3 марти соли 2022 дар ш.Тошканд муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Нақшаи амалиёти муштарак оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид» иштирок ва суханронӣ намуд.

Мутобиқи барномаи ҳамоиш коршиносон дар як майдони алоҳидаи баҳс як қатор масъалаҳои мубрами рӯзро дар чаҳор мавзӯи муҳим баррасӣ карданд: 1)Рафъи шароите, ки ба паҳншавии терроризм мусоидат мекунад; 2) Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм; 3) Тақвияти иқтидори давлатҳо дар пешгирии терроризм ва тавсеаи нақши низоми СММ дар ин самт; 4) Таъмини эҳтироми ҳамагон ба ҳуқуқҳои инсон ва волоияти қонун ҳамчун заминаи бунёдии мубориза бар зидди терроризм.

Дар давоми ду рӯз роҷеъ ба фаъолияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм муаррифӣ шуда, беш аз даҳ вохӯрии дуҷониба баргузор гардид.

Парвиз Муҳаммадзода, дар навбати худ, дар ҷаласаи якуми иҷлосия таҳти унвони «Рафъи шароите, ки ба паҳншавии терроризм мусоидат мекунад» иштирок намуда, дар мавзӯи «Тадбирҳои рафъи шароите,ки ба паҳншавии терроризм мусоидат мекунад: нигоҳе аз Тоҷикистон» суханронӣ кард.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон миқёси пурраи таҳдиди ифротгароии хушунатомез ва терроризми байналмилалиро дарк намуда, дар мубориза бар зидди ин таҳдид фаъолона иштирок менамояд. Аз ҷумла, аз соли 2016 то имрӯз аз ҷониби давлат Стратегияи миллии муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм амалӣ гардида, конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат ба терроризм ва экстремизми хушунатомез» (3-4 майи соли 2018) ва «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» (16-17 майи соли 2019) баргузор гардиданд, ки дар ҷаҳон бо номи «Раванди Душанбе» маъруф аст. Дар маҷмӯъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун шарики боэътимод дар мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм муаррифӣ намудааст»- қайд намуд, Парвиз Муҳаммадзода.

Ба гуфтаи П.Муҳаммадзода, ҳар кишвар дар ҷустуҷӯи посух ба суолҳои дар ин кори бахши конфронс пешбинишуда, пеш аз ҳама аз таърих, фарҳанг, тафаккур ва таҷрибаи амалии он бармеояд. Ба андешаи мо, дар муқовимати бомуваффақият маҳз корҳои мақсаднок ва корҳои бидуни зӯроварии суроғавӣ бо қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ бевосита ва бо ҷавонони маҳаллӣ дар умум, иқтидори калон дорад. Маҳз ба сафи гурӯҳҳои ифротгарою-террористӣ бештар ҷавонон шомил мешаванд, ки бинобар надоштани таҷрибаи зиндагӣ ҳадафи осони ин гурӯҳҳо мегарданд.

 «Дар баробари ин, ҷавонон умқи мушкилоти иҷтимоиро дарк накарда, аз рӯи табиати худ барои ҳалли иртиҷоии онҳо талош мекунанд. Аз ин лиҳоз, таҳкими минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла таҳкими иқтидори иттилоотию таҳлилии созмонҳои ҷавонон ва фаъолсозии минбаъдаи онҳо дар ҳалли мушкилот муҳим аст. Яке аз ин тадбирҳо, ки талаботи худро дорад, албатта таъсиси платформаи минтақавии иттилоотӣ-таълимӣ оид ба ин масъала мебошад. Он ҳамчун манбаи ба даст овардани маълумоти зарурӣ бо панҷ забони кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин бо забонҳои русӣ ва англисӣ хизмат намояд, ин манбаъ ба муколамаи ҳамаи гурӯҳҳои ҷалбшуда, коркарди амалҳои муштарак мусоидат хоҳад кард», – пешниҳод намуд, Парвиз Муҳаммадзода.

Ба гуфтаи П.Муҳаммадзода, тадбири муҳими мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм, албатта, кори мақсаднок бо ҷомеаҳои осебпазире мебошад, ки яке аз қурбониёни асосии идеологияи харобиовари ифротгароён ва террористон мегарданд. Инҳо гурӯҳҳои ба истилоҳ иҷтимоӣ ҳастанд, ки худро ба табъиз дучоршуда ҳис мекунанд. Љумњурии Тољикистон њамеша љонибдори њама гуна њуќуќњои башар буда, каљравии онњоро сарфи назар аз нажод, мансубият, љинс ва мазњабї ќатъиян мањкум мекунад. Дар Љумњурии Тољикистон њамаи шањрвандон, новобаста аз мансубияти нажод, этникї, љинсї ва мазњабї, бо санадњои ќонунгузори миллї ва њуќуќии байналмилалї њифз карда мешаванд.

