Мушкилоти таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ имрӯз бешубҳа дар рӯзномаи ҷаҳонӣ таҳти рақами як қарор дорад. Дар ин бора муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода зимни конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории минтақавии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муборизабар зидди терроризм», ки 3-4 март дар ш.Тошканд баргузор гардид.
Ба андешаи Муҳаммадзода П.А., барои Ҷумҳурии Тоҷикистон худи мушкилоти мубориза бо ифротгароии хушунатомез ва терроризми байналмилалӣ аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ хеле муҳим аст.
Тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, дар солҳои охир фаъол гардидани фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба амнияту суботи давлатҳои алоҳидаи минтақа ва тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад, ки дар натиҷаи он ҷомеаи ҷаҳонро ба хавфу хатарҳои ҳалокатбор дучор мегардонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон миқёси пурраи таҳдиди ифротгароии хушунатомез ва терроризми байналмилалиро дарк намуда, дар мубориза бар зидди ин таҳдид фаъолона иштирок менамояд.
Аз ҷумла, аз соли 2016 то имрӯз аз ҷониби давлат Стратегияи миллии муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм амалӣ гардида, конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат ба терроризм ва экстремизми хушунатомез» (3-4 майи соли 2018) ва «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» (16-17 майи соли 2019) баргузор гардиданд, ки дар ҷаҳон бо номи «Раванди Душанбе» маъруф аст. Дар маҷмӯъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун шарики боэътимод дар мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм муаррифӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки конфронс аз ҷониби Институти тадқиқоти стратегӣ ва минтақави назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар, инчунин Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT), Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ (UNRCCA) ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (OSCE)ташкил ва баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ, ки дар формати омехта (ҳузурӣ ва онлайн) баргузор шуд, тақрибан 600 нафар мансабдорони баландпоя ва коршиносони бонуфузи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Иттиҳоди Аврупо, Чин, Русия, ИМА, Ховари Миёна, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон