Сайёҳӣ ҳамчун як соҳаи мустақил дар замони муосир барои иқтисоди давлатҳо муҳим аст. Ҳамзамон, он ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, сохтмон, нақлиёт, инфрасохтор мусоидат менаомяд. Барои рушди соҳибкории хурду миёна имкон фароҳам оварда, дар аксар кишварҳо инкишофи соҳаи сайёҳӣ дорои аҳамияти стратегӣ мебошад ва манбаи иловагии даромад ба буҷети давлат ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ барои бозорҳои сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Кишвари мо мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон аз манотиқи мухталифи ҷаҳонқарор дорад.
Маҳз солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудан, яке аз иқдомҳои дастгиронаи Ҳукумати кишвар нисбат ба арзишҳои таърихӣ ва миллӣ мебошад. Ин нишонаи он аст, ки мо мардуми тоҷик бисёр расму ойинаҳои қадимаеро доро ҳастем, ки он ба кӯйи фаромӯшӣ рафта буданд. Бо эълон гардидани рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо вазифадор гардидаем, ки анъанаҳои миллии худро эҳё ва муаррифии насли нав ва ҷаҳониён намоем.
Бояд мазкур дод, ки дастгирию имтиёзҳои тӯли “Солҳои рушди деҳоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои соҳаи мазкур пешноҳод шуда метавон оид баҳри идомаи омодагиҳо баҳри сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти Давлати Тоҷикистон хизмат намоянд, зеро ташаббусу иқдомоте, ки ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни умумимиллӣ имрӯзҳо дар саросари кишвар роҳандозӣ шуда истодаанд, ба ободу зебо гардидани Ватанамон нигаронида шудаанд.
Тоҷикистон тибқи арзёбиҳои байналмиллалӣ шомили кишварҳои сегонае шуд, ки дар бахши сайёҳӣ пешрафти назаррасе ба даст овардаанд. Дар рейтинги соли 2021, ки аз ҷониби форуми ҷаҳонии иқтисод дар бахши сайёҳӣ муаррифӣ шудааст, Тоҷикистон дар миёни 136 кишварҳои ҷаҳон мавқеи 107- ро ҷой гирифтааст. Бар асоси ин маълумот, Тоҷикистон вориди ҳавзаи кишварҳое шудааст, ки давоми як соли охир дар бахши такмили соҳаи сайёҳӣ пешрафти назаррасро доштаанд.
Бояд гуфт, ки бо дастури сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди сайёҳӣ дар кишвар бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани сайёҳӣ, истифодаи инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Кумита мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Рушди ин соҳа, на танҳо аҳаммияти иқтисодӣ дорад, балки дорои аҳамияти иҷтимоӣ мебошад. Тавассути рушди ин соҳа даромади худи ноҳияҳои алоҳида ва сокинон низ зиёд мешавад, ҷойҳои нави корӣ, рушди инфрасохтори истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ дар марказҳои сайёҳӣ, рушди ҳамаҷонибаи соҳаи хизматрасонӣ таъмин гардида, сатҳи зиндагӣ ва шуғли аҳолии маҳаллӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ баланд мешавад.
Дар байни масъалаҳое, ки қобилияти рақобати сайёҳии миллиро паст медиҳанд инҳоро номбар намудан мумкин аст:
— арзиши маҳсулоти туристӣ, ки бо таъсири мавсимӣ ба вуҷуд омадааст;
— фарқи назарраси хизматрасониҳои ба сайёҳон пешниҳодшаванда бо нархномаҳои маъмулии шаҳрвандон, пеш азҳама,меҳмонхона ва нақлиёт;
— кам будани рекламаи таблиғотии маҳсулоти сайёҳии миллӣ дар бозорҳои хориҷӣ ва дохилӣ;
— мавҷуд набудани стандартҳо ва нишондиҳандаҳои ягонаи баҳисобгирии оморӣ дар ҷумҳурӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
— набудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонии сайёҳӣ;
— надонистани забонҳои хориҷӣ;
— нарасидани иншоотҳо бо стандартҳои муосири хизматрасонии меҳмонхонаҳо дар ноҳияҳо.