Парвиз Муҳаммадзода хеле муҳим будани таъмини баробарии гендерӣ, баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоӣ ва нақши занон дар ҷомеа, инчунин таъмини ҳуқуқи баробари зану мард дар муносибатҳои оилавиро таъкид кард. Ба андешаи ӯ, мисоли ин, иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани сафи занон дар хизмати давлатӣ дар кишвар мебошад, ки он бешубҳа дастгирии ҷиддии давлат ба занони маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Мустаҳкам намудани мавқеи иҷтимоию иқтисодӣ нисбат ба ин табақаҳои иҷтимоӣ бешубҳа иқдоми муҳим дар роҳи пешгирии ба сафи сохторҳои харобиовар дохил шудани онҳо мебошад.

Ба гуфтаи П.Муҳаммадзода, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии давлатдории худ соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст. Соҳаи маориф, дарвоқеъ ҳамчун манбаи умумибашарӣ, ки қодир ба таври қобили мулоҳиза баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва динӣ, инчунин саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ буда, он ҳамчун кафили рушди босубот ва устувори ҷомеа қабул карда мешавад.

Итминони комил дорем, ки фарди босавод ҳеҷ гоҳ қурбонии таблиғоти созмонҳои ифротгароиву террористӣ нахоҳад шуд, зеро ӯ дорои принсипҳои устувор ва шикастнопазири зиндагӣ мебошад. Дар Тоҷикистон як қатор ташаббусҳои таълимӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва салоҳияти ҷавонони маҳаллӣ бомуваффақият амалӣ карда мешаванд, аз ҷумла солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, чорабиниҳои дигар ин озмунҳои ҳарсолаи ҷавонон мебошанд, ки ба тарбияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърих, анъана, забон ва фарҳанги ватани худ дар байни ҷавонони Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Онҳо таҳти унвони « Тоҷикистон – ватани азизи ман!» ва «Фурӯғи субхи донои китоб аст» баргузор мешаванд.

Ба андешаи П.Муҳаммадзода, бо дарназардошти нақш ва ҷойгоҳи дин дар ҳаёти фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ, мо аз имконоти дини суннатӣ дар муқобила бо идеологияи ифротгароён ва террористон, огоҳ ҳастем ва чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, дини ислом ба терроризм ҳеҷ рабте надорад. Итминони комил дорем, ки баланд бардоштани таҳаммулпазирӣ, фарҳанги динӣ ва ҳуқуқӣ муҳимтарин тадбир дар роҳи рафъи шароити паҳншавии мафкураи ифротгароии хушунатомез ва терроризми байналмилалӣ мебошад.

Ба ақидаи П.Муҳаммадзода, муваффақият дар муқобила бо таҳдиди ифротгароии хушунатомез ва терроризми байналмилалӣ танҳо дар сурати ҳамкории зичи муштарак имконпазир аст. Имрӯз маълум аст, ки ин таҳдид барои тамоми башарият аст ва дарк намудан муҳим аст, ки танҳо тавассути амалҳои муштарак дар сатҳи шарикӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои занон, доираҳои илмӣ ва васоити ахбори омма мо метавонем ба мақсадҳои гузоштаи худ ноил гардем.

«Шарти муҳим ва тадбири зарурии ноил шудан ба комёбӣ дар ҷилавгирӣ аз идеологияи ифротгароӣ ва терроризми хушунатбор дар ин раванд иштироки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ҳар як фарди ҷомеа мебошад», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни конфронс натоиҷи кори даҳсолаи татбиқи Нақшаи амалиёти муштарак дар чаҳорчӯби татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ҷамъбаст гардида, тамоюл ва дурнамои ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан зикр гардид, ки ин конфронси бонуфуз на танҳо як заминаи устувори муборизаи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ алайҳи терроризм, балки ба як минбари беназири табодули афкор ва таҷриба оид ба масъалаҳои муҳимтарини ин самт табдил ёфт.

Эъломияи Тошканд ҳамчун ҳуҷҷати асосии конфронс қабул шуд, ки ҷонибдории кишварҳои Осиёи Марказиро дар муборизаи муштарак бо терроризм, ки ба сулҳу амнияти байналмилалӣ хатари ҷиддӣ дорад, тасдиқ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки конфронс аз ҷониби Институти тадқиқоти стратегӣ ва минтақави назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар, инчунин Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT), Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ (UNRCCA) ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (OSCE) ташкил ва баргузор гардид.

Матни пурраи суханронии П. Муҳаммадзодаро бо забони русӣ метавонед дар суроғаи электронии :  https://mts.tj/ru/3113/news/ дастрас намоед.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед