум «пай меғалтад».

Дигар ин, ки одамони азодор набояд гандум сабзонанд. Тибқи боварҳои мардумӣ, агар шахси азодор ё мотамдор гандум сабзонад, решаҳои сабза мисли хун мешудаанд, ки онро «сабза вайрон шуд» гуфта мепартоянд. Инҳо аз боварҳои мардумии наврӯзии тоҷикон мебошад, ки дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон то ба имрӯз роиҷанд.

Рӯзи муайяни суманакпазӣ се-чор нафар занони ҳамсоя бо машварат дар хонаи яке аз ҳамсоягон ҷамъ меоянд. Маъмулан, онҳо бегоҳӣ ҷамъ меоянд ва дастархонеро боз карда, сабзаҳоро мегузоранд, сипас ояте аз Қуръони карим тиловат карда, дар ҳаққи Пири Пухтагар дуо мехонанд ва сабзаҳоро мебуранд. Баъд сабзаҳои майда кардашударо ба дег меандозанд, то чашми бегона набинад.

Пас занҳо дар таги дег оташ меафрӯзанд ва бо навбат дегро бо кафча ё кафгири дароздаста мекобанд. Ба деги суманак ҳафт адад сангча ё дар баъзе минтақаҳо чормағз меандозанд, ки рамзи бобаракат шуданро ифода менамояд. Онҳо дар назди оташ нишаста, барои хобашон набурдан афсонагӯйӣ, чистонёбӣ ва сурудхонӣ мекунанд.

Субҳ вақте ки суманак тайёр мешавад, мардумро даъват менамоянд, базми рақсу суруд меороянд, духтарон арғунчакбозӣ ва писарон гуштигирӣ мекунанд.

Дар вақти суманакпазӣ занону духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу шӯхиҳо мекунанд, зеро тибқи боварҳои мардумӣ ҷашни Наврӯз агар бо хандаву хурсандию шодмонӣ певоз гирифта шавад, ҳамон сол соли бофайзу баракат ва хушу хурсандӣ мегардад. Бинобар ин, дар маросими суманакпазӣ хурду калон ва пиру ҷавон шодию хурсандӣ мекунанд ва ҳамдигарашонро бо кушодарӯйӣ шодбош мегӯянд ва муборакбод менамоянд.

Тибқи маълумоти наврӯзшиноси маъруфи тоҷик Рӯзӣ Аҳмад, дар деҳаи Қаратоғ ва дигар маҳалҳои водии Ҳисор маросими суманакпазӣ ба чунин тарз иҷро мешавад. Гандум ҳамин ки бо оби борон дар муддати панҷ-шаш рӯз сабзида, барои ширагирӣ омода мешавад, пиразани муътабар ва обрӯманде бо корд сабзаи гандумро бурида, аввал «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим» гӯён онҳоро ба ҳован (уғрак) мендозад. Сипас хонумҳои ҷавонтари қавӣ онро кӯфта, об зада, шираашро мегиранд. Баъдан кадбону дегро шинонда, ба он об рехта, се бор «Бисмиллоҳир- раҳмонир-раҳим» гӯён равған меандозад. Дар баъзе рустову деҳа пеш аз шираи гандумро ба дег андохтан, ба нияти шод гардонидани арвоҳи пирҳо чалпак мепазанд ва нӯгча мегузоранд. Нӯгчаро дар атрофи дег дар замин насб карда, фурӯзон мекунанд. Инчунин, пиру паёмбаронро ёдоварӣ намуда, аз эшон кӯшоиши кор ва дасти мадад металабанд. Сипас шираи сабзаи гандумро бо орд омехта карда, ба дег меандозанд ва онро занону духтарон ба навбат бо кафлес мекобанд. Ҳангоми кофтани дег таронаи мардумии «Суманак дар ҷӯш»-ро ҳамагон ҳамовоз гардида месароянд:

 

Суманак бӯйи баҳор аст,

Суманак авҷу барор аст,

Мелаи шабзиндадор аст,

Иди Наврӯзӣ муборак бод!

 

Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб мо дафча зангем.

 

Дар аксари маҳалҳои тоҷикнишин ҳангоми маросими «Суманакпазӣ» мардонро ба назди дег роҳ намедиҳанд, ки суманак «вайрон» мешавад. Ба деги суманак ҳафт дона чормағз ва баъзан ҳафт сангча меандозанд, ки он рақам ҳафт фариштаи ҳафт табақи осмонро ифода мекунад. Шаби суманакпазӣ занҳою духтарони қадрас намехобанд. Онҳо хӯрокҳои гуногуни наврӯзӣ пухта, вақти худро бо хушию хурсандӣ мегузаронанд. Аз аввали шаб то субҳ дафу дойра зада, рақсу бозӣ ва таронасароӣ мекунанд. Рисолаи суманакро кадбону мехонад ва дигарон ба қироати рисола бо таваҷҷуҳи зиёд гӯш меандозанд. Хонуме, ки аз иштирокчиёни маросими «Суманакпазӣ» бихобад, занони шӯх ба рӯй ва абрӯвонаш сиёҳии дегро молида, вайро мазоҳ мекунанд ва билохира, бедораш месозанд.

Пеш аз дамидаи субҳ оташи дегро хомӯш карда, болояшро бо латтаи тоза ё сарпӯш мепӯшонанд. Субҳи содиқ ҳамин ки занону духтарон ҷамъ омаданд, кадбону “Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим” гӯён сарпӯши дегро мебардорад. Аввал як табақ барои мӯйсафедони гузару маҳалла мекашад ва боқимондаи суманакро ба аҳли маросим ва ҳамсоягону куҳансолони табаррук тақсим мекунад. (Ниг. Дилшод Рањимов. Нигоње ба љашнњои миллї ва ойинњои суннатии тољикон, Душанбе: -Истеъдод, 2001, сањ. 15– 17).