Барои рақобатпазир будани соҳаи сайёҳии кишвар дар бозори ҷаҳонӣ зарур аст, ки ҳангоми таҳия ва татбиқи дурнамо ва тадбирҳои мушаххас оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар, ҳамгироии он ба раванди сайёҳии ҷаҳонӣ ба назар гирифта шавад. Мавқеи рақобатпазири Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ дорои иқтидори назаррас буда, метавонад дар байни самтҳои назарраси сайёҳӣ мавқеи сазоворро ишғол намояд.
Иштироки Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонии сайёҳӣ барои густариши ин соҳа дар сатҳи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар бахши сайёҳӣ муҳим аст, зеро хусусияти маҳаллии сайёҳии кишварро ба назар гирифта, талабот, рушди сайёҳӣ дар минтақаҳо чун яке аз самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ва некуаҳволӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030” таҳия гардида, боқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 таҳти № 372 тасдиқ шудааст, ки нақшаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар доираи ҳамкории ҳукумат ва бахши хусусӣ бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи қонеъ гардонидани талаботи сайёҳӣ ва ноил шудан ба сатҳи муайяни даромаднокии соҳаи сайёҳӣ, инчунин, имконияти таъсиси соҳаҳои нави сайёҳӣ таҳия шудааст. Стратегия ба ноил шудан ба ҳашт ҳадафи стратегӣ нигаронида шудааст:
1) рушди муносибатҳои эҳтиромона, эҳё ва ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон;
2) ташаккул додани таҷрибаи беназири аслии сайёҳон дар асоси шиносоӣ бо объектҳои ин мероси табиӣ ва фарҳангӣ;
3) баланд бардоштани рақобатпазирии соҳа тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба сайёҳон;
4 ) ҷалби сайёҳон аз бозорҳои баландтари хароҷот тавассути тавсеа ва такмили маркетинг ва пешбурди хизматрасониҳои туристӣ;
5) васеъ намудан ва инкишоф додани имконияти ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот доир ба фаъолияти сайёҳӣ ва арзёбии самаранокии соҳаи сайёҳӣ;
6) зиёд намудани сармоягузории давлат ва хусусӣ ба бахши сайёҳӣ;
7) беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ;
8) ташаккули ҳамкориҳои шарикии ҳукумат, соҳаи сайёҳӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеа, ки барои ноил шудан ба ҳамаи ҳадафҳои дар боло зикршуда заруранд.
Татбиқи амалии ин Стратегия саҳми соҳаи сайёҳиро дар рушди иқтисоди Тоҷикистон афзоиш медиҳад. Сарфи назар аз нишондиҳандаҳои баланд дар соҳаи сайёҳӣ, мушкилоте мавҷуданд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон халал мерасонанд.
Хулоса, дар асоси маводи баррасишаванда чунин пешниҳодҳоро дар соҳаи сайёҳӣ тавсия менамоем, ки метавонанд ба гузариш ба рушди устувор ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ мусоидат кунанд:
— пешниҳоди сабукиҳобарои ҷалби сайёҳон дар дигар мавсимҳои ғайри тобистон;
— сафарҳои сайёҳии экзотикӣ, ки ба онҳо талаботи сайёҳон вуҷуд дорад;
— ба сайёҳон пешниҳод намудани навъҳои нави хизматрасонӣ; пешниҳоди сайёҳии экстремалӣ;
— фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои навсозии инфрасохтори тиҷорати сайёҳӣ.
Имрӯз барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахши сайёҳӣ тағйироти куллӣ дар робита ба рушди инноватсия тақозо дорад.
Мамадназарова М. С.,
мутахассиси пешбари Раёсати
тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