Рӯзи 11 марти соли 2022 ҷаласаи Шӯрои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  доктори илмҳои фалсафа, профессор  Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки аксари кормандони илмии Маркази тадқиқоти стратегиро  ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳоро  зарур аст, ки ҳарчи бештар аз илмҳои замонавӣ бархӯрдор шаванд ва  дар рӯҳияи ватандӯстию садоқат ба халқу ватан дар роҳи ҳимояи манфиатҳои миллӣ қодир бошанд. Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд:   “Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд. Онҳо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем.

Ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд”

Баъдан муовини директори Марказ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз  Муҳаммадзода дар бораи вазифаҳои мубрами олимони ҷавони Марказ дар партави Паёми навбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ фикру андешаҳои судманд иброз намуд.

Сипас раиси Шӯрои олимони ҷавони Марказ Фирӯзи Рамазон дар мавзуи  “Фаъолияти олимони ҷавони Марказ дар соли 2021 ва нақшаҳои илмиву ташкилӣ барои соли 2022”  суханронӣ  кард.

Иштирокчиёни ҷаласа пиромуни бурду бохти фаъолияти Шӯрои олимони ҷавони Марказ андешаҳо ва пешниҳодҳои худро  баён намуданд.

Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард.

Ҷаласа дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.        

 

Хадамоти матбуотии   Маркази
тадқиқоти стратегии  назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед