Рӯзи 3 марти соли 2022 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо директори Маркази таҳқиқоти Аврупо ва Осиёи Федератсияи Русия (шаҳри Екатеринбург) Русаков Андрей Геннадиевич  баргузор гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар оғози мулоқот меҳмонро хайрамақдам гуфта, доир ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ маълумоти мухтасар ироа намуд. Ҳамчунин, иброз гашт, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотї бо марказҳои зеҳнии дигар кишварҳо ва бунёдҳои шарик яке аз авлавиятҳои асосї дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатии Тоҷикистон  ба ҳисоб меравад.

Андрей Русаков дар навбати худ дар бораи барномаи омўзишї-пажӯҳишии Маркази таҳқиқоти Аврупо ва Осиё  маълумот дода, таъкид намуд, ки дар марҳалаи кунунї яке ҳадафҳои муҳим пешбурди робитаҳои омўзишї бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, Марказ мақсад дорад, ки бо ниҳодҳои бонуфузи зеҳнии Тоҷикистон, махсусан Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои илмиву пажӯҳиширо ба роҳ монад.

Дар ҳошияи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами минтақа, махсусан дурнамои вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба равандҳои амниятии давлатҳои Осиёи Марказиро баррасї ва арзёбӣ  намуданд.

Дар вохӯрӣ роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов ва сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Марказ Комрон Ҳидоятзода  иштирок доштанд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар  анҷом ёфт.

 

Хадамоти матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии  назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Чоп кунед