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистону ӯзбекистон суманакро «сумалак» меноманд. Тибқи боварҳои мардумӣ номи «сумалак» аз ибораи «сӣ малак» гирифта шудааст. Гӯё ҳангоми пухтани суманак сӣ малак (фаришта) аз осмон ба замин ташриф меоранд ва ноаён дар омода намудани ин хӯроки биҳиштӣ ширкат меварзанд. Аз ин рӯ, мардум суманакро «сумалак» номида, онро муқаддас медонанд. Суманакро фурӯхтан ва харидан мумкин нест. Агар суманак дар бозор фурӯхта шавад, соли нав бо файзу боракат нахоҳад шуд.


БОЗИҲОИ СУННАТИИ ВАРЗИШӢ

Як бахши муҳими ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар аёми Наврӯз мусобиқаҳои паҳлавон дар навъҳои гуштигирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ (давидан), бандкашӣ, чавгонбозӣ (дар Яғноб, Бадахшон) баргузор мегарданд, аммо аз ҳама мусобиқаи маъмултарини наврӯзӣ гуштигирӣ аст, ки хеле роиҷ ва маъмул мебошад. Дар ҳама деҳаю шаҳрак ва шаҳрҳои калони Тоҷикистон мусобиқаҳои наврӯзии гуштигирӣ барпо мегарданд. Пеш аз ҳама, ду мӯйсафед ба таври рамзӣ ба майдон меоянд ва бо рақсу чархзании гирди майдон мусобиқаро оғоз ва ҷашни Наврӯзро некфол мегардонанд. Ба ғолибон туҳфаҳое, ба мисли куртаву ҷома, қолину палос, телевизору яхдон, мошини сабукрав, гӯсфанду буз, барзагову асп аз тарафи созмондиҳандагони ҷашни Наврӯз тақдим карда мешаванд.

Дар гузашта дар Қаротегину Дарвоз дар маъракаи гуштигирӣ паҳлавони довталаб ба майдон омада, менишаст ва дар табақе назди ӯ хӯрок мегузоштанд, ки онро «табақи паҳлавонӣ» меномиданд. Ҳар нафаре, ки бо ин паҳлавон зӯрозмоӣ кардан мехост, меомаду дар паҳлуи ӯ нишаста, аз табақи паҳлавонӣ ҳамроҳи вай таом мехӯрд. Сипас ба ҳардуяшон дуо дода, ба майдон даъваташон мекарданд.

Дар Кӯлоб пондаҳ-бист рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз, ба ибораи мардум «Сайли соли нав», паҳлавонон аз деҳаҳои дурдаст ва навоҳии атроф омада, дар хонаҳои дӯстонашон истиқомат карда, ба машқу тамрин мепардохтанд. Дар ин айём ба зиёрати мазорҳои бузургворон рафта, оёту фотиҳа мехонданд ва аз пирони ботадбир ва рӯҳониёни соҳибмартаба низ дуо мегирифтанд.

Ба ғайр аз гӯштӣ, дар деҳаҳо мусобиқаю бозиҳои тухмҷанг, хурӯсҷанг, кабчанг, чиликандозӣ, дастхобонӣ ва монанди инҳо барпо мешавад. Ҳар кас, ки ҷонвараш ё тухми мурғаш пирӯз шуд, моли мағлуби ҳарифро мегирад.

Бузкашӣ як навъ варзиши маъмулӣ буда, дар айёми Наврӯз бо тантана барпо мешавад. Ин мусобиқаи мардумӣ дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ васеъ паҳн гаштааст. Дар баробари бузкашӣ бо асп навъи дигари мусобиқа: харкашӣ ё харбузкашӣ низ дар байни мардуми Қаротегину Дарвоз, Кӯлобу Тавилдара ва ғайра маъмул буд, ки бештар ҷавонон ба он майл доштанд. Онҳо ба ҷойи буз пӯсти онро ва умуман, ягон пӯсти ҳайвонро дар бозӣ истифода мебурданд. Ба ғолибони ин навъи варзиши суннатии наврӯзӣ туҳфаҳои хотиравӣ месупориданд.

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон мусобиқаи бандкашӣ низ гузаронида мешуд. Ҷавонмардони пурқувват бо ду даста тақсим шуда, талош мекарданд, ки пораи матоъи ду-се метраро ба даст оваранд.

Навъҳои дигари бозиҳои варзишии наврӯзӣ инҳо буданд: сараспа–тирандозон аз болои аспи давон ягон нишони дар ҳаракат бударо (буз ё мурғро аз пояш баста сар медоданд) тирандозӣ мекарданд.

Найзаандозӣ дар водии Хуфи Бадахшон маъмул буд. Аз болои аспи давон тухми дар замин бударо бо нӯги найза зада мебардоштанд. Инчунин, арғамчинкашӣ, тирандозӣ, лаклакбозӣ, бандпарӣ, ҷаҳидан аз болои арғамчин ва чанде дигар дар айёми фарорасии Наврӯз иҷро мешуданд. (Ниг. Дилшод Раҳимов. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва ойинҳои суннатии тоҷикон, саҳ. 10-20).

Хулосаи калом, сокинони минтақаҳои гуногунии Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи оламафрӯзро бо вижагиҳои хос ва бошукӯҳ таҷлил менамоянд.

Пора аз китоби “Нарӯзи ҷаҳонӣ”
муаллифон Қиёмиддин Сатторӣ,
Ҳасан Муҳаммадиев, Душанбе:
Аржанг, 2017

Чоп кунед