Рӯзи 5 марти соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Модар баргузор гардид. Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ба оғози эҳёи табиат–фасли зебои баҳори нозанин ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ рост омадани Рӯзи Модар рамзи неку хуҷаста мебошад, чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободонию созандагӣ бошад, Модар сарчашмаи зиндагӣ ва ҳаёт аст. Аз ин рӯ, мо модаронро чун шахсони муқаддас дӯст медорем ва ҳурмату эҳтиромашро баҷо меоварем.
Фарқи занону модарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар бонувони вазорату муассисаҳои давлатӣ дар он аст, ки Шумо дар як ниҳоди муҳимми давлатӣ кору фаъолият мекунед ва барои рушду пешарафти Тоҷикистони азиз тавассути маводу матолиби таҳлилии таҳиякардаатон пешниҳодҳои муҳим ва мубрам манзур менамоед.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ карда мешавад. Дар Паёми мазкур аз ҷумла омадааст: “Нақши бонувону занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург аст. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 дарсади кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 дарсади кормандони соҳаи маориф, 27 дарсади кормандони илм ва беш аз 23 дарсади онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.
Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷиҳати то 30 дарсад расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 дарсад расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030” таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки Зан-Модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари бузурги ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Воқеан, мақоми зан –модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи “Нисо” (“Зан)” нозил шудааст.
Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад. Дар замони Истиқлоли давлатӣ 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, беш аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд”.
Бояд гуфт, ки дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Рӯзи Модар нишонаи эътибору арҷгузории Ҳукумати кишварамон нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани занону духтарон мебошад,–гуфт дар охири суханронӣ Хайриддин Усмонзода ва бонувони Марказро аз номи ҳайати кормандони Марказ ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод намуд.
Дар охир дар вазъи тантанавӣ ба бонувон гулдастаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ҳамоиш дар фазои тантанавӣ ва самимият баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон